Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дригин ба марра нарасид


Бинобар номусоидии ҳаво аз 82 ширкаткунандаи рақобатҳо дар даври аввал 47 нафар ва дар даври дувум 41 нафар ба марра расиданд. Аз рӯи натоиҷи ду даври мусобиқот Бенҷамин Раич аз Австрия мақоми аввал, Ҷоел Ченал аз Фаронса мақоми дувум ва Ҳерманн Майери австриягӣ мақоми севумро касб карданд. Аз варзишгарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Николай Скриабин аз Украина дар ҷойи 26-ум, Ласон Абрамашвили аз Гурҷистон дар ҷойи 29-ум, Виктор Рябченко аз Қазоқистон дар ҷойи 33-юм ва Иван Борисов аз Қирғизистон дар ҷойи 41-ум қарор гирифтанд. Се нафар намояндаи Русия - Дмитрий Улянов, Павел Шестаков ва Константин Сатс бошанд, ба мисли Андрей Дригин ба марра расида натавонистанд.

ШАТРАНҶ. Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба шоҳмот миёни мардон ва занон дар толори мактаби шоҳмоти шаҳри Душанбе бо ширкати зӯртарин шатранҷбозони манотиқи мухталифи кишвар ҷараён дорад.
Бино ба иттилои Ёқуб Раҳимов, муовини раиси Федератсиони шоҳмоти Тоҷикистон дар ин чемпионат 16 нафар мардон ва 33 нафар занон иштирок мекунанд. Вай афзуд, баъди ҷамъбасти чаҳор даври мусобиқот миёни мардон шатранҷбози 28-сола Фаррух Амонатов, ягона гроссмейстери байналмилалӣ миёни шатранҷбозони тоҷик, ки солҳои ахир дар шаҳри Маскави Русия ба сар мебарад, бо чаҳор имтиёз дар мақоми аввал қарор дорад. Устоди варзиш Рашид Ҳусейнов, раҳбари мактаби шоҳмоти шаҳри Душанбе бо севуним имтиёз дар ҷойи дуввум аст. Дар сабқати занон пас аз се даври бозиҳо Саодат Одинаева, мураббии мактаби шоҳмоти Душанбе, Меҳрангез Раҳматова, хонандаи мактаби миёнаи рақами яки пойтахти кишвар ва Елена Нуриддинова, донишҷӯ аз шаҳри Хуҷанд бо сеимтиёзӣ пешсафанд. Мусобиқот то якуми март идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG