Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ гуна ба сармо тобовар шавем?


Хабарнигори рӯзномаи британиявии "Индепендент" менависад, вақте шумо аз сардӣ ба ларза меоед, дар ёд дошта бошед, ки инсон монанди дигар ҷонварҳои хунгарм метавонад бо роҳҳои мухталиф ба сармо муқовимат намояд.
Ҳайвоноту парандаҳо бидуни пӯшидани либос ва ё нӯшидани вискӣ худро аз сармо наҷот медиҳанд.
Олимони табиатшинос мегӯянд, имкони аввали наҷот аз сармо издиҳом шудан аст. Бадани ҷонвари хунгарм гармӣ хориҷ мекунад ва вақте паррандаҳо дар шабҳои сард ҷамъ мешаванд, аз як тараф, амнияти онҳо афзоиш меёбад ва аз сӯи дигар, гармии бадан ва нафаскашӣ дар дохили издиҳом гармиро ҳифз мекунад.
Хирси сафед аз ҳисоби хусусиятҳои пашмаш ҳатто дар 35 дараҷаи сармо хунук намехӯрад. Ба қавли олимон, пашми хирси сафед имкон намедиҳад, ки оби сард бадани ӯро хунук кунад.
Дар об наҳангу далфинҳо аз ҳисоби равғани зери пӯст ба оби сардии Уқёнуси яхбастаи шимолӣ муқовимат мекунанд.
Одам наметавонад мисли хирс, сангпушт ва ё шоҳпарак фасли зимистонро дар хоб гузаронад.
Инсони бараҳна сардиро шурӯъ аз 25 дараҷаи Целсий эҳсос мекунад. Рагҳои хунгузар васеъ мешаванду фишори хун боло меравад. Дар байни мушакҳо кашиш пайдо мешавад. Ҷисми инсон худ ба худ барои ҳифзи гармӣ хунро аз дохил ба тарафи дасту по ва бинӣ интиқол медиҳад.
Олимон мегӯянд, як роҳи хуби мутобиқ шудани ҷисм ба сардӣ машқи бадан аст. Баъзеҳо дар фасли тобистон бо оби сард шустушӯ намуда, ба тадриҷ ҳарорати обро поин мефароранд. Баъди чунин машқ инсон метавонад мисли пингвин сардии Антарктидаро ҳам пушти сар кунад. Лекин қабл аз он, ки чунин машқи баданро таҷрибанӣ карданӣ шудед, боре барои машварат ба духтур муроҷиат намоед.
XS
SM
MD
LG