Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушти гази Русия ва 20 миллиард доллар фурӯшоти солонаи "МакДоналдс"


АХБОР

Дар Давоси Суис анҷумани солонаи иқтисодии ҷаҳон барои бори 36-ум доир шуд. Дар анҷумани имсола ҳудуди 2500 вакил аз 89 кишвари ҷаҳон ширкат дошта, асосан рӯи масоили рушди иқтисодии Ҳинду Чин, таъсири болоравии нархи энержӣ ва амсоли ин баҳс карданд. Минбари Давос як саҳнаи дигари мунозироти кишварҳои пахтакори ҷаҳони севвум бо Амрико шуд. Ёронаҳое, ки Амрико ба пахтакоронаш медиҳад, муҷиби коҳиш ёфтани нархи ҷаҳонии пахта ва зарба ба ҷайби бе ин ҳам тиҳии кишварҳои пахтакори дар ҳоли рушд шудааст.

Бонки Ҷаҳонӣ хабарҳо мабнӣ бар инро ки ин ниҳоди молӣ қарзҳои Тоҷикистонро мебахшад, радд кард. Дар ин ҳафта дар мулоқот бо Франсуа Бургинйон, муовини раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар умури кишварҳои дар ҳоли рушд мақомоти Тоҷикистон хостори бахшидани қарзҳояш аз сӯи ин ниҳоди молӣ шудаанд. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, сухан танҳо дар бораи танҳо ба шакли кӯмакҳои билоиваз расонидани ёриҳои Иттиҳодияи Байналмилалии Рушд ба Тоҷикистон меравад. Ин иттиҳодияи марбут ба гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ танҳо аз моҳи июли гузашта ба ин сӯ ба Душанбе ба маблағи 38 миллион доллар кӯмак расонда, мехоҳад кӯмаакҳои билоивазаш ба ин кишварро то моҳи июн ба 54 миллион доллар бирасонад. Бонки Ҷаҳонӣ аз соли 1993 ба ин тараф ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 300 миллион доллар кӯмак кардааст.

Бузургтарин ширкати мошинсозии ҷаҳон "Ҷенерал Моторс" мегӯяд, тайи соли гузашта ба маблағи 8 миллиарду 600 миллион доллар зиён дидааст. "Ҷенерал Моторс" мехоҳад имсол бо роҳи бастани корхонаҳои зиёновар, коҳиши ҷойҳои корӣ ва пули суғурта масрафоташро 7 миллиард доллар камтар кунад.Ширкати мошинсозии "Даймлер Крайслер" низ гуфтааст, ки то 3 соли дигар 6000 коргари идориашро ихтисор хоҳад кард. Феълан барои ин ширкат 385 000 нафар кор мекунанд. Ва ширкати "Форд" гуфтааст, то соли 2012 чандин корхонаи мошинсозиашро дар Амрико баста, 30 000 коргарашро ҷавоб хоҳад дод. "Форд" дар соли 2005 аз фаъолиятҳояш беш аз якуним миллиард доллар зарари молӣ дидааст.

Шералӣ Гулов, раиси кумитаи амволи давлатии Тоҷикистон гуфт, тайи соли 2005 дар кишвар 670 корхона, аз ҷумла 149 корхонаи миёна ва бузург хусусӣ гардонда, аз ин ҳисоб ба хазинаи давлат 43 миллион сомонӣ даромад шудааст. Оқои Гулов гуфт, тайи 3 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 8700 корхона хусусӣ шуда ва дар ҳоли ҳозир барномаи ислоҳоти сохтории 37 корхонаи бузург бо шумули ширкатҳои инҳисорӣ дар дастури кори ин кумита қарор дорад.

Ширкати ғизофурӯшии "Макдоналдс" мегӯяд, фурӯшоташ дар як соли гузашта барои нахустин бор бар 20 миллиард доллар буруз кардааст. Фоидаи софи "Макдоналдс" дар соли 2005 низ 7 дарсад афзуда, 2 миллиарду 600 миллион долларро ташкил додааст. Имсол ин ширкат мехоҳад дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон дасткам 800 ошхонаи нав бунёд кунад.

Ва ҳавопаймои навъи "Боинг 737"-и ширкати ҳавоии Туркия ахиран нахустин парвози озмоишиаш дар масири ҳавоии Истамбул - Душанбе - Истамбулро анҷом додааст. Бар асоси тавофуқот, қарор аст, парвози ҳавопаймоҳои ширкати туркӣ дар масири мазкур сар аз 4 феврал ҳафтае як маротиба анҷом шаванд. То кунун дар хатти Душанбе - Истамбул ва он ҳам ҳафтае як маротиба танҳо ҳавопаймои ширкати ҳавоии Тоҷикистон парвоз мекард.


