Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осиёи Марказӣ: Бархӯрди манофеъи абарқудратҳо?


То барканории Толибон дар Афғонистон аз тарафи эътилофи зиддитеррор, кишварҳои минтақа дар як ҳолати мағшуш қарор доштанд. Давлатҳои Осиёи Марказӣ бо кишварҳои абарқудрати минтақа ба монанди Русия ва Чин, натавонистанд, бо гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла бо Толибон мубориза кунанд. Ҳамин тавр, бо шурӯи амалиёти зиддитеррор дар Афғонистон ва бо омадани кишварҳои Аврупо ва ИМА ба минтақа акнун шароите пеш омад, ки давлатҳои Осиёи Миёна ҳаққи интихоб пайдо карданд. Шароите пеш омад, ки онҳо дар канори худ шарикеро дошта бошанд, ки ҳам аз лиҳози низомӣ ва ҳам иқтисодӣ қавӣ бошад, то ин ки тавонанд, бо душмани худ мубориза кунанд ва аз таҳдид эмин бошанд. Владимир Гаряев, муовини дабири СММ дар умури Осиёи Марказӣ ва Уқёнуси Ором дар шаҳри Душанбе роҷеъ ба омилҳои таҳдидангез дар минтақа гуфт:

«Осиёи Марказӣ чун аксари минтақаҳои дигари ҷаҳон бо таҳдидҳое ба мисли экстремизм, терроризми ҷаҳонӣ, қочоқи маводи мухаддир ва бо ҷиноятҳои созмонёфта рӯ ба рӯ мебошад. Ва ин чаҳор масъала ончунон жарф ба ҳам печидаю омехта шудааст, ки хеле мушкил аст, онро тика - тика кард.»

Идомаи амалиёти зиддитеррор дар Афғонистон нишон дод, ки аксари кишварҳои минтақа шарики қавӣ ва бо қудрати низомию иқтисодиро дар симои Амрико диданд. Узбакистон ба ИМА майл кард. Ва ба бунёди пойгоҳи низомии Амрико дар қаламрави худ иҷоза дод. Бишкек низ дар шаҳраки Кант пойгоҳи низомии Амрикоро роҳ дод, аммо аз домани Русия ҳам даст намебардошт. Тоҷикистон ҳарчанд ҳарими ҳавоии худро барои Амрико ва кишварҳои Аврупо, ки дар як эътилоф дар Афғонистон алайҳи гурӯҳҳои террористӣ меҷангиданд, боз кард, аммо аз домани Русия даст намекашид. Сӯҳроб Шарифов, раиси Пажӯҳишгоҳи стротегии назди раёсатҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, то се соли баъди шурӯи амалиёти зиддитеррор дар Афғонистон тақрибан вазъ дар масъалаи ҳузури кишварҳои абарқудрат дар минтақа ва тамоюли кишварҳои Осиёи Марказӣ ба се кишвари абарқудрат норӯшан буд. Вале ҳоло шоҳиди онем, ки Тошканд пойгоҳи низомии Амрикоро аз қаламрави худ берун кард, Душанбе марзбонони Русияро хориҷ кард ва дар Бишкек як тағйирот дар ҳукумати ин кившар ба миён омад. Оғои Шарифов мегӯяд:

«Новобаста аз он ки дар яке аз нишастҳои тобистони гузаштаи аъзои созмони Шанхай як баёнияе бароварда шуд, ки базаҳои Амрико аз сарзамини Осиёи Марказӣ бароварда шаванд, Қирғизистон ин базаро нигоҳ дошт. Чунки ҳам маблағҳое, ки ҷудо мешавад ба буҷаи Қирғизистон, ҳам кӯмаке, ки Амрико барои тараққиёти системаи ҳарбии Қирғизистон мекунад, ба ин давлат хело ҳам муҳим аст. Вақте, ки Русия ё ин ки дигар давлат, мисол Чин гӯем, дар ин масъала эҳтиёткорӣ мекунад, дар мисоли интегратсияи ҳарбӣ ва ҳеҷ чиз пешниҳод намекунад, Қирғизистон маҷбур аст, ки мисол базаи Амрикоро нигоҳ дорад. Новобаста аз он ки ингуна мисол нотаҳои сиёсӣ ё документҳо қабул карда мешавад. Ё ин ки муносибати Узбакистонро гирем. Амрико аз он ҷо рафта истодааст, лекин Русия ҳаракат намекунад, ки ҷои Амрикоро забт кунад, мисол, база барои вай даркор нест аз ҷиҳати манфиатҳои прагматикӣ гӯем. Чунки база дар Тоҷикистон ҳаст, дар Қирғизистон базаи ҳавоӣ ҳаст. Ин кифоя ҳаст барои он, ки манфиатҳои ҳарбию геополитикии Русия ин ҷо ҳимоя шавад. Барои ҳамин ҳам Узбакистон муносибатҳои иттифоқӣ бо Русия баста истодааст, лекин ҳамзамон он ҳам шомили созмони ҳамкориҳои Шанхай, аъзои ЕВРАЗЕС шуд, аз ГУУАМ баромад, лекин он манфиатҳои сиёсии беруна дигар шуда истодааст.»

