Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро сармоя омили пешрафт намешавад?


шореҳи меҳмон Вому қарзаҳо, ки соҳибкорон ё ширкатҳо мегиранд, одатан, ба рушди фаъолияти онҳо мадад мекунад, аммо дар Тоҷикистон сарбахш ё баҳраи ин вомҳо ба андозае баланд аст, ки ин сармоя на сабаби густариш, балки мояи варшикастагӣ мегардад. Чаро?

Яке аз муҳимтарин вазифаи бонкҳо ин аст, ки пасандозҳои мардум ва корхонаҳоро мепазиранд ва маблағҳои ҷамъ шударо ба густариши иқтисодиёт равона мекунанд. Дар ин кор Бонки миллӣ, ки бонки бонкҳо маҳсуб мешавад ва вазифаи амалӣ кардани сиёсати қарзаю пулии давлатро дар ӯҳда дорад, нақши муҳим мебозад. Ин бонк дар марҳалаи рукуди иқтисод ва берун омадани кишвар аз ҳолати бӯҳронӣ, маъмулан, сиёсати ташвиқи сармоягузориро пеш мегирад ва ба ин манзур нархи қарзаро дар бозори пул пойин меорад. Яке аз роҳҳои расидан ба ин ҳадаф он аст, ки Бонки миллӣ нархи воқеъии қарзаҳоеро, ки ба бонкҳои хусусӣ медиҳад, арзон мекунад. Дар кишварҳои пешрафта ин нарх, маъмулан, 3% аст ва дар сурати лузум то 1-2% ва ҳатто камтар аз он пойин оварда мешавад. Дар натиҷа, бонкҳои хусусӣ низ нархи вомро барои соҳибкорон то 3 ё 4% пойин меоранд ва ин боиси ташвиқи сармоягузорӣ мешавад.
Аммо бонкҳои Тоҷикистон то ба ҳол ба иҷрои чунин вазифаҳо муваффақ нашудаанд. Нахуст ин ки онҳо ҳанӯз ба марокизи анбошти манобеъи молӣ табдил наёфтаанд, зеро аксари мардум пасандоз надоранд ва онҳое, ки доранд ба бонкҳо бовар надоранд ва ё хеле кам бовар мекунанд. Аз сӯи дигар, бештари бонкҳо қарзаҳои хурд ва кӯтоҳмуддат медиҳанд. Он ҳам таҳти шароити хеле сангин: нархи cарбахши солонаи қарзаҳо 30- 36% ва андозаи гарав дар ҳудуди яку ним то ду баробари маблағи қарза муқаррар шудааст. Ҳатто бо назардошти таваррум, ки солона дар ҳудуди 5-7% тахмин мешавад, ин нарх хеле баланд аст. Равшан аст, ки барои соҳибкорони бахши тавлидот чунин қарзаҳои гаронқимат ба ҳеч ваҷҳ қобили қабул нестанд, зеро мизони судоварӣ дар корхонаҳои тавлидӣ, маъмулан, ба маротиб камтар аст ва дар сурати истифодаи чунин қарзаҳо онҳо варшикаст хоҳанд шуд.
Имрӯз дар Тоҷикистон шумори маҳдуди афрод, ба вижа онҳое, ки ба воридот ва фурӯши колоҳои саноатӣ машғуланд ва мизони суди онҳо дар бисёр маворид хело баланд аст, ба гирифтани чунин қарзаҳои гарон розӣ мешаванд. Албатта, чунин бозори пул ва бозори колоҳо бозорҳои солим нестанд ва яқинан дер давом намекунанд. Вале дар шароити кунунии Тоҷикистон чунин бозаргонон ба ҳар роҳ, аз ҷумла ба баҳонаи баланд будани нархи қарза қимати колоҳояшонро боло мебаранд, то суди ҳарчи бештар ба даст оранд. Ин боиси аз байн рафтани тавозуни нархҳо дар бозор гардидааст. Натиҷаи ин кор - мубодилаи нобаробари колоҳо ва тақсими дубораи даромади миллӣ ба суди тоҷирони гаронфурӯш аст. Бонкҳои Тоҷикистон низ дар кори баҳракашӣ аз мардуми фақири кишвар бо тоҷирон шарик шудаанд. Ҷолиб ин аст, ки намояндаҳои бархе бонкҳои хориҷӣ низ дар ин кор бо бонкдорони Тоҷикистон ҳамдаст гаштаанд.
Албатта, дар шароити иқтисоди бозор ҳадафи фаъолияти ҳамаи корхонаю муассисаҳо ба даст овардани суди бештар аст. Вале ин замоне муяссар мешавад, ки аз як сиёсати дурусту муфид барои ҳамаи бахшҳо пайравӣ кунанд, зеро дар паҳнаи иқтисод ҳама чиз бо ҳам вобастааст ва ихлоли тавозуну таъодул дар корҳо ҳамеша фарҷоми бад дорад, аз ҷумла барои рушди низоми бонкӣ. Зеро нархҳои гарон чи дар бозори колоҳо ва чи дар бозори пул таъодулро дар табодула аз байн мебарад ва ин боиси густариши нобаробариҳои иҷтимоӣ, дигаргун шудани таносуби байни соҳаҳо ва таназзули иқтисоди кишвар мегардад. Ва ин бар зарари ҳамагон аст. Бинобар ин, метавон гуфт, ки сиёсати мавҷудаи бонкҳои Тоҷикистон ба раванди сармоягузорӣ ва пешрафти иқтисоди кишвар мусоидат намекунад. Дар марҳилаи феълӣ беҳтар он аст, ки бонкҳои Тоҷикистон сиёсати қарзаҳои арзон ва ташвиқи сармоягузориҳоро дар пеш гиранд.
XS
SM
MD
LG