Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурмадони бахя чист?


Ба гунаи мисол, дар ин шаҳри қадимаи ориёӣ то ҳанӯз анвоъи касбҳое маҳфузанд, ки нишон аз даврони то исломӣ ва қабл аз зардуштӣ доранд.

Ҳунари бахядӯзӣ намунае аз ҳунарҳои аҳди қадими тоҷикони Хуҷанд будааст. Хуршеда Содиқова- раиси анҷумани ҳунармандон ва эҷодкорони вилояти Суғд мегӯяд, «Бахя пасмондаи матоъеро гӯянд, ки пора-пора аз либосвор боқӣ мемонад ва онро ҳунармандони хуҷандӣ ба шакли секунҷаву чаҳоркунҷа мебуранд ва бо ҳам васл мекунанд. Ва матоъе гуногунранг ва дилкаш эҷод мекунанд. Ва аммо мардумшиносон мегӯянд, ҳар пораи матоъ, ки ба шаклу гунаи дигаре буридаву васл шудаст, маъное дар таркиби хеш гунҷонидааст. Ин секунҷаву чоркунҷаҳо рамзанд - рамзи офтоб, ки нишон аз даврони хуршедпарастист, рамзи оташ, нишоне аз аҳди оташпарастӣ ва ситораву моҳ, ки ба даврони ахтарпарастӣ доман мекашад»

Зулфия Баҳриддинова, рассоми мардумӣ, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ меафзояд, ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҳазорсолаҳои то милодӣ ба олами мо роҳ овардаанд, ба масал эътирози қавии ниёи моанд, ки тавассути қалбҳои мардуми ориёӣ -- лабрез аз ифтихороти ориёӣ ва ҳуббулАҷам бар алайҳи ғосибони аҷнабӣ будааст, ки ҳамакнун адёни аждодиро бо ҷамиъи дастовардҳои нодири оирёӣ нест мекарданд. Ин эътирозе буд, зидди ҳама лашкари ғосиб.

Ҳунарҳои мардумӣ, ягона дастовардеанд, ки дар худ адёни аждодӣ- хуршеду оташпарастиро то дини мубини ислом гунҷонидаанд. Ба гунаи мисол, тасвири ҳаявони зинда дар дини ислом роиҷ нест, аз ин рӯ ҳунармандони хуҷандӣ ҳайвонро дар шакли «бисмил» ё кушта наққошӣ кардаанд.

Ва аммо ҳунарҳои мардумӣ дар Хуҷанд дар бастагӣ ба вазъ тағйири ҳол мекунад ва ба замона мутобиқ мешаванд. Хуршеда Содиқова, раиси анҷумани ҳунармандони Суғд мегӯяд, «Ҳамакнун бахядӯзон ҳамёну ҷайбҳои замонавӣ барои телефонҳои мобилу дискҳои СД таҳия мекунанд»

Ин дар мавридест, ки таҳияи ҳамён, сурмадон, оинадон, чойандоз дар қадим роиҷтар будааст. Анҷумани ҳунармандони Суғд барои фурӯши маҳсулоти касбҳои мардумӣ дар Хуҷанд маркази «Таваззун» таъсис додааст, ки дар он нодиртарин дастовардҳои косибони маҳаллӣ ҳамчун армуғон ба фурӯш мераванд. Армуғонҳои маркази «Таваззун» ҳамакнун рамзи Хуҷанди бостонианд!

Дар марказ дар баробари ҳамёну сурмадонҳои бахя, ҳамзамон аз ҳунари дигари аҳди қадим - ҷандадӯзӣ кор мегиранд. Ҷандадӯзӣ, моли кӯчиёни қирғизтабор аст, ки сокини вилояти Суғд шудаанд. Ҷанда, дар таркиби худ тарсими хазанда дорад, ҳамчун гаждум, ғунда ва мору дигару дигар...

Ва аммо чаро Ҷанда? Хуршеда Содиқова мегӯяд, «Тасвирҳои хазандаҳои бадтинатро дар ин маврид истифода мебаранд ва онро ҳамингуна «ҷанда», яъне «ганда» меноманд»

Дар маркази «Таваззун» ҳамзамон даҳҳо навъи атлас, чоки хуҷандӣ, гулдӯзӣ, шероза, саллаву кулоҳи ироқӣ, хурҷину торкашу арӯсакҳо низ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG