Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парваришгоҳҳои Тоҷикистон: "На рахти дурусти хоб, на сару либоси тоза"


Вазири маориф дар мулоқоти ахири худ бо сарварони мактаб - парваришгоҳҳои кишвар зикр сохт, ки санҷиши якмоҳаи намояндагони вазорати маориф ғайриқаноатбахш будани таълиму тарбияро дар ағлаби чунин муассисаҳо ошкор намуд. Бино бар омори вазорати маориф, шумораи умумии мактаб - парваришгоҳҳо ва ятимхонаҳо дар кишвар 73 ададро ташкил дода беш аз 8 ҳазор хонандаро ба таҳсил фаро гирифтаанд. Ба гуфтаи вазири маорифи кишвар, масъулини бархе аз ин муассисаҳо нисбати вазифаи худ хунукназарона рафтор мекунанд. Аз ҷумла, ба ҷараёни таълиму тарбияи хонандагон диққати кам дода меёрҳои беҳдоштӣ риоя намешавад. Ҳатто роҳбари яке аз мактаб - парваришгоҳи воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, бинои муассисаро ҳамчун корхонаи шароббарорӣ истифода кардааст, гуфт Абдуҷаббор Раҳмонов:

«Он кӯдакон маълуланд ва дар пеши онҳо, ки шароб коркард ва фурӯхта шавад магар дар ин ҳолат таълим мешавад? Баъд роҳбарон шикоят мекунанд, ки моро аз вазифа озод карданд. На рахти дурусти кӯдакон, на сару либоси тоза. Ростӣ дар ин самт камбудиҳо хеле зиёданд.»

Абдуҷаббор Раҳмонов гуфт, имрӯз аксари тарбиятгирандагони мактаб - парваришгоҳҳо кӯдакони оилаҳои камбизоатанд, дар ҳоле, ки ин муассисаҳо барои атфоли ятиму бепарастор пешбинӣ шудаанд. Бино бар гуфтаи вазири маориф, шумораи расмии атфоли бепарастор дар Тоҷикистон имрӯз ба беш аз 2 ҳазор мерасад, ки аксари кулли онҳо аз омӯзишу парвариш дуранд. Панҷоҳ фоизи кӯдакони бепарастор, ки дар бозорҳои калони пойтахт мисли Саховату Корвон ба сар мебаранд, аз вилояти Хатлон мебошад. Беназоратӣ аз болои чунин кӯдакон боиси афзоиши ҷинояткорӣ дар кишвар шудааст. Гуфта мешавад, соли 2005 танҳо аз ҷониби ноболиғон 1.400 ҷиноят содир шудааст.

«Дар баъзе парваришгоҳҳо аз як хонавода то 4 кӯдакро ҷалб кардаанд, вале бепарасторону ятимон дар кӯча мондаанду касе таваҷҷӯҳ зоҳир намекунад. Бозор меравед аввал кӯдакон наздатон давида меоянд. Дар кадом ноҳияе,ки ягон шаҳрванди хориҷи мошинашро нигоҳ медорад, 5 кӯдак медаваду даст дароз мекунад. Магар ҳамаи инро шумо намебинед?»

Дар ҳамин зимн, Саидниссо Қурбонова, сарвари парваришгоҳи «Дӯсти»-и шаҳри Ваҳдат мегӯяд,

«Оилаҳое ҳастанд,ки зиндагияшон хеле ва хеле душвор аст, вале мо ҷои кофие надорем,ки ҳамаи чанин кӯдаконро дар интренат фаро бигирем.Талаъот зиёд аст,аммо мо онҳоро қонеъ гардондан наметавонем.»

Дар мулоқот бо сабаби ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ аз ҷониби бархе аз раҳбарони парваришгоҳҳо ин масъулин аз вазифа сабукдӯш шуданд. Абдуҷабор Раҳмонов ҳамчунин аз фоҷиаи парваришгоҳи Чорбоғ ёдовар шуда, баъдан дар сӯҳбати тахассусияш бо барномаи «Ояндасоз» чунин гуфт:

«Ин вохӯрӣ аз маърӯзаи сарвари давлат дар мулоқот бо кормандони соҳаи маориф сарчашма гирифт ва мо дар ин ҷо ҳамчунин масъалаи сӯхторро мавриди муҳокима қарор додем. Ба ҳамаи раҳбарони мактаб парваришгоҳҳо супориш додем, ки ба масъалаи моддиву техникии мактабҳояшон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кунанд.»

Абдуҷаббор Раҳмонов гуфт, дар миёни атфоли маълулу бепарастор нафарони хушзавқу боистеъдод хеле зиёданд, танҳо барои ин гурӯҳ кӯдакон диққати махсуси масъулин ва дастгирии онҳо лозим аст.
XS
SM
MD
LG