Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Гулрухсор дар бораи инқилобҳои ранга


Ҳафтаномаи «Миллат» аз қавли Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси ҲНИТ навиштааст, Ҳизби Наҳзат дар интихобот ширкат хоҳад кард. Ва аммо дар мавриди пешбарии номзаде аз ҳизб ва ё эътилоф бо аҳзоби дигар ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нашудааст, гуфтааст ҷаноби Нурӣ.

Дар матлаби дигари «Миллат» ҳадс зада шудааст, ки шояд ҲСДТ, ки ҷонибдори эътилоф дар мавриди номзади ягона аст, дар интихобот танҳо бимонад. Ба ҳар навъ, таъкид шудааст дар навишта, то ҳол миёни аҳзоб дар ин мавзӯъ музокироте сурат нагирифтааст.

Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар сӯҳбати вижаи сесафҳагии худ бо «Миллат», ҳар гуна инқилобҳои рангаро хилофи манофеъи миллат дониста шахси худро мухолифи тасаллути давлат тариқи зӯрӣ номидааст. Раиси ҲНИТ гуфтааст, дар Тоҷикистон ҳеҷ як инқилоби рангае сар намезанад. Ва аммо мушкилоти бештари иҷтимоӣ метавонад дар дили мардум нобоварие ба низомҳои вақт биоварад, гуфтааст Саид Абдуллоҳи Нурӣ.

Шоира Гулрухсор дар сӯҳбат бо «Азия - Плюс» гуфтаст, агар ҷомеа пойбанди машокили иҷтимоӣ набошад, ҳеҷ давлате қодир нест, ки дар он кишвар инқилобро пиёда бисозад. Шоира гуфтааст, ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ гирифтори мушкилоти зиёде ҳаст ва агар раҳбарони ин кишварҳо аз пайи ҳалли ин мушкилиҳо нашаванд, ба ҳоле бадтар аз Аскар Оқоев гирифтор мешаванд.

«Азия - Плюс» дар як навиштаи дигари худ аз иҷлоси нахустини порлумони Афғонистон қисса кардааст. Муаллиф суханронии Ҳомид Карзай, раисҷумҳури Афғонистонро дар нишасти аввалини порлумон овардааст, ки президенти Афғонистон гуфтааст, кишвари ӯ бо ҷамоҳири Осиёи Марказӣ равобити хеле дӯстона дорад ва рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо ин ҷамоҳир аз самтҳои аввалияи сиёсати хориҷии Афғонистон мебошад.

Ҳафтаномаи «Зиндагӣ» мушкилоти соҳаи маорифро баррасӣ карда навиштааст, эҳтимол дорад, ниёзи макотиб ба омӯзгорон беш аз 10.000 нафаре бошад, ки омори расмӣ ҳоло мегӯяд. Ва ин дар ҳоле будааст, ки дар кишвар 24 муассисаи таълимӣ ба тайёр кардани кадрҳои педагогӣ машғул аст. Муаллифони матлаб иллати аслии мушкили нарасидани муаллимонро дар маоши паст дидаанд.
XS
SM
MD
LG