Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурдофарид куҷост?


Зебуннисо Рустамова, варзишгари машҳури тоҷик бар ин назар аст, ки камонварӣ ҳамчун навъи миллии варзиш дар Тоҷикистон аз нав эҳё мешавад:

«Дар замони шӯравӣ ин риштаи варзиш дар Тоҷикистон хеле ривоҷ ёфта буд. Дар ҷумҳурӣ мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ бо ширкати беҳтарин варзишгарони олам баргузор мешуд. Ҳамчунин онҳо барои машқи худ Тоҷикистонро интихоб мекарданд. Вале пас аз соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон таваҷҷӯҳ ба ин навъи варзиш сол то сол коҳиш ёфт. Танҳо ду- се соли охир ба камонварӣ то як андоза аҳамият дода мешавад. Ва боиси хушнудист, ки камонвардухтарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат варзида, натиҷаҳои хуб ба даст меоранд. Иштироки Наргис Набиева дар Бозиҳои олимпии Афина боиси сарфарозии мост.»

Профессор Анвар Бобоҷонов, мутахассиси варзидаи соҳа дар бораи вазъи имрӯзаи камонварӣ дар Тоҷикистон чунин ибрози назар кард:

«Дар аҳди шӯравӣ мо бо дастовардҳои назарраси камонварони машҳури тоҷик, ба мисли Зебуннисо Рустамова, Гавҳар Пӯлодова ва Лола Валихоҷаева ифтихор мекардем. Вале то имрӯз ягон нафари дигар ба мисли онҳо қаҳрамони ҷаҳону минтақа ва барандаи ҷоизаи олимпӣ нагаштааст. Бинобар ин кумитаҳои варзишу олимпии кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ин намуд боз ба Тоҷикистон шӯҳрат биёрад. Дар соли 2005 чаҳор камонвари маъруфи кишвар - Фирӯза Зубайдова, Наргис Набиева, Фотима ва Зӯҳро Тағоеваҳо дар чаҳорумин давраи Бозиҳои варзишии бонувони кишварҳои исломӣ дар Теҳрон дар рақобатҳои даставӣ мақоми аввалро касб карда, бо медалҳои тилло сарфароз шуданд.»

Ба андешаи Анвар Бобоҷонов фаъолияти имрӯзаи Федератсияи камонварии Тоҷикистон ғайриқаноатбахш мебошад:

«Ин федератсия имрӯз танҳо бо ном вуҷуд дорад. Ду сол аст, ки федератсия раҳбар надорад. Ба андешаи ман, барои рушди ин риштаи олимпӣ дар кишвар таъсис додани мактаби махсуси варзишӣ оид ба камонварӣ зарур аст.»


Наргис Набиева, варзишгари маъруфи тоҷик иброз дошт, ки ба иллати сармоягузории ночиз камонварони кишвар дар соли гузашта дар мусобиқоти байналмилалӣ хеле кам ширкат карданд:

«Аз сабаби камбуди маблағ дар дохили кишвар хеле кам мусобиқот баргузор мешавад. Ҳамчунин варзишгарони мо имкон надоранд, ки дар мусобиқоти байналмилалӣ ҳарчӣ бештар ширкат кунанд. Ба иллати набуди маблағ дар мусобиқоти байналмилалӣ дар Деҳлӣ танҳо як нафар - Фирӯза Зубайдова ширкат варзид.»

Наргис Набиева гуфт, камонварони тоҷик дар тӯли ду соли оянда барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ дар Пекин талош хоҳанд кард. Вай ҳамчунин иброз дошт, ки шумораи мураббиёни камонварӣ дар ҷумҳурӣ ангуштшумор аст:

«Дар айни ҳол дар Душанбе чаҳор нафар ва дар вилояти Суғд ҳамагӣ ду мураббӣ кор мекунанд. Он чиз боиси хушнудист, ки имсол дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон кафедраи ҷадиди камонварӣ ва тирандозӣ кушода шуд. Ва феълан се нафар духтарони тоҷик - Фотима ва Зӯҳро Тағоеваҳо, Гулрӯ Сафарова дар ин донишкада таҳсил мекунанд.»

Ба ин тартиб, ба назари коршиносони соҳа, дар сурати муҳайё сохтани шароити зарурӣ барои рушди камонварӣ дар кишвар аз байни варзишгарони тоҷик ба мисли Зебуннисо Рустамова боз қаҳрамонҳои ҷаҳон ва барандагони ҷоизаҳои олимпӣ ба воя мерасанд.
XS
SM
MD
LG