Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши солонаи кумитаи варзиш


Ин нукта дар гузориши солонаи кумитаи тарбияи бадан ва варзиши шаҳри Душанбе таъкид шуд. Раиси ин кумита Алимуҳаммад Мирзоев рӯзи панҷшанбеи 12 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, соли 2005 дар пойтахти кишвар чорабиниҳои мухталифи варзишӣ баргузор шуд. Аз ҷумла, спартакиада ё мусобиқоти донишҷӯёни макотиби олии шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд доир гашта, ғолибон барои ширкат дар мусобиқоти ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд. Воқиан дастаи аввали мунтахаби пойтахти кишвар дар спартакиадаи донишҷӯёни Тоҷикистон мақоми аввалро касб кард.

Алимуҳаммад Мирзоев афзуд, варзишгарони маъруфи шаҳри Душанбе - гурзандоз Дилшод Назаров, вазнбардор Толеъ Холназаров, муштзан Шералӣ Достиев, тирандозон Сергей Бабиков ва Сурайё Ҷумъаева, таеквондочиён Насҳуддин Ворисов, Таҳмина ва Парвина Исомоваҳо, Далер Тӯраев, гуштигирон Парвиз Собиров ва Рауф Ҳикматов, камонварон Наргис Набиева, Фирӯза Зубайдова, Фотима ва Зӯҳро Тағоеваҳо, каратечиён Диловар Шарифов ва Муҳаммад Бодаков порсол дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ натоиҷи назаррас ба даст оварданд. Дар айни ҳол, мегӯяд раҳбари кумитаи варзиши пойтахти Тоҷикистон, беш аз 32 ҳазор варзишгар дар маҳфилҳои варзишӣ тамрин мекунанд.

Ҷаноби Мирзоев иброз дошт, ки ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи варзиш сол то сол меафзояд. Аз буҷаи ҳукумати шаҳри Душанбе барои ташкилу баргузории чорабиниҳои варзишӣ дар соли 2006 нисбат ба соли гузашта ду баробар зиёд, яъне 150 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Имсол, мегӯяд Алимуҳаммад Мирзоев, дар пойтахти кишвар баргузории мусобиқоти мухталиф бахшида ба ҷашни 15-солагии Истиқлоли Тоҷикистон дар назар аст.
XS
SM
MD
LG