Соли равон кашфи ҳуҷайраву эмбрион ё худ ҷанини сунъии инсон дур аз ҳақиқат баромад. Тибқи назария ин кашфиёт мебоист дар муолиҷаи бемориҳои қанд, Алтсҳеймер ва дигар маразҳои вазнин даво гардад. Муфаттишони Кореяи Ҷанубӣ рӯзи 28 декабр эълон намуданд, ки донишманд Ҳванг Ву Сук ҳеҷ гоҳ эмбриони сунъӣ ихтироъ накарда буд ва иддаои ӯ асоси воқеӣ надорад.
Як ҳафта пеш аз ошкоршавии ин хабар донишманд Ҳванг, ки дар Кореяи Ҷанубӣ ҳамчун қаҳрамони миллӣ дониста мешавад, иддао дошт, ки метавонад ҳуҷайраи сунъиро ба ҷисми инсон пайваст намуда, дар муолиҷаи бемориҳо пешрафти гӯшношунид ба амал орад.
Шӯрои нӯҳнафараи тафтиши иддаои Ҳванг дар Донишгоҳи Милии шаҳри Сеул мегӯяд, ки иттилоъ дар бораи истеҳсоли ҳуҷайраҳо тасдиқ нашуд.
Сухангӯи Шӯро хонум Роҳ Ҷанг Ҳю иброз дошт, ки гурӯҳи зери раҳбарии Ҳванг ҳеҷ шаҳодате барои исботи иддао тақдим накард. Ӯ афзуд, ки акнун муфаттишон кашфиёти дигари Ҳванг аз ҷумла сагеро, ки гӯё соли гузашта бо роҳи сунъӣ ба дунё оварда шуда буд, тафтиш доранд.
Ҷанҷол дар Донишгоҳи Миллии Сеул ҳукумати Кореяи Ҷанубиро такон дод. Мақомоти ин кишвар Ҳвангро донишманди беҳтарини Кореяи Ҷанубӣ номида, ба ӯ рутбаҳои баланд ва барои идомаи таҳқиқоташ тахминан 40 миллион доллар пешкаш намуда буданд.