Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии "Вахш" дар Маскав


Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар ҳарду бозии худ дар гурӯҳи В аз дастаҳои «Нефтчӣ»-и Боку - қаҳрамони Озарбойҷон бо натиҷаи 0 бар 3 ва «Оқтеппа»-и Актюбинск - қаҳрамони Қазоқистон бо натиҷаи 0 бар 1 шикаст хӯрд. «Вахш» новобаста аз бозии охирини худ, ки рӯзи сешанбеи 17 январ дар маҷмааи варзишии «Динамо»-и Маскав бо дастаи «Металлург»-и Лиепая- қаҳрамони Латвия баргузор мешавад, аз ҳуқуқи давом додани мубориза барои дарёфти Ҷоми Иттиҳод маҳрум гашт. Зеро «Вахш» дар гурӯҳи «В» бидуни имтиёз дар мақоми охирин қарор гирифтааст. Дар ин гурӯҳ «Нефтчӣ» бо шаш имтиёз дар мақоми аввал мебошад. «Металлург» ва «Оқтеппа» бо се имтиёзӣ аз рӯи таносуби тӯбҳо мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум ҷойгир шудаанд. 17 январ «Оқтеппа» ва «Нефтчӣ» бо ҳам рақобат мекунанд.

Дар айни ҳол ду даста: «Пахтакор»-и Тошканд - қаҳрамони Узбакистон ва CSKA-и Маскав - қаҳрамони Русия барои ширкат дар бозиҳои чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд. Ҳарду пас аз ду пирӯзӣ бо шаш имтиёзӣ дар гурӯҳи А пешсафанд. «Пахтакор» бар ТВМК-и Таллинн - қаҳрамони Эстония бо натиҷаи 3 бар 0 ва « Динамо»-и Тбилиси - қаҳрамони Гурҷистон бо натиҷаи 2 бар 1 ғалаба кард. CSKА бар «Динамо» ва ТВМК бо натиҷаи якхелаи 1 бар 0 дастболо шуд. Ба ин тартиб, ғолиби гурӯҳи «А» дар зӯрозмоӣ миёни «Пахтакор» ва CSKA 17 январ муайян хоҳад шуд.

Дар гурӯҳи D чаҳор даста: ФБК «Каунас» -- қаҳрамони Литва, «Шахтёр»-и Солигорск - қаҳрамони Беларус, «Пюник»-и Ереван - қаҳрамони Арманистон ва тими мунтахаби наврасони Русия бо се имтиёзӣ дар ҷадвали гурӯҳ мутаносибан мақоми аз якум то чаҳорумро ишғол мекунанд. Бозиҳои охирин даври мусобиқаи гурӯҳӣ миёни «Шахтёр» -- ФБК ва мунтахаби наврасони Русия - «Пюник» соҳиби ду роҳхатро ба давраи дувуми мусобиқот муайян хоҳад кард.

Дар гурӯҳи С, МТТУ-и Ишқбод - қаҳрамони Туркманистон, ки дар ҳарду бозӣ бар «Дордой-Динамо»-и Норин - қаҳрамони Қирғизистон бо натиҷаи 2 бар 0 ва бар «Шериф»-и Молдова бо натиҷаи 1 бар 0 пирӯз шуд, бо шаш имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифтааст. «Шахтёр» ва «Шериф» бо сеимтиёзӣ мақоми дувуму севумро ишғол мекунанд. Ба ҷуз «Дордой-Динамо» се даста барои роҳ ёфтан ба бозиҳои чаҳорякниҳоӣ талош мекунанд. Дар охирин даври сабқати гурӯҳӣ 17 январ МТТУ бо «Шахтёр» ва «Дордой- Динамо» бо «Шериф» зӯрозмоӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG