Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли маводи мухаддир аз қаламрави Суғд коҳиш ёфт


Маъсуми Муҳамммадраҷаб Масъулини намояндагии Оҷонси назорат ба гардиши маводи мухаддир дар вилояти Суғд мегӯянд, тайи як соли ахир интиқоли маводи мухаддир тавассути манотиқи шимолии Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар коҳиш ёфтааст.

Шеравлиё Мирзоавлиёев - раиси намояндагии сардори оҷонси мазкур гуфт, дар давоми беш аз як соли ахир боздошти қочоқгарони Суғд дар кишварҳои дигар назар ба солҳои қаблӣ камтар сурат гирифтааст. Ӯ афзуд:

Омор нишон медиҳад, ҳозир аз ҷониби марзбонони тоҷик аз даврае, ки сарҳади моро Русия нигаҳбонӣ мекард, мусодираи маводи мухаддир бештар шудааст. Ва дар қаламрави давлатҳои дигар боздошти қочоқгарони маводи мухаддир аз Тоҷикистон камтар шудааст. Масалан, дар соли 2005 дар хоки давлатҳои муштаракулманофеъ ҳамагӣ 35 сокини Суғд дастгир шудаанд ва аз онҳо тақрибан 200 килограмм маводи мухаддир мусодира шудааст. Ин нишон медиҳад,ки марзбонони тоҷик худ қудрати гирифтани пеши роҳи қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистонро доранд.

Дар соли 2004 ум дар қаламрави кишварҳои муштаракулманофеъ, асосан - Русия 46 тан аз сокинони Суғд бо маводи мухаддир боздошт шуданд.
Намояндагии Оҷонси назорат ба гардиши маводи мухаддир дар вилояти Суғд мегӯяд, тайи беш аз як соли ахир аз сӯи кормандони тамоми ниҳодҳои марбут дар қаламрави вилоят беш аз 670 кило маводи мухаддир аз қочоқгарон мусодира шудааст, ки беш аз 370 килои он героин аст. Соли 2004 ум дар вилояти Суғд беш аз 850 кило маводи мухаддир, аз ҷумла 530 кило героин мусодира шуда буд.
Ва аммо соли гузашта дар Суғд нашъамандӣ рӯ ба афзоиш дошта, теъдоди нашъмандон 30 адад боло рафтааст. Дар ҳоли ҳозир, дар Суғд расман беш аз 1250 нафар нашъманд сабти ном шудаанд. Генерал Мирзоавлиёев дар ин бора мегӯянд:

Сабаби аввал ин аст, ки то соли 1996 ҳеҷ кас дар Тоҷикистон ба масъалаи нашъаву нашъмандӣ аҳамият намедод. Акнун ба қайдгирии нашъамандон беҳтар шудааст. Дигар ин ки вилояти Суғд як роҳи транзити маводи мухаддир аз Афғонистон мебошад ва як қисми маводи мухаддир дар ҳамин ҷо мемонад.

Ӯ афзуд, беш аз 90 дар сади нашъамандони Суғд аз сӯзандору истифода мекунанд ва ин ҳолат ба зиёдшавии теъдоди мубталоёни ВИЧ/СПИД дар байни нашъамандон мусоидат мекунад. Дар ҳоли ҳозир 189 тан аз ҷумлаи 231 нафар афроди дорои ангезандаи ВИЧ дар вилояти Суғд нашъаманд мебошанд.
XS
SM
MD
LG