МУШТИ ГАЗИ РУССИЯ

Дениел Кимич, таҳлилгари Радиои Озодӣ менависад, Маскав дар ибтидои соли нав бо ҷанҷоли нархи газ, ки бо Украина дошту он мунҷар ба коҳиш ёфтани фишори гази фурӯшии Русия дар Аврупо шуд, шояд барои нахустин бор қудрати худро дар саҳнаи бозори гази ин қора ба намоиш гузошт. Ин ҷанҷол алакай дар 4 январ рафъ шуд, вале чизи дигаре, ки дар байн зоҳир шуд, аҳамияти афзояндаи манобеъи гази Осиёи Марказӣ барои Русия будааст. Ба эътиқоди Дениел Кимич, музокироти танҳо дар моҳи январ бо раҳбарони аввали Узбакистону Туркманистон рӯи масъалаи газ анҷомдодаи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба нақши ҳалкунандаи манобеъи гази Осиёи Марказӣ натанҳо дар равобити кишварҳои ин минтақа бо Русия таъкид мекунад, балки ин манобеъ акнун ба як фишанги муҳими сиёсӣ дар тамоми саҳнаи АвроОсиё табдил ёфтааст.

"Газпром" мехоҳад содироти газаш ба Аврупоро имсол ба 151 миллиард метри мукааб ва то 2 соли дигар ба 163 миллиард бирасонад. Ва барои иҷрои ин барномаи баланд ба манобеъи нави истихроҷи газ ниёз дорад. Дениел Кимич менависад, ки фоидаи иловагие, ки "Газпром" аз боло рафтани нархи гази табиӣ дар бозори ҷаҳонӣ ба даст овардааст, дасти ин ширкат барои сармоягузории тавлидоти навро бозтар мекунад. Аммо ба гуфтаи муовини вазири энержии Русия Владимир Милов, дар ҳоли ҳозир барои "Газпром" ҳамкорӣ дар истихроҷу фурӯши газ аз конҳои мавҷудаи Осиёи Марказӣ назар ба кашфу роҳандозии истихроҷи газ аз чоҳҳои нав дар худи Русия пурфоидатар аст.

Ба навиштаи матбуот, "Газпром" мехоҳад имсол аз Туркманистон 30 миллиард ва аз Узбакистон 9 миллиард метри мукааб газ бихарад. То ду соли дигар ба ҳамин тартиб, хариди гази туркманӣ тавассути "Газпром" бояд ба 70-80 миллиард метри мукааб расида, иқтидори ҳамлу нақли газ тавассути танҳо лӯлаи гази мавҷуда байни Осиёи Марказӣ ва Русия аз 42 миллиард метри мукааби ҳолӣ дар сол ба 55 миллиард расонда шавад. Ҳамчунин тарҳи бунёди як лӯлаи дигари газ то ин минтақа бо иқтидори барномавии ҳамлу нақли 30 миллиард метри мукааби газ дар сол дар назари "Газпром" ҳаст, ки як шаҳодати дигари афзоиши иштиҳои ин ширкати бузургтарини Русия дар бозори гази Осиёи Марказист.

Чизи дигаре, ки таваҷҷӯҳи "Газпром"-ро ба ин минтақа ҷалб мекунад, нархи нисбатан пойинтари газ аст. Таври маълум, "Газпром" ҳазор метри мукааби газро аз Туркманистон ва Узбакистон ба қимати то 60 доллар мехарад.
Дар ҳоле ки дар айни ҷанҷоли нархи газ бо Украина Маскав аз Киев барои чунин миқдори газ 230 доллар талаб мекард.

Манобеъи гази Осиёи Марказӣ ҳамин тавр дар мадди таваҷҷӯҳи қудратҳои дигари наздик ҳам қарор гирифтаанд.
Чин ҳам мехоҳад, тавассути лӯлаи газе, ки бояд тавассути Узбакистон кашида шавад, солона аз Туркманистон то 30 миллиард метри мукааб газ бихарад. Покистон ҳам тарҳи бунёди як лӯлаи газ тавассути хоки Афғонистонро чанд сол боз дар сар мепарварад.

Аммо бо ин ҳол, камбуди газ дар ҳоли ҳозир ҳатто дар бозори дохилии Осиёи Марказӣ маҳсус аст.Дар Тоҷикистон, ки 95 дарсади эҳтиёҷоташ бо гази табииро аз ҳисоби гази Узбакистон таъмин мекунад, тавзеъи газ ҳамагӣ бо чанд соат дар шабонарӯз маҳдуд шудааст. Дар Туркманистон ҳам тавзеъи газ барои аҳолӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ бо маҳдудият сурат гирифта ва дар Узбакистон, рӯзи 21 январ, масалан, як гурӯҳи занон бо талаби газу нирӯи барқ шоҳроҳи Андиҷонро бастаанд.

Матолиби дигари ин шумораи "Бозори Озодӣ"-ро дар рӯзҳои оянда дар сайти интернетии мо қобили дарёфт хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG