Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаст соли футболбози моҳири солҳои шаст


Дар майдони варзишии Боғи марказии фарҳангу фароғати Душанбе мусобиқаи дастаҳои футболи наврасон бахшида ба ҷашни 60-солагии Владимир Ғуломҳайдаров, собиқадори футболи тоҷик ҷараён дорад, ки то зодрӯзи ӯ -- 26 феврал идома хоҳад кард. Шариф Назаров, сармураббии тими мунтахаби миллии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчӣ бештар гузаронидани мусобиқот миёни наврасон ба рушди минбаъдаи футбол дар кишвар хизмат хоҳад кард.

Зимнан, Владимир Ғуломҳайдаров яке аз беҳтарин футболбози тоҷик дар солҳои 60-ум ва 70-уми асри ХХ маҳсуб мешавад. Вай тӯли дувоздаҳ сол дар тими «Помир»-и Душанбе бозӣ карда, ба қатори даҳ нишонзани беҳтарини даста дохил шудааст. Ҳамчунин ӯ ду сол шарафи тими машҳури «Торпедо»-и Маскавро ҳимоя кардааст. Владимир Ғуломҳайдаров миёни футболбозони тоҷик нахустин шуда дар ҳайати дастаи яккачини олимпии Иттиҳоди Шӯравӣ муваффақона ҳунарнамоӣ кардааст. Наздики сӣ сол аст, ки Владимир Ғуломҳайдаров ба ҳайси мураббии футбол фаъолият дорад. Ва ҳафт сол инҷониб ӯ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба сар мебарад ва феълан мураббии калони дастаи машҳури «Ғайрат» мебошад.
XS
SM
MD
LG