Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳсили 42 нафар дар як синф


Сайиди 10-сола дар синфи чоруми литсейи рақами 9 таҳсил мекунад. Ба гуфтаи Сайид, ба фарқ аз макатбҳои муқаррарии таҳсилоти ҳамагонӣ таҳсил дар литсей беҳтар будааст: "Мо дар литсей ҳар рӯз дарси забони англисӣ мехонем, аммо дар мактабҳои муқаррарӣ дар як ҳафта ду бор."

Тибқи иттиллои вазорати маорифи Тоҷикистон, таъсиси мактабҳои мустақил баъд аз соли 1994 шурӯъ шуда ва то имрӯз шумораи гимназияҳо ба 76, литсейҳо ба 55 ва мактабҳои хусусӣ то ба 9 расидааст. Ба қавли Мамадбек Заробеков, яке аз масъулини риштаи маорифи кишвар, набуди ҷойи нишасту камбуди омӯзгорони соҳибтаҷриба дар мактабҳои муқараррӣ боиси он гардидааст, ки имрӯз кӯдакон ва падару модарони онҳо аксаран ба мактабҳои типпи нав бартарӣ бидиҳанд:

"Шумораи хонандагоне, ки дар як синфи мактаби ҳамагонӣ мехонанд, масалан дар шаҳри Душанбе то 40 нафар ҳастанд, аммо дар гимназияҳо мувофиқи муқаррарот шумораи хонандагон аз 24 нафар зиёд қабул намекунанд. Дар мактабҳои нав барномаҳои таълимии нав аз рӯи равияҳо ташкил шудааст. Агарчӣ фанҳои умумӣ ҳам таълим дода мешаванд, аммо диққати асосӣ ба равияҳо дода мешавад."

Дар мактабҳои мазкур, ки қариб аз ҳама ҷиҳат аз ҷумла бо барномаи таълимӣ аз мактабҳои миёнаи муқаррарӣ тафовут доранд, аслан кӯдакону наврасон аз оилаҳои нисбатан доро ва хонандагони лаёқатманд таҳсил мекунанд, мегӯяд Маҳмадҷон Неъматҷонов, ҷонишини сардори идораи маорифи шаҳри Душанбе:

"Шогирдон ба тариқи озмун ба мактаб қабул карда мешаванд. Ва омӯзгорон низ бояд ба тариқи озмун ба мактаб қабул шаванд ва дар ин макотиб муаалимони беҳтарин бояд ба шогирдон дарс диҳанд."

Макотиби нав ба хонанда имкон медиҳад, то фанни интихобкардаашро бештар омӯзад ва боз бархе ин мактаб- лицей ва ё гимназияҳо хонандагонро бо ғизо ҳам таъмин мекунанд. Гуфта мешавад, маблағи яксолаи аксари муассасиҳои таълимии хусусӣ 100 доллар ва зиёда аз инро ташкил мекунад. Ва аммо бар ивази ин маблағи пардохт волидон бар он боваранд, ки дар онҳо фарзандонашон метавонанд, то хатми мактаб бемушкилӣ компютер ва забонҳои хориҷиро аз худ намоянд.

Алишер Фаромӯзов - ҷонишини раҳбари гимназияи хусусии мавсум ба Пӯлодов гуфт, дар муассисаи онҳо ширкати толибилмон дар дарсҳо ҷиддан назорат мешавад: "Агар муҳассиле ягон рӯз ба дарсҳо ҳозир нашавад, ба ӯ мӯҳлат медиҳанд, то ки дарсҳои онрӯзаро аз худ кунад."

Масъулини риштаи омӯзишу парвариш мегӯянд, хостори таъсисиёби ҳарчӣ бештари чунин макотиби намуди нав ва хусусӣ дар кишваранд ва ба қавли онҳо, ба давлатҳову ташкилоти мухталифи хориҷӣ ҳам иҷозаи таъсиси чунин муассасаҳои таълимӣ дар Тоҷикистон дода мешавад.
XS
SM
MD
LG