Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мобил касро бӯзина мекунад?


Кашфиёти олими ҷопонӣ Дар поёни як пажӯҳиши тӯлонӣ донишманди ҷопонӣ ба натиҷае расиданд, ки телефони ҳамроҳ оқибат инсонро ба бӯзина табдил хоҳад дод.

Нобуо Масатака, профессори Донишгоҳи Киото дар китоби нави худ дигаргуниҳоро дар рафтори ҷавонони ҷопонӣ аз замони зуҳури телефони дастӣ таҳқиқ карда, мегӯяд, онҳо дар шеваи зиндагии худ ҳарчӣ бештар рафтори бӯзинагонро такрор мекунанд. Чунончи, монанди гала ё села мегарданд, дар байни моли шахсӣ ва ҷамъиятӣ фарқ намегузоранд, рӯзҳои дароз бе кор ва бе ягон мақсад гурӯҳ- гурӯҳ ба ҳар ҷое ки рост омад мераванд, бархе аз маҳалҳоро территорияи худ медонанд ва намехоҳанд тарк кунад, бо одамони нав ошно шудан ва сӯҳбат карданро дӯст намедоранд ва аз чунин дидорҳо хаста мешаванд. Яке аз сабабҳои чунин ҳолат ин аст, ки волидайн аз рӯи телефонҳои ҳамроҳ медонанд, ки фарзандонашон дар куҷо ҳастанд, вале он ки бо чӣ машғуланд, барояшон муҳим нест. Ба ақидаи Масатака, телефони ҳамроҳ робитаҳоро дар хонаводаҳо ба ҳам зада, шаклу шабакаҳои нав муносибатҳоро ба вуҷуд овардааст. "Ин телефонҳо имкон медиҳанд, одамон дар 24 соати шабонарӯз бо ҳамдигар дар тамос шаванд ва ин батамом табиати муносибатҳои миёни инсонҳоро, ки дар таърихи дарози башар шакл гирифтаанд, ба ҳам задааст", мегӯяд Масатака. Телефонҳои нав ба иҷрои вазифаҳое равона шудаанд, ки пеш фақат худи инсон ба ҷо меовард. Фанновариҳои иттилоотиӣ, ба қавли донишманди ҷопонӣ, инсонро аз як силсила мушкилиҳои ҳаррӯза озод карданд, вале ҳамзамон ба заъфи инсон сабаб шудаанд. Вай мегӯяд, одамон метавонанд аз ӯ ранҷанд, ки онҳоро ба бӯзина монанд мекунад, аммо фаъолияти қариб 30-солаи ӯ ба омӯзиши ҳаёти бӯзинаҳо ва майунҳо сарф шуда, вай яке аз беҳтарин донандагони приматҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG