Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заррабин: Фазои кори журналистони тоҷик


Мушкили чоп ва чопхонаҳо, сабти номи расонаҳои хабарӣ, дастрасӣ ба иттилоъ, сензура ва нақзи ҳуқуқи кормандони воситаҳои ахбор, мушкили дарёфти муҷаввиз барои радио ва телевизионҳои мустақил - ин ҳамаро мешавад аз мушкилоти умдатарини матбуот ва хабарнигории муосири тоҷик ном бурд. Ҳамзамон муҳаққиқони риштаи матбуот заифиҳои забони расонаҳо, риоя нашудани меъёрҳои одоби касбии хабарнигорӣ, асардуздӣ ё худ плагиат, инъикоси ғайримунсифонаи воқиа ва ҳамраъй набудани рӯзноманигоронро аз навоқиси кори расонаҳои имрӯз ном мебаранд. Ва аммо иддае аз рӯзноманигорон бар ин назаранд, ки воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон ҳеҷ мушкил надоранд.

Сангин Гулов, муҳаққиқи соҳаи журналистикаи тоҷик мегӯяд, мушкилоти сабти ном ва дарёфти муҷаввиз барои телевизион ва радиоҳои мустақил дар Тоҷикистон низ боиси ташвиш аст, зеро бидуни фаъолияти расонаҳои мустақили электронӣ ҷомеа аз ахбори дақиқ ва беғараз маҳрум мемонад. Ба иддаои оқои Гулов, агар Кумиссиюни муҷаввиздиҳӣ натанҳо ба Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ, балки ба ниҳодҳои дигар низ вобаста мебуд, мушкили гирифтани иҷозаи расмии фаъолият ба телевизион ва радиоҳои мустақил осон мешуд: "Бояд кумиссиюни литсензионӣ аз ҳисоби шахсони босалоҳият ва идораҳои манфиатдор: вазорати мухобирот, кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ, Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон ва созмонҳои дигари журналистии ғайриҳукуматӣ таъсис ёбад. Ҳар яке аз ин созмонҳо бояд намояндаи худро дар ҳайати ин комиссия дошта бошанд ва иҷозаи муҷаввиздиҳӣ дар дасти инҳо бошад, на дар дасти Кумитаи давлатии радиову телевизион. Зеро ки ин кумита ҳам бо радиоҳову телевизионҳои ғайриҳукуматие, ки ташкил мешаванд, дар ҳоли рақобат қарор дорад. Аз ин рӯ, масъулони ин кумита шояд то андозае мониъаҳои сунъие эҷод кунанд дар роҳи гирифтани литсензияҳо барои ин ширкатҳои навтаъсис."

Хуршеди Атовулло, раиси Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон мушкилоти хабарнигории тоҷикро ба ду тақсим мекунад: мушкили сиёсӣ ва мушкили ҳуқуқӣ. Ба гуфтаи оқои Атовулло, бо ҳар баҳона баста шудани нашрияҳои мустақили сиёсӣ ва адами чопхонаҳои мустақил умдатарин мушкили матбуоти муосир аст: "Ҳанӯз Карл Маркс гуфта буд, ки то замоне ки чопхонаҳои мустақил нестанд, дар бораи матбуот гап задан як ҳарфи хушку беҳуда аст. Воқиан ҳам ҳамин хел аст. Дар Тоҷикистон чопхонаҳои сирф мустақил нестанд ва ман фикр мекунам, ки агар созмонҳои байналхалқии журналистӣ ва сафоратхонаҳои гуногун дар мавриди ташкили як чопхонаи мустақил, ҳамон тавре ки дар Бишкек ташкил шуд, агар дар Тоҷикистон ҳам ҷадал мекарданд, шояд мушкили воситаҳои ахбори оммаи кишвар ҳал мешуд."

Мурод Муродов, муҳаққиқи соҳаи матбуоти тоҷик бар ин назар аст, ки нобарориҳои матбуоти муосир аслан аз маҳорати паст ва омодагии номукаммали рӯзноманигорон маншаъ мегирад: "Воқиан имрӯз дар рӯзноманигории мо як навъ танбалӣ зуҳур кардааст. Танбалии мо ба ин маънӣ аст, ки ҷустуҷӯ ва таҳқиқоти хосаи рӯзноманигорӣ дар матбуоти имрӯз хеле кам ба назар мерасад. Рӯзноманигорон бештар такя мекунанд ба маводи тайёр, яъне аз воситаҳои дигари хабарӣ ва аз Интернет. Қазияи дигари рӯзноманигории мо ин тарзи таҳлил аст. Имрӯз дар воқеъ таҳлил, ки яке аз рукнҳои асосии журналистика ва матбуот аст, мутаассифона, то андозае заифтар аст."

Ва аммо Давлат Сафар, муҳаррири идораи барномаҳои сиёсии телевизиони давлатии Тоҷикистон иддао дорад, ки расонаҳои хабарии ин кишвар ҳеҷ як мушкили назаррас надоранд ва ҳамагӣ бо истифода аз озодии баён фаъолияти муназзам доранд: "Ин қадаре ки доманаи журналистикаи мо фарох аст, дар дигар кишварҳо нест. Ҳамаи онҳо ба ном демократия мегӯянд, ҳамаи онҳо ин қадар ҷор мезананд, ки гӯё дар Тоҷикистон маҳдуд аст фаъолияти журналисту фаъолияти рӯзномаҳо, аммо ин нодуруст аст. Ин чанд рӯзномае, ки аз доираи фаъолияти журналистӣ берун баромадаву ба кадом як корҳо онҳоро айбдор кардаанд, ин айби худи ҳамонҳост. Журналистика дар Тоҷикистон зина ба зина, сол то сол пеш меравад, масалан, чӣ намоише, ки журналистони телевизиони мо мехоҳанд, таҳия карда истодаанд, мушкилоти фанниву нарасидани дастгоҳҳои наворгирӣ ва фитаҳо то ҳозир вуҷуд надорад."

Мушкилоти матбуот ва хабарнигории муосири Тоҷикистон, ба гуфтаи сардабирони нашрияҳо ва муҳаққиқони матбуоти тоҷик, ҳанӯз бас зиёд ва ҳалношуда боқӣ мондаанд. Аммо ба назар чунин мерасад, ки феълан кам касе аз масъулин пиромуни роҳҳои ҳалли ин мушкилот андеша дорад.
XS
SM
MD
LG