Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёрии нави Кумиссиюни Аврупо ба Тоҷикистон


Кумиссиюни Аврупо ҷиҳати коҳиши фақр ва доир кардани ислоҳоти маъмурию ҳуқуқӣ дар кишварҳои Осиёи марказӣ 66 миллион евро ихтисос додааст. Маҳбуба Абдуллоева, масъули дафтари матбуоти намояндагии Кумиссиюни Аврупо дар шаҳри Душанбе бо тайиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ин маблағ дар чаҳорчӯби як барномаи дарозмуддати Кумиссиюни Аврупо оид ба рушди иқтисод ва таъмини сулҳу субот дар минтақа ҷудо шудааст. Ба гуфтаи хонум Абдуллоева, бахши аъзами маблағе, ки ба ихтиёри Тоҷикистон вогузор мешавад, асосан барои рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёт равона хоҳад шуд:

Маблағи имсола асосан ба соҳаи маориф, Кумитаи давлатии омор, вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва вазорати иқтисоду тиҷорат ихтисос дода мешавад. Ҳамчунин як феҳрасти тақсимоти маблағ тартиб дода шудааст, ки тибқи он ба мақомоти дигар низ ин кӯмак расонида мешавад.

Ба гуфтаи Маҳбуба Абдуллоева, Тоҷикистон ба ҳайси як кишвари мансуб ба «ҷаҳони саввум» шурӯъ аз соли 1989 аз Кумиссиюни Аврупо кӯмаки молӣ мегирад. Моҳи октябри соли 2004 Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо як созишномаи ҳамкорӣ дар бахши иқтисод ва тиҷоратро имзо карданд. Айни ҳол аз сӯйи ин созмони бонуфузи аврупоӣ ба кишварҳои, ба истилоҳ «ҷаҳони саввум» тибқи чанд барномаи ёрии башарӣ маблағ ҷудо мешавад:

Кумиссиюни Аврупо якчанд василаи ёрии башарӣ ба Тоҷикистон ва дигар давлатҳоро истифода мебарад, ки ин барномаи ТАСИС, яъне ёрии техникӣ ба кишварҳои узви Ҷомеъаи муштаракулманофеъ, ҳатчунин барномаи амнияти озуқа, барномаи Ибтикори Аврупо дар соҳаи демократия ва ҳуқуқи башар ва ёриҳои хурди молиявӣ мебошад.

Тибқи барномаи амнияти озуқа тайи се соли гузашта Кумиссиюни Аврупо ба Тоҷикистон 5 миллион евро ҷудо кардааст. Ҳамзамон аз соли 1993 ба ин сӯ Тоҷикистон аз рӯи барномаи ЭКО, ё худ ёрии башарии Кумиссиюни Аврупо ба маблағи беш аз 153 миллион евро кӯмак гирифтааст.
XS
SM
MD
LG