Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2006: Ояндаи иқтисодиёти Тоҷикистон


Пажӯҳиши маркази таҳлилии Экономист Интеллинҷенс Юнит Мутахассисони маркази ҷаҳонии мутолиоти стратегӣ, мавсум ба Экономист Интеллинҷенс Юнит (Economist Intelligence Unit), аз рӯи тамоюлҳои гузашта ва нишонаҳои оянда, дурнамои Тоҷикистонро дар солҳои 2006 ва 2007 пешбинӣ кардааст. Ҷамъан он посух ба саволест, ки дар солҳои баъдӣ шаҳрвандони Тоҷикистон дар чӣ кишваре ба сар хоҳанд бурд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои ахир зина ба зина ислоҳотеро, ки муассисаҳои молии байналмилалӣ пешниҳод намудаанд, дунбол кардааст ва бо ин ба рушди иқтисодии чашмгире даст ёфтааст, ки холӣ аз таварруми ҷиддӣ ва ҳамроҳ бо суботи арзи миллӣ будааст. Дар соли 2006 мақомоти ҳукуматӣ ҳамчунон ба тақвияти ислоҳоти молиётӣ идом хоҳанд дод, то аз ин тариқ даромади бештаре дар ихтиёр дошта бошанд. Бар иловаи ин бахшида шудани қарзҳои хориҷӣ тавассути созмонҳои муҳим боис мешавад, ки манобеи молии беҳтар дар ихтиёри давлат қарор бигирад ва он сарфи сиёсатҳои муҳим монанди омӯзишу парвариш, беҳдошт ва ғайра бигардад. Аммо дар айни ҳол чанд омил рушди иқтисодиро маҳдудтар аз гузашта хоҳад кард. Хусусисозии бахшҳои кӯчак ва мутавассит ҳамчунон кунд пеш хоҳад рафт. Аммо мумкин аст дар айни ҳол ҳукумат ба пешрафтҳое дар фурӯши амволи давлатӣ монанди корхонаи алюмин ноил шавад. Ислоҳоти замин оҳиста пеш хоҳад рафт. Зеро ҳукумат ба сармоягузорӣ дар бахши тавлиди пахта тамоюли чандоне надошта, дар натиҷа нахоҳад тавонист, аз он ба унвони як манбаи муҳими даромад баҳрабардорӣ кунад. Ба илова бо ин ки ҳукумат тавонистааст сармояи андакеро ба бахшҳои калони саноатӣ ҷалб кунад, фазои тиҷоратӣ барои бахши соҳибкории хурд ва хусусӣ бисёр мушкилофарин будааст.
Аммо дар натиҷагирӣ метавон гуфт ки дарсади рушди иқтисодӣ дар соли 2006 андаке афзоиш хоҳад ёфт ва ба ҳадди миёнаи камтар аз 7дарсад хоҳад расид ва иллати умдаи он сармоягузории ҷадид дар бахши энержӣ хоҳад буд. Аммо ҳамзамон бояд воқиф буд, ки ҷараёни кунди ислоҳот дар бахши кишоварзӣ ва фазои заъифи бозаргонӣ барои бахши хусусӣ ва ҳамчунин оҳанги кунди бозсозии санъатӣ ҳамчунон рушди иқтисодии Тоҷикистонро бо хатар мувоҷеҳ хоҳад сохт.

Аз идора: Экономист Интеллинҷенс Юнит бо фармоиши ширкатҳои ҷаҳонӣ чунин ҳуҷҷатҳоро омода карда, тайи 50 соли охир як манбаъи боварбахши маълумот дар сартосари дунё мебошад.
XS
SM
MD
LG