Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи осони ҷилавгирӣ аз сахттарин дард


Дар Тоҷикистон аз як тараф ба сабаби гаронии нархи табобати дандон ва аз тарафи дигар ба иллати таваҷҷӯҳи кам ба дандонҳо бисёр одамон ҳатто дар синни ҷавонӣ аз чанд дандони худ маҳрум шудаанд.

Барои ҳифзи дандон аз пӯсидану шикастану бемор шудан чӣ бояд кард? Барои машварат мо ба мутахассиси ин ришта, Ҷозеф Кучера, духтури маркази амрикоии табобати дандон дар шаҳри Прага муроҷиат кардем.

Қабл аз он, ки бо ҷаноби Кучера сӯҳбат кунам, дар даромадгоҳи бемористон чашмам ба варақаҳое афтод, ки он ҷо навишта буданд, бемории дандону ком метавонад сабаби бемории дил шавад. Чӣ тавр? Сӯҳбатро бо Ҷозеф Кучера аз ҳамин мавзӯъ шурӯъ мекунем:

"Тайи чанд соли ахир робитаи бемории дандон ва амрози аъзои дигари бадан собит шудаанд. Зеро коми инсон ҷои муносибе барои бактерия аст ва бактерия аз коми бемор метавонад ба осонӣ вориди хун шавад. Вақте он ба хун ворид мешавад, ба инсон хатари ҳар гуна бемориҳо таҳдид мекунад, на танҳо хатари бемории дил, балки бемориҳое чун сактаи мағзӣ, диабет, ё қанд, амрози рагҳои хунгузар ва ғайра - пайдоиши ин бемориҳо метавонад ба коми бемор ва бактерияи он робита дошта бошад."

Пас, барои ҷилавгирӣ аз ин бемориҳо чӣ бояд кард?

"Ягона роҳи пешгирӣ аз ин бемориҳо пок нигоҳ доштани дандону даҳон ва ҳамчунин поккории иловагии дандон бо кӯмаки духтури дандон мебошад. Яъне калиди саломатии дандону даҳон ва ба ин тариқ, ҷилавгирӣ аз бемориҳои дигар ин шустан ва пок нигоҳ доштани даҳон аст. Ҳамчунин бояд тавассути тор, ё риштаи махсус бояд боқимондаи хӯрок аз қабати дандонҳо берун оварда шавад. Барои пок кардани дандон фарқ надорад, ки шумо аз дандоншӯяки маъмулӣ кор мегиред, ё аз дандоншӯяки барқӣ. Инаш вобастаи худи шумост."

Баъзе духтурон машварат медиҳанд, ки барои шустани дандон аз шёткаи торҳояш мулоим бояд истифода бурд.

"Зеро агар шумо дандонро бо шёткаи сахт бишӯед, торҳои он ба ком ва ба худи дандон зарар мерасонад. Беҳтар аст, ки шёткаи торҳояш нармро истифода баред. Он ҳам барои ком бехатар аст, ҳам барои дандон.

Ҷавонон чӣ гуна метавонанд дандонҳои худро то пиронсолӣ ҳифз кунанд?

"Асоси дандони сиҳат ҷилавгирӣ аз бемориҳои дандон мебошад. Ин бисёр осон аст: сари ҳар чанд вақт барои тафтишу ташхис ба духтури дандон муроҷиат кунед; дандони худро эҳтиёт кунед; даҳону дандони худро пок нигоҳ доред. Асосан, ду беморӣ сабаби аз байн рафтани дандон мешавад: якум, пӯсидани дандон ва дуввум, марази ком. Барои сиҳати зебо нигоҳ доштани дандон тафтиши духтур ва покӣ муҳим аст. На чизе бештар аз ин."

Соле чанд бор бояд барои тафтиши оддӣ ба духтур муроҷиат намуд?

"Мо маъмулан машварат медиҳем, ки барои тафтиши маъмулӣ ҳар шаш моҳ як бор ба духтури дандон муроҷиат кунед. Яъне соле ду бор."

Дар Аврупо ман чанд боре, ки ба духтури дандон муроҷиат кардам, онҳо ба ман машварат медиҳанд, ки дандонҳои ақли худро канам. Ҳол он ки ин дандонҳои ман на мушкилот доранду на дард мекунанд. Чаро ман бояд дандони сиҳҳати ақлро канам?

"Дандонҳои ақл тақрибан ҳеҷ гоҳ пурра аз ком берун намешаванд.Онҳо дар газидану хӯрдан нақш надоранд. Қисмате, ки дар дохили устухон мемонад, маъмулан боиси мушкилот, масалан, боиси ҷамъ шудани бактерия мешавад ва ба устухони манаҳ зарар ворид мекунад. Ин аст, як сабаби асосие, ки мо машварат медиҳем, то дандонҳои ақл канда шаванд."

Ҳоло табибон узвҳои гуногуни баданро трансплантатсия мекунанд, масалан, дил, ва гурдаро. Оё дандони ақлро ҳам мешавад, тавассути ҷарроҳӣ ба ҷои дандонҳои курсӣ, ки афтода бошанд, гузошта шаванд?

"Ин фикри ҷолиб аст. Баъзе чунин амалиёти трансплантатсияи дандон сурат гирифтааст. Ман медонам, ки дар Шветсия чунин амалиётро таҷриба кардаанд. Ман намедонам, ки оё шинонидани дандони ақл ба ҷои дандони афтода имконпазир бошад. Вале ман медонам, ки трансплантатсияи дандонҳои дигар таҷриба шудааст."
XS
SM
MD
LG