Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сангтӯда - 2" ва Артиши Тоҷикистон


Матолиби муҳимми нашрияҳои чопи Душанбе Аксҳо аз маросими оғози сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда - 2» сафҳаҳои нахусти ҳафтаномаҳои чопи Душанберо дар ин ҳафта оро дода буд. Мавзӯъи рақами яки нашрияҳо буд дар ин ҳафта сохтмони ин нерӯгоҳ.

Аксҳо аз маросими оғози сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда – 2» сафҳаҳои нахусти ҳафтаномаҳои чопи Душанберо дар ин ҳафта оро дода буд. Мавзӯъи рақами яки нашрияҳо буд дар ин ҳафта сохтмони ин нерӯгоҳ.

«Курйер Таджикистана» аз қавли президент Раҳмонов оғози бунёди нерӯгоҳро ҳодисаи муҳимми таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ - иқтисодии кишвар номидааст.

«Азия – Плюс» ҳарфҳои Эмомалӣ Раҳмоновро овардааст, ки интизор меравад, пас аз ҳадди аксар панҷ сол нерӯгоҳ ба истифода дода бишавад ва шурӯъи кори «Сангтӯда - 2» имкон медиҳад, то сатҳи об дар обанбори Норак зери танзим бошад ва ҳам, имкони интиқоли нерӯи барқ ба кишварҳои хориҷ пайдо мешавад.

«Миллат» ин нерӯгоҳро заминаи баҳамоиии се миллати ҳамзабону ҳамфарҳанги Эрону Афғонистону Тоҷикистон гуфтааст.

«Зиндагӣ» навиштааст, нерӯгоҳи «Сангтӯда –2» яке аз занҷираҳои муҳимми силсилаи нерӯгоҳҳо бар рӯи рӯди Вахш хоҳад буд ва бо иқтидори лоиҳавии 220 мегаватт метавонад дар як сол як миллиард киловатт нерӯи барқ истеҳсол намояд.

Мавзӯъи дигари матраҳ дар ин ҳафта артиши миллии Тоҷикистон дар бастагӣ ба рӯзи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар буд.

Ҳафтаномаи «Наҷот» навиштааст, ҳар ҷавон мехоҳад, ки ба Ватан хидмат намояд ва аммо чанд омиле вуҷуд дорад, ки садди роҳи ин хоҳиш мегардад. Муаллифи матлаб навиштааст, қабл аз ҳама, вазъи моддии артиш ҷавононро аз хидмат дар он бозмедорад. Бино бар навишта, ин ҷо айб на дар камии маболиғест, ки ба буҷаи артиш ихтисос меёбад, балки дар ба истилоҳи муаллиф, соҳиббуҷаҳои қисмҳои низомист. Навишта шудааст, ки бархе аз фармондеҳон даст ба фасоди молӣ зада ба истилоҳ, ҳаққи ҳалоли аскарбачаҳоро ҳазми нафси бетаги худ мегардонанд.

«А-П» низ дар ин мавзӯъ матлабе нашр карда ва навиштааст, дар ҳоли ҳозир, маълумоте дар бораи на буҷаи ҳарбии Тоҷикистон ва на теъдоди артиши кишвар дастраси омма нест ва ин сиррият нерӯҳои мусаллаҳи кишварро нерӯмандтар намегардонад. Дар матлаб омадааст, теъдод ва буҷаи артишҳои ба маротиб нерӯмандтари ҷаҳон, ба мисли Амрикову Русияву Аврупо ва ҳатто Чин маълуми ҳамагон аст, аммо низомиёни Тоҷикистон аз кӣ ва чаро ин маълумотро пинҳон медошта бошанд, шояд аз ҷомеаи Тоҷикистон?, суол додааст муаллиф.

Аз мавзӯъоти дигар. Ҳафтаномаи «Миллат» дар дуввуним сафҳаи комили худ мусоҳибаи вижаи сардабири нашрия бо Латифи Пидром, раҳбари кунгураи миллии Афғонистонро чоп кардааст. Латифи Пидром Афғонистонро кишвари ишғолшуда номида ва Амрикоро бадтар аз Шӯравӣ гуфтааст. Латифи Пидром ҳукумати Карзайро ҳукумати дастнишонда гуфта ҳушдор додааст, ки хатар мавҷуд аст, ки ҷанги зидди ҳукумати феълӣ, ки ҳоло дар ҷануби Афғонистон идома дорад, шимолро ҳам ба коми худ фурӯ бибарад. Латифи Пидром гуфтааст, аз ин вазъ метавонанд нирӯҳои ифротие мисли Ҳикматёр ва ё Мулло Умар истифода бибаранд ва сари қудрат биёянд. Латифи Пидром гуфтааст, Амрико бояд биравад ва ҷои он нерӯҳое оянд, ки Афғонистон ва ҳамсояҳои Афғонистон аз он эҳсоси хатар накунанд.

Ва як мусоҳабаи дигари ин ҳафта, сӯҳбати Рустам Назаров, сарвари Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддир бо ҳафтаномаи «А-П» буд. Рустам Назаров гуфтааст, бо хурӯҷи марзбонони рус аз сарҳади Тоҷикистону Афғонистон тағйироти ҷиддие дар корҳои ташкилии нигаҳбонии сарҳад ба вуҷуд наомадааст. Рустам Назаров Тоҷикистонро сипаре дар роҳи интиқолоти мухаддарот номида ва гуфтааст, дар соли 2005 дар қиёс бо солҳои пешин теъдоди маводи мухаддири боздоштшуда 7 % афзуда ва ҳамкорӣ бо хадамати махсуси Афғонистон беҳтар шудааст.

Ва як матлаби дигар аз ҳафтаномаи «Миллат». Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ як соли фаъолияти порлумони кишваро ба риштаи таҳлил кашида ва навиштааст, бо назардошти ҳайати порлумон, барои ба расмият даровардани ибтикороти ҲХДТ ва президенту ҳукумати Тоҷикистон ягон мушкиле вуҷуд надорад ва то ҳол, боре нашудааст, ки порлумон лоиҳаи ягон қонуни пешниҳодшударо баргардонад. Муаллифи мақола навиштааст, садову симо кори порлумонро ба таври лозима инъикос наменамояд ва дар натиҷа, барои мардум муаяйн кардани мавқеъи вакилон ҳангоми баррасии масоиле мушкил аст.
XS
SM
MD
LG