Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заррабин: Чопхонаҳои Тоҷикистон


Ба назар чунин мерасад, ки мушкилоти чопхонаҳои мустақил дар Тоҷикистон пас аз ин ки нашриёти давлатии «Шарқи озод» аз идомаи нашри рӯзномаи мустақили «Рӯзи нав» дар поёни соли 2003 даст кашид, сар зад. Чопи рӯзномаи «Рӯзи нав»-ро пасон як нашриёти хусусӣ бо номи «Ҷиёнхон» ба дӯш гирифт, аммо дере нагузашт, ки ин чопхона аз сӯйи мақомоти пулиси молиёт бо баҳонаи напардохтани андоз баста шуд. Ҳамин тавр, чор нашрияи мустақили сиёсӣ - «Рӯзи нав», «Нирӯи сухан», «Наҷот» ва «Одаму олам», ки бояд дар ин нашриёт интишор мешуданд, аз нашр бозмонданд. Дигар ягон чопхонаи давлатӣ бо шумули азимтарин нашриёт - «Шарқи Озод» ва ҳам чопхонаҳои ғайридавлатӣ розӣ нашуданд, ки ин рӯзномаҳоро интишор кунанд. Дар ин робита аз Маҳмудхон Сараев, корманди масъули дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳур дар бахши табъу нашр ва иттилоот пурсидам, ки оё чаро «Шарқи Озод», ки дар он беш аз сад рӯзномаву маҷаллаи даврӣ ба табъ мерасад, маҳз аз нашри рӯзномаҳои мустақили ҷамъиятиву сиёсӣ худдорӣ мекунад?

«Комплекси табъу нашри «Шарқи озод» имрӯз имконияти пурра қонеъ гардонидани талаботи худи нашрияҳои ҳукуматиро, мутаассифона, надорад. Зеро таҷҳизоти техникию технологие, ки имрӯз дар «Шарқи озод» ҳаст, дар ҳақиқат барои ин талаботро қонеъ кардан имконият надорад. Барои ҳамин ҳам на ҳама рӯзномаҳоро онҳо имрӯз қабул карда метавонанд, ки доимӣ нашри онҳоро таъмин кунанд.»

Мо ба ин суол аз худи мақомоти чопхонаи «Шарқи Озод» низ посух хостем, аммо раҳбарияти ин нашриёт аз сӯҳбат бо мо дурӣ ҷустанд. Дар ҳамин ҳол, Раҷаби Мирзо, сардабири нашрияи сиёсии «Рӯзи нав», ки натавонистааст, рӯзномаашро дар дохили Тоҷикистон ба чоп расонад, мегӯяд, дар ин кишвар ҳар чопхонае, ки ба нашри рӯзномаҳои мустақил машғул мегардад, зери тазйиқу фишори мақомот қарор мегирад:

«Роҳбарони чопхонаҳои мустақили Тоҷикистон фикр карданд, ки модом ки чопхонаи давлатӣ, яъне нашриёти дастгоҳи иҷроияи Президент «Шарқи озод» аз нашри як рӯзнома худдорӣ кард, ин маънои онро дорад, ки ҳатман ин чопхонаҳо ба мушкилоте рӯ ба рӯ мешаванд, агар ҳамин гуна рӯзномаҳои мустақили сиёсиро ба чоп расонанд. Аслан айб дар худи чопхонаҳо ҳам ҳаст, ин чопхонаҳо камбуди зиёд дар фаъолият ва ҳуҷҷатгузориашон доранд, аз ин рӯ намехоҳанд, ки камбудиҳояшон ба иллати нашри ин гуна рӯзномаҳои мустақил рӯ занад. Баъдан мо дидем, ки дигар дар Тоҷикистон имкони чоп кардани рӯзномаи «Рӯзи нав» вуҷуд надорад, бо як чопхонаи мустақили шаҳри Бишкеки Қирғизистон шартнома бастем ва як шумораамонро чоп кардем бо сифати хеле баланд. Нарх тақрибан ҳамон нархе буд, ки дар нашриётҳои Тоҷикистон доштанд. Вале бе ягон сабаб ин шумораи «Рӯзи нав» дар асорат аст ва касе ҳам дар ин фикр нест, ки ҳамин шумораи рӯзномаро ба мо бозпас диҳанд ва ё ҳадди ақал муайян кунанд, ки таҷдири он чӣ шуд.»

