Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони интихобот - 2005


Валентинас Митас Ширкати нозирони ғарбӣ дар интихоботҳо дар кишварҳои шӯравии собиқ яке баҳсҳои ҷиддии байнулмилалии соли 2005-ум буд. Ва на танҳо ба он сабаб, ки дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Қазоқистон интихоботҳои порлумонӣ ва президентӣ ҷараён гирифт, балки ҳузури нозирони хориҷӣ дар зеҳни мақомоти ин мамолик шабаҳи инқилобҳои рангаро ба ҷунбиш меовард.

Намояндагони кишварҳои муштаракулманофеъ чандин бор ба нозирони байнулмилал дар робита ба баёнияии онҳо эътироз баён карданд. Агар аз охирин рӯйдод шурӯъ кунем, гуфтаҳои вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар нишасти солонаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ба ёд мерасанд, ки талаб кард, дар ин соҳа қоидаи дақиқу рӯшан ