Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати маориф боз месанҷад


Акнун ҳамарӯза кормандони вазорати маориф бидуни ягон огоҳӣ ба садорати донишгоҳҳо, ба таълимгоҳҳо ҳозир шуда, дар санҷишу имтиҳонҳо ширкат мекунанд, ва шаффофияти ин равандро назорат менамоянд. Ба гуфти Фарҳод Раҳимов муовини вазири маорифи Тоҷикистон кори ин кумиссиюн аз ин ба баъд дар ҳама давраҳои имтиҳонот фаъолият мекунад ва бад-ин минвол сатҳи ришвахорӣ дар макотиби олӣ бори дигар ба пуррагӣ омӯхта мешаваду аз ҳама муҳим ба ин восита метавон пеши роҳи ин падидаи номатлубро дар мактабҳои олӣ гирифт, меафзояд оғои Раҳимов. Фарҳод Раҳимов бар тибқи мушоҳадаҳояш аз раванди қабули имтиҳону санҷишҳо ва суҳбат бо худи донишҷӯён чунин натиҷагирӣ мекунад.

«Вазъ нисбат ба солҳои пешин беҳтар шудааст ва аксари донишҷӯён аз тарзи қабули санҷишу имтиҳонот розиянд. Албатта масъалаи ҷой доштани китобфурӯшӣ ва ришваситонӣ аз тарафи омӯзгорони алоҳида, то як андоза ба чашм мерасад, аммо нисбати солҳои пешин хеле кам.»

Таъсиси чунин як кумиссиюн бархе аз донишҷӯёнро, ки ба дониши худ бовар надоранд, ба ташвиш андохтааст, онҳо аз он нигаронанд, ки ин кумиссиюн роҳҳои дигари гирифтани санҷишу имтиҳонҳоро барояшон мебандад. Вале қисмати дигари донишҷӯён бо вуҷуди ташкили чунин кумиссиюнҳо боз ҳам ба бархе аз омӯзгорон бовар надоранд.

«Ба як чиз боварӣ надорам, ки порахӯрӣ аз байн равад. Ҳастанд донишҷӯёне, ки мехонанд ва бовар доранд, ки метавонанд имтиҳону санҷишашонро гиранд. Аммо бисёр муаллимон боз ҳам китоб мефурӯшанд ва рӯйрост пул мегиранд. Не, ин мушкил ба фикрам дар солҳои наздик аз байн намеравад.»
«Кӣ медонад, ки чӣ хел онҳо месанҷанд, ин вобаста аз санҷиш аст, мисол тафтишоти хуб бошад, метавон гуфт, ки вазъият беҳтар мешавад, аммо ин санҷишҳо ҳам то андозае нестанд, ки тавонад ягон муаллимро дар ҳарос монад.»


Кумиссиуни доимӣ дар натиҷаи ҷамъбасти кори кумиссиюни қаблӣ, яъне ҳукуматӣ таъсис ёфтааст. Кумиссиюни ҳукуматӣ дар авохири моҳи октябр бо мақсади ташхиси вазъи омӯзиш ва парвариши муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ташкил шуда буд ва моҳи декабр кори ин кумиссиун ҷамъбаст ва ба гунаи як гузориши вижа ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардид. Натиҷаи ин пажуҳиш нишон медиҳад, ки аз бемасъулиятии мақомоти дахлдор сатҳи омӯзиш ба талаботи давр ҷавобгӯ нест. Дар ҳама паҳлуҳои соҳаи маориф ришвахорӣ дида мешавад ва яке аз мушкилоти аслиеро, ки гурӯҳи кории кумиссюн дар гузориши ҷамъбастӣ қайд кардаанд, норасоии китобҳои дарсӣ дар тамоми таълимгоҳҳо будааст. Диловар Раҳимов корманди кумитаи кор бо ҷавонон ва як узви кумиссиюни ҳукуматӣ мегӯяд, яке аз иллатҳои паст будани сатҳи дониши муҳассилин ин набуди китоб мебошад

«Хусусан нарасидани китобҳои забону адабиёти тоҷик барои синфҳои болойи, алгебра ва албатта норасоии китоб аз фанҳои дақиқ баръалло эҳсос мешавад.»

Ҳамчунин дар ин гузориши ҷамъбастӣ омадааст, бар хилофи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавсими ҷамъоварии ҳосил дар баъзе навоҳии мамлакат мактаббачагону донишҷӯён ба пахтачинӣ ҷалб шудаанд, ки омили халалрасони сифати таълиму тарбияи насли наврас мебошад, новобаста ба чандин маротиба баланд бардоштани маоши кормандони соҳаи маориф ҳанӯз ҳам музди меҳнати омӯзгорон ҷавобгӯи талаби рӯз нест, ин як мушкили дигар буд, ки барои аз миён бурдани ришва ва ҷалби омӯзгорон ба кори худ дар ҳисоботи соҳаи маориф омадааст. Ҳамин тавр аъзоёни кумиссиюн ба пуррагӣ аз тамоми паҳлуҳои соҳаи маориф натиҷагирӣ карданд.

Баъд аз шиносоӣ бо ин ҳисобот Эмомалӣ Раҳмонов раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини соҳаи маориф як қатор дастурҳои мушаххас доир ба беҳбуд бахшидан ба вазъият дод, аз ҷумла, ба раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки фаъолияти худро ҳар субҳ аз огоҳӣ ба авзоъи соҳаи маориф оғоз намоянд. Вазорати маорифи Тоҷикистон ҳам имрӯз бо ин мақсад нақшаи чорабиниҳо махусусро, доир ба омӯзиш ва ислоҳи камбудиҳои ин соҳа ташкил кардааст.
XS
SM
MD
LG