Маросими супурдани ин ҷоизаи бонуфуз ахиран дар бинои театри операи шаҳри Прага баргузор гардид. Ҷоиза барои дастовардҳои бузург дар бахши фарҳангро ба муҷассамасози тоҷик Шантал Пулан - ҳунарманди маъруфи синамои Фаронсаву Чехия супурд.Амрӣ Аминов зимни суханронии худ ба ҳайси барандаи ҷоиза аз созмондиҳандагони маросим, аз ҷумла, галереяи Миро изҳори сипос кард:
Барои ман боиси ифтихор буд, ки 15 сол пеш дар Берлин бо ҷаноби Миро ошно шудам. Ва имрӯз ҳамкориҳои мо самари хуб медиҳад. Ва аммо ман бештар аз он хурсандам, муҷассамаеро, ки замоне худи ман сохтаам, имрӯз ба ман ҳамчун ҷоиза супурда шуд. Ва ин хурсандиро ман бо шумо қисмат мекунам.
Баъди маросим Амрӣ ба мо гуфт, бисёр мехост суханронияш бо тоҷикӣ садо диҳад ва аммо, мутаассифона, созмондиҳандагон дар пайдо кардани тарҷумон оҷиз монданд. Ӯ ҳамчунин изҳор намуд, аввалин касе, ки баъди маросим бо дарёфти ҷоиза табрикаш гуфт, сафири Тоҷикистон дар Брюссел Шариф Раҳимов буд.
Треббия - дуввумин ҷоизаест, ки тайи чанд ҳафтаи ахир ба муҷассамасози тоҷик супурда мешавад. Қабл аз Соли нав ӯ ҷоизаи Фаронса "Барои муҷассамаи беҳтарини сол"-ро соҳиб шуда буд. Бо ҷоизаи Требия Амрӣ барои муҷассамаи "Шаҳри сулҳ" ваё "Чил меҳроби Оли Сомон" қадр гардид. Дар посух ба суоли мо, ки Шаҳри сулҳ чӣ гуна муҷассама аст, Амрӣ гуфт:
Соли 1998 ман барои ЮНЕСКО муҷассамае сохтам, ки Шаҳри сулҳ ном дорад ва ин муҷассама рамзест, ки се фариштаи ба ҳам часпида дар парвозанд. Ин муҷассама ҳоло дар панҷ қитъаи дунё гузошта шудааст, дар шаҳрҳое, ки ҷоизаи Шаҳри сулҳм ЮНЕСКО-ро гирифтаанд.
Ҷоизаи Треббия соли 2000 аз сӯи галереяи Мирои шаҳри Прага таъсис шуда ҳамасола ба беҳтарин ҳунармандону пуштибонҳои фарҳанг супурда мешавад. Аз соли 2003 ба ин сӯ ба ин ҷоиза ҳамчунин ҳунармандони маъруфи дигар кишварҳо низ мушарраф мегарданд. Дар маросими супурдани ҷоиза сарвазир ва вазири фарҳанги Ҷумҳурии Чех ширкат доштанд. Маросим аз тариқи шабакаи дуввуми телевизиони Чехия мустақиман пахш шуд.
Треббия - рудхонаест дар Итолиё. Тибқи ривоятҳо, дар қарни 14 дар Фаронса фарде ба сар мебурд, ки баъдан ӯро Рохи муқаддас хонданд. Баъди хуруҷи маризии вабо ӯ зодгоҳи худро тарк карда озими Итолиё шуд ва дар ин сафар дар шаҳру деҳоти гуногун ба ҳама беморону ниёзмандон кумак мекард. Оқибат маризӣ ба ӯ низ асар кард ва Рохи муқаддас барои сироят накардани вабо ба дигарон гушанишиниро ихтиёр кард ва дар соҳили яке аз зеботарин рудхонаҳои Италия - рудхонаи Треббия муқимӣ шуд. Ривоятҳо мегӯянд, табиати зебову нотакрор ва амвоҷи нуқрагуни Треббия ба Рохи муқаддас шифо бахшиданд. Созмондиҳандагони ҷоизаи Треббия мутмаинанд, ки маҳз ҳунари зебо қодир аст дардҳои олами моро малҳам шавад. .

Мардум Киргизистонро демократи мегуянд аммо банда ин кишварро бехокимияти мехисобад.
Дар ДМТ мора дарс додагияяя...Худо умрша дароз кна малими хоксор бд
Абдунабӣ Сатторзода, донишманди сермаҳсул, инсони комил ва хирадманд, шахси хоксор ва баобруйро бо зӯдрӯзашон табрик мекунам. Орзумандам,ки на танҳо саломатии ҷисмонӣ, боз инчунин саломатии фитрияшон ҳамеша мисли ҳозир пойдор бошанд, умри бобаракаташон ҳамеша дар иҳотаи аҳли илму адаб гузарад ва осори заҳмати зиёда аз нимасриашон ва баъдина эҷод мекардаашон ба асрҳо дастрас ва манбаъи омӯзиши толибилмон боқӣ монад.
Ин амали куҳна ҳаст дар ҳукумати амрико дар оғози кор трамп ҳам мушукҳои (тамагафка) партоб карда буд ба Сурия як пойгоҳи низоми. Ин амалҳоро вақташон гузашт. Қудрати инҳоро мо бо Толибон дидем 20сол натиҷа Қатар Доха.
Ба шумо барори кор мехохем ва осмони софу бехубор.зинда бошед курбони Алимардон