Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ - сухангӯи раиси ҳукумати шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тухмии гули «2.700 солагии Кӯлоб» пас аз боздиди президент Раҳмонов аз Иёлоти Амрико дар ин сарзамин мавриди парвариш қарор гирифт ва онро олимони гулпарвари тоҷик як сол муқаддам ба Душанбе оварда ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ кардаанд.
«Чанд вақъ қабл президенти Тоҷикистон ҳини сафар ба Амрико ба Тоҷикистон тухмии чанд навъи гул оварда буданд ва онро дар Душанбе кошта буданд. Бояд бигӯем, ки аз ҳамин анвоъи гул бо дархости мутахассисини тоҷик гиёҳшиносон дар Амрико навъи гули 2700 солагии Кулобро омода карда буданд ва ба наздикӣ ин гул Амрико ба Тоҷикистон, аниқтараш ба Кӯлоб расид!»
Мирзо Сатторов - олими тоҷик, омӯзгори Гимназияи тиҷорати шаҳри Душанбе ва як тан аз гиёҳшиноси масъул мегӯяд, дар баробари тухмии гули мазбур боз ҳудудан 30 миллион бех гул парваридааст. Миллионҳои ниҳоли гули оқои Сатторов кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Кӯлобро оро хоҳанд дод:
«Анвоъи гулро мо аллакай як сол боз тайёр кардем ва онҳоро, ки то 30 миллион бех гул аст, оварда, дар шаҳри Кӯлоб мешинонем»
Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, сухангӯи шаҳрдорӣ мегӯяд, 30 миллион бех гули оқои Сатторов ройгон ба шаҳри Кӯлоб тақдим шудааст. Дар ҳамин маврид, соле муқаддам Тилло Бобоев - олими дигари растанишиноси тоҷик ба ин шаҳр 10 миллион бех гул тақдим карда буд!