Ҳамзамон, барои нахустин бор дар Тоҷикистон дар моҳи марти соли гузашта як чопхонаи мустақили замонавӣ бо номи «Оила-Принт» таъсис ёфт. Менеҷери ин чопхона Абӯбакр Ниёзов мегӯяд, нашриёти мазкур давоми як соат дасти кам 32 ҳазор нусха рӯзномаро интишор карда ва дорои фанноварии муосири чопӣ аст. Бо фаъол шудани ин чопхона ҳатто бархе аз нашрияҳои ҳукуматӣ, ба мисли «Ватанпарвар»-и Кумитаи давлатии марзбонӣ, «Паёми Душанбе»-и шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон, «Сипар»-и вазорати корҳои дохила ва «Боҷу хироҷ»-вазорати даромад ва пардохтҳо аз хизматрасонии нашриёти давлатии «Шарқи Озод» даст кашида ва акнун дар «Оила-Принт» ба табъ мерасанд. Оқои Ниёзов мегӯяд, ҳамкнун ин корхона фармоиши зиёд дорад ва ҳамарӯза теъдоди бисёри нашрияҳоро чоп мекунад:

«Мо корхонаи муштарак бо ҳиндуҳо ҳастем. Дастгоҳи чопии мо истеҳсоли Ҳиндустон аст. Мо танҳо дар соли гузашта 30 рӯзномаро мунтазам ба нашр мерасонидем. Мо дар Тоҷикистон аввалин чопхонае ҳастем, ки рӯзномаҳоро ранга чоп мекунем.»

Ва аммо Зарафо Раҳмонӣ, раиси собиқи чопхонаи «Муаттар»-и Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон ба ин суол, ки чаро ин муассасаи ғайридавлатӣ аз нашри ҳама гуна рӯзномаҳои мустақил худдорӣ мекунад, гуфт, ҲНИТ аз аввали таъсиси чопхонаи «Муаттар» тасмим гирифт, ки ягон рӯзномаи дигарро ба ҷуз нашрияҳои ҳизбӣ интишор намекунад:

«Дар оинномаи Ҳизби мо омадааст, ки чопхонаи «Мутаттар» метавонад фақат нашрияҳоеро, ки раҳбарияти ҳизб иҷозат медиҳад, ба нашр расонад. Мо имкон надорем, ки аз берун фармоиш гирем.»

Дар ҳоли ҳозир, танҳо чанд чопхонаи офсетӣ дар шаҳри Душанбе ва як чопхона дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд фаъол асту бас. Аз ин рӯ, нашрияҳои мантақавӣ бинобар адами чопхонаҳои офсетӣ ба мушкили чоп мувоҷеҳ гардида ва аксари ин нашрияҳо дар як ё ду моҳ як маротиба нашр мешаванд. Маҳмудхон Сараев, корманди масъули бахши иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раёсати ҷумҳур хабар дод, ки ҳукумати Тоҷикистон дар садади тасвиби як барномаи вижаи «Рушди саноати полиграфӣ барои солҳои 2006-2011» аст, ки бар тибқи он ояндаи наздик дар музофоти Тоҷикистон таъсиси чопхонаҳои муосири офсетӣ дар назар аст. Аз оқои Сараев хоҳиш кардам, то дар бораи ин барнома барои шунавандагони радиои Озодӣ маълумот диҳад:

«Ин барнома аз се марҳила иборат аст, марҳилаи сеюми он пеш аз ҳама муҳайё кардани шароити зарурӣ, ҳам техникӣ, ҳам технологӣ ва ҳам кадрӣ дар музофот барои матбааҳои маҳаллӣ. Ғайр аз ин дар барномаи мазкур пешбинӣ шудааст, ки барои аққалан 4-5 ноҳияҳои ба ҳам наздик як матбааи пуриқтидори ҷавобгӯи талаботи ҳамаи ин ноҳияҳо сохта шавад.»
XS
SM
MD
LG