Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нооромӣ дар Осиёи Марказӣ?


Ман фикр мекунам, ки вазъияти сиёсӣ ва иктисодии давлатҳои Осиёи Миёна аз вазъияти байналхалқӣ ва минтақа сахт вобастагӣ дорад. Ҷанг алайхи терроризм ва экстримизми динӣ ва сиёсӣ дар чаҳон давлатҳхои Осиёи Миёнаро низ ба чабҳаҳои худ кашида аст ва маҳз ин ангеза ва зуҳуроти сиёсӣ давлатҳои Осиёи Миёнаро ба ҳамдигар алоқаманд кардааст, қариб ҳамаи давлатхои ин минтақа аз он хиҷолат мекашанд. Ба фикри ман бехбуд ва ё бад шудани вазъияти сиёсӣ ва қисман иктисодӣ, ба вазъияти сиёсии давлати Узбекистон сахт алоқамандӣ дорад. Азбаски Узбекистон дорои мавқеи истротежик дар минтақа аст ва бад шудани вазъияти сиёсӣ дар он ҷо ба давлатҳои хамсоя Қазоқистон, Туркменистон ва хусусан Қирғизистону Тоҷикистон таъсири бевоста хохад расонд. Режими Ислом Абдуғаниевич дар Тошкандро ҳамчун режими буферӣ алайҳи экстримизми динӣ ва шаҳодатталаби дар Осиёи Миёна номидан мумкин. Агар он режим аз қдрат барканор шавад, вазъияти Осиёи Марказӣ буҳронӣ хоҳад шуд, чунки мухолифони сиёсии ин режим дар Узбекистон асосан исломӣ мебошанд ва стратегия ва барномаҳои худро доранд.
Мақсад

Дар солҳои наздик барҳам додани ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ имкон надорад. Ман чунин фикр дорам, ки агар чунин имконият пайдо шавад, аввал дар Узбакистон ва сипас дар Туркманистон инқилоб хоҳад шуд. Аммо чуноне, ки мо медонем, сатҳи рушди иқтисодии Туркманистон ва Қазоқистон хуб аст.
Шахсан ман зидди инқилоб ҳастам ва тарафдори инкишофу таҳаввули зина ба зинаи ҷамъият мебошам.
Аҳрор
______________

Ба номи Худо!
Дуруд ба ҳамаи шумо.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ тавре тақсимбандӣ шудаанд, ки ҳамеша бо ҳам мушкил хоҳанд дошт.
Ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бо ҳамсояҳои худ ихтилофи марзӣ дорад ё ин ки ба миллатҳои дигар фишори зиёд меранд, бигирем, баста шудани мактабҳои тоҷикӣ ва рӯзномаҳои тоҷикӣ дар Узбакистонро.
Бо тартиб кишварҳои Осиёи Марказиро баррасӣ мекунем:
Қазоқистон. Ин кишвар оромиву осоиш ва пешрафти зиёде нисбат ба дигар кишварҳои ҳамсояаш дорад ва то ҷое, ки маълум аст, мардумаш аз раҳбари кишвар ва давлатдорон розиянд, зеро иқтисодиёт рӯ ба рушд аст - ҳам нафт дорад, ҳам дигар манобеъи зеризаминӣ ва ҳам гандум, яъне тақрибан худкофӣ маҳсуб мешавад.
Туркманистон. Аз лиҳози иқтисодӣ дорои манобеъи газу нафт аст ва заминҳои ҳосилхез ҳам дорад. Вале вазъи зиндагии мардум паст аст ва ин кишвар диктатурӣ ва саркӯбгар маҳсуб мешавад. Роҳбари ин кишвар бисёр худхоҳ ва мағрур аст, ки боиси аз байн рафтанаш хоҳад шуд.
Қирғизистон. Ин кишвар тоза аз инқилоб берун омадааст, феълан ором мемонад. Агар раҳбарон хостаҳои мардумро бароварда созанд, рӯ ба субот аст.
Узбакистон. Кишваре бо ҷамъияти 25-25 миллион ташкилёфта аз миллатҳои узбаку тоҷику қароқалпоқу туркман ва бо саркӯбии аққалиятҳои миллӣ ва набудани ҷойи кор норозигии мардум аз давлатдоронро ба вуҷуд овардааст. Ба назари ман, ин кишвар ҳадди аққал бояд ба низоми федеролӣ табдил ёбад ва ё ин ки ба се кишвари дигар тақсим хоҳад шуд. 1 - Самарқанду Бухоро ва Сурхондарё, 2 - дараи Фарғонаву Андиҷон ва 3 - бақияи Узбакистон.
Роҳбарони ин кишвар низ дар муддати 13 сол кореро, ки бояд барои мардум мекард, анҷом надодаанд.
Тоҷикистон. Дар ҳоли ҳозир ҳукумат мардумро ин қадар гирифтор кардааст, ки онҳо фурсати сархорӣ надоранд, чӣ расад ба сиёсат. Вале маъмулан 10 ё 15 дар сади мардум, одатан донишҷӯён ва рушанфикрон агар аз давлат розӣ бошанд, давлат поянда аст, вале имрӯз мо шоҳиди онем, ки ин қишр - яъне рушанфикрону тоҷирону донишҷӯён аз давлат розӣ нестанд ва ҳар иттифоқе ҳам рух диҳад ба роҳбарии инҳо хоҳад шуд.Мардуми оддӣ мисли бод аст, имрӯз як тараф, фардо - тарафи дигар. Норозияти аҳзоби сиёсӣ, набудани ҷойи кор, таъмин набудани мардум ба ҳадди аққали зиндагӣ, обу барқу газ - магар мардум аз ин давлат метавонад розӣ бошад?
Ришватхориву фасоди молӣ дар кишвар ва раванди кундӣ бозсозӣ ҳам сабаби норозигии мардум шудааст.
Ва дар охир мехоҳад бигӯям, ҳеҷ як аз кишварҳои Осиёи Марказӣ муттакӣ ба мардуму миллати худ нест, ҳамаи онҳо дастнишондаи кишварҳои хориҷӣ - Русияву Ғарбанд ва ҳамеша думболи розӣ кардан ва додани имтиёз ба кишварҳои абарқудрат ҳастанд, на думболи пешрафту хизмат ба мардум. Ягон кишвари пуштибони миллат ва мардум пайдо намешавад дар ин минтақа. Ва ин ба рақобат миёни кишварҳои абарқудрат табдил меёбад. Роҳбарони минтақа фикр мекунанд, ки ин кишварҳо замонати боқӣ монданашон дар сари қудратанд.
Салим
______________