Аммо Ғаюр Қаҳҳоров, раиси созмони ғайридавлатии ҷомешиносӣ ба ин назар аст, ки Тоҷикистон ва Узбакистон бештар ба Русия майл доранд ва бо назардошти 70 соли зиндагии муштараки замони Шӯравӣ мехоҳанд, ҳамчун бародари кӯчак дар назди Русия бимонанд.

«Қирғизҳо, ки дар давраи Акаев базаи ҳарбии амрикоиҳоро дохил карда буданд, лекин инқилобе, ки дар Қирғизистон шуд вай бо роҳи нисбатан оромона шуда гузашт ва Амрико таъсири пурзур ба вай нарасонд, чунки сабақҳои дигар ҷойҳоро ба назар гирифт ва ин таъсир боиси пешрафти демократияи худи Қирғизистон шуд. Бино бар ҳамин ҳам қирғизҳо муносибаташонро ҳам бо Русия ва ҳам бо Амрико наздик мекунанд. Ва онҳо дар оянда ба фикри ман аз нуқтаи назари геополика гирем агар, қирғизҳо ҳам бештар кӯшиш мекунанд, ки бо русҳо наздик шаванд. Тоҷикистон ҳоло ҳам бо Чин ҳамкорӣ мекунад, вале бештар бо Русия ҳамкорӣ мекунад. Ҳам дар соҳаи сиёсӣ, ҳам дар соҳаи иқтисодӣ ва ҳам дар соҳаи тайёр кардани кадрҳои ҳарбӣ.»

Вале ба назари ҷаноби Шарифов, дар ҳоли ҳозир намешавад гуфт, ки ҳатман кадоме аз кишварҳои Осиёи Марказӣ зери таъсири Чин ё Русия ё ИМА хоҳад рафт. Зеро ба ҷуз масъалаи мубориза бо терроризм, экстремизм, траффики инсон, қочоқи маводи мухаддир боз масоили дигари марбут ба сиёсат ва иқтисоду иҷтимоиёт вуҷуд дорад, ки метавонад, нақши як кишвари бонуфузро дар чашми кишвари дигар камранг кунад ё баръакс.

«Манфиатҳои иқтисодӣ, манфиатҳои энергетикӣ, манфиатҳои геополитикӣ –ҳарбие, ки дар Осиёи Марказӣ печутоб шуда истодааст, имкон намедиҳад ба ин давлатҳо, ки дар танҳоӣ дар ягон давлати Осиёи Марказӣ ҳукмрон бошанд. Ё ин ки худи Тоҷикистонро гирем, дар инҷо низ мо мегӯем, ки манфиатҳои стратегӣ вуҷуд дорад, дар инҷо ҳам Русия дорад, лекин манфиатҳои стратегии Амрико ҳам зиёд шуда истодаанд. Ва бо гузашти вақт, вақте ки дар Афғонистон Америка мустаҳкам мешавад, мавқеи ӯ низ дар ин минтақа мустаҳкам мешавад. Хоҳем - нахоҳем мумкин аст, ки аз мавқеи Русия ҳам кам нашавад. Ҳамин факторҳои бисёре ҳаст, аммо ягон давлат наметавонад дар солҳои наздик ягона минтақаро идора кунад.»

Аммо таҳлилгарони дигари масоили минтақа ба як нуктаи дигар таъкид мекунанд. Онҳо мегӯянд, ҳаводисе ки дар Осиёи Марказӣ дар мисоли Узбакистон рух дод, нишон дод, ки манофеъи фарди аввали кишвар, яъне раисҷумҳурҳо аз манофеи миллӣ ва манофеи сиёсии умуми кишвар авлавият дорад. Ва режимҳо бо назардошти ҳифзи ҳузури худ дар курсии президентӣ ба кишварҳое майл мекунанд, ки аз онҳо дифоъ мекунад. Ҳикматулло Сайфуллозода, намояндаи ҲНИТ мегӯяд:

«Вақте манфиатҳои шахсии Каримов эҳсос мешуд, ки метавонанд аз даст бираванд, бо ба вуҷуд омадани як гуна хушунат ва мухолифатҳои мардумӣ. Дар ҳамин замина, Каримов дигар бо он бозиҳое, ки бо Амрико дошт, наметавонист, ки дар сари қудрат бошад ва дар ҳамон лаҳзаи хело ҳассос тавонист, ки сиёсати худро дигар кунад ва рӯ биёрад ба кишвари Русия.»

Ба ин тартиб, аксари таҳлилгарон дар Тоҷикистон ба ин назаранд, ки ҳамкориҳои ду ҷониба ва чандҷонибаи ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Русия, Амрико ва Чин нишон медиҳад, кадом як кишвар махсус бо кадоме аз ин се кишвари абарқудрат дар минтақа майл надорад, балки бо назардошти манофеъи сиёсӣ, низоми иртиботи худро ҳифз хоҳад кард. Аммо коршиносон вазъи минтақаро барои як даҳсолаи баъд ки дар минтақа вобаста ба ин масъала чӣ пеш хоҳад омад, посух надоданд.
XS
SM
MD
LG