Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барфи аввал ва мушкилоте, ки он овард


Ҷамила Байдуллоева - раиси маркази ҳавошиносии кишвар дар сӯбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамакнун дар бархе манотиқи баландкӯҳи Тоҷикистон сардии ҳаво то 20 дараҷа расид ва ҳавои сардтарин дар тӯли сол мушоҳида шуд. Ӯ гуфт, ҳавои сард дар тӯли ҳафта на танҳо идома меёбад, ки сардтар хоҳад шуд. Шадидтарин сардӣ дар Душанбе - пойтахти Тоҷикистон рӯзи шанбеи 7 январ фаро мерасад, ки ҳаво то 12 дараҷа сард мешавад.

Ин дар мавридест, ки теъдоди афроди латхӯрда дар пойтахти кишвар афзудааст. Шоҳидон қисса мекунанд, дар мавриде ки ҳукумати шаҳр роҳҳои мошингардро дар Душанбе намакбез кардааст, роҳҳои пиёдагард ҳамоно барфпӯш боқӣ мондаанд. Ҳар субҳ ин роҳҳо аз сӯи атфол, ки ҳамакнун дар таътил қарор доранд, ба як майдони яхмолакбозӣ табдил меёбанд ва барои сокинони шаҳр мушкил иҷод мекунанд. Ҳамкорам Фирӯз Барот, ки дар маҳаллаи кӯҳдомани Душанбе, мавзеъи ҷанубу шарқи пойтахт манзил дорад, мегӯяд, «Роҳҳои ин қисмати шаҳр, мавсум ба маҳаллаи Кӯҳдоман қариб касногузар шудаанд. Роҳгардии солхӯрдагон дар ин маҳаллаи Кӯҳдоман тақрибан номумкин аст!»

Сафаргули Олимӣ-ҳамкори дигарам, ки дар қисмати ғарби пойтахт маҳаллаи Испечак хона дорад, мегӯяд, «Барфи зиёд роҳҳои пиёдагардро дар ин мавзеъ низ мушкилгузар кард ва ба вежа солхӯрдагон дар кӯчаҳо бо як азоби алим роҳ мераванд ва ман медидам, ки кампиракону мӯсафедон пайваста меафтанд»

Ин дар мавридест, ки теъдоди латхӯрдаҳо дар кишвар афзудааст. Абдулло Пиров - сардухтури шӯъбаи ҷарроҳии бемористони Қарияи Боло мегӯяд, аз тамоми гӯшаву канори кишвар ба ин беморхона маризонро меоранд. Мурод Сабуров - муовини сардухтури ҷумҳуриявии Қарияи Боло меафзояд, табибони шикастабанд, дар рӯзҳои ахирӣ, ки ҳаво сард ва замин барфпӯш аст, барои ташхис ва шифои маризон омодагӣ гирифтаанд. Мусоҳиби ман мегӯяд, «Зеро дар ин рӯзҳо теъдоди латхӯрдаҳо пайваста меафзояд».

Мушкили дигаре, ки сари аҳолӣ барфи нахустин овард, қатъи берабти қувваи барқ будааст. Баробари рехтани барфи нахустин қувваи барқ тақрибан дар тамоми маҳаллаҳои Душанбе тӯли соату рӯзҳо қатъ мегардад. Аммо Нозирҷон Ёдгорӣ - сухангӯи Вазорати энержии Тоҷикистон мегӯяд, «Қатъи барқ паёмади садамаҳо дар нуқоти тақсимоти барқӣ аст ва дар Душанбе реҷаи тақсимоти барқ ва маҳдудият нест!»

Ва аммо барфи деринтизор ва ҳавои сард барои кишоварзон мусоид омад. Эшони Заробиддин, сокини ноҳияи Сарбанд, ки беш аз 70 сол аст боғкорӣ дорад, мегӯяд «Ин барфро мо бесаброна интизор будем, то дарахтҳои меавдор зери барф монанд, заминҳоро яхоб диҳем, то дар соли нав ҳосил фаровон шавад. Ҳавои сард дар иқлими ҷануби кишвар танҳо ба ду навъи дарахт-анҷир ва анор зарар дораду бас, ки онҳоро боғдорон бо усулҳои махсус аз сардӣ ҳифз мекунанд»

Ин сару садо дар мавридест, ки бар тибқи иттилоъи маркази ҳавошиносӣ то охири ҳафта ҳаво дар баландкӯҳҳо ва ағбаҳо то 35 дараҷа ва дар водиҳо то 12 дараҷа, дар мавзеъи кӯҳманзар то 18 дараҷа сард мешавад. Ва дар хонаҳои сард мардум худро бо орзуи рӯзи офтобӣ гарм мекунанд.
XS
SM
MD
LG