Салом арза дорам хидмати тамоми кормандони Родиёи Озодӣ, алалхусус хидмати кормандони бахши тоҷикии Родиё. Назари банда ин аст, ки бо вазъи имрӯза ва бо ин барномаҳои иқтисодие, ки раиси ҷумҳури мо думбол мекунад ва то ҳанӯз ба ҳеҷ натиҷа нарасидааст, бояд мунтазири инқилоби рангии дигаре бошем. Ҳамон тавре ки дар кишварҳои Украина ва Гурҷистон ба вуҷуд омад. Дар вазъе, ки имрӯз мардуми ситамдидаи тоҷик қарор дорад ва дар ин шароите, ки сармадорони кишвар дар раъси Раҳмонов ба вуҷуд овардаанд, рӯзе аз рӯзҳо мардуми ситамкаш ин ҳукумати ғайридемократиро сарнагун хоҳанд кард ва ин уммати мусалмон шоҳиди ба вуҷуд омадани як ҳукумати одилона ва як ҳукумати мардумсолор хоҳад буд.
Шумо беҳтар аз ман огаҳ ҳастед, бо он миқдор пуле, ки аз кишварҳои дигар ба унвони қарз дарёфт мекунанд ва дар ҷайби мубораки худ сарозер мекунанд, чаро то ҳол натавонистанд неругоҳе бунёд кунанд то ки мардум тавонанд мушкилоти барқи худро ҳаллу фасл кунанд. Роҳбарон мардумро гирифтори мушкилоти иқтисодӣ мекунанд ва мехоҳанд, ки мардум бо ин мушкилот сардаргум шаванд ва худ ҳукуматро тибқи ғаразҳои нафсонияшон идора кунанд.
Вассалом!
Ҳакимӣ
__________

Ба ақидаи ман, вазъ дар кишварҳои Осиёи Марказй ба тарзи раҳбарии сарони ин кишварҳо бастагй дорад. Мардумони шарқй шоҳпараст ҳастанд ва аксари кулли онҳо сарвари давлати худро ҳурмат мекунанд, аммо агар ин сарварон ғами халқро нахуранд ва адолатро дар ҷамъият барқарор накунанд, аз хашму ғазаби мардуми шарқӣ дида чизи даҳшатноктар нест. Аз ин хотир ман фикр мекунам, маҳз сарони ин давлатҳо бо сиёсатҳои одилона ва оқилона метавонанд аз нооромй дар минтақа пешгирй кунанд.
Бо эҳтиром
А. Назарзода
-----------------
Салом.
Ба номи худо.
Ва дуруд ба ҳамаи шумо.
Ба назари ман, ин аз эҳтимол дур нест ва аз ҳама бештар, ба фикрам, ба Узбакистон наздиктар аст. Ин як кишвари диктотурӣ ва саркӯбгар аст, ки дар он на озодии баён вуҷуд дорад ва на озодии дин. Дар айни ҳол Узбакистон кившаре мебошад, ки як бахши муҳими аҳолии онро тоҷикон ташкил медиҳанд ва бо фишори табдили ҳувият рӯбарӯянд. Ин як оташи зери хокистар аст. Ҳамчунин норозигии мардуми қароқалпоқ аз давлати марказӣ ва Андиҷону Бухоро, ҳарчанд мардум баён намекунанд, вале ҳар рӯз берун мерезад.
Ва ин имкон дар Туркманистон ҳам вуҷуд дорад.
Дар Тоҷикистон камтар душвортар аст, ки чунин шавад, вале агар мардум хоҳанду давлат ҳамин хел идома ёбад, имконаш ҳаст.
Ҷон Кетти
XS
SM
MD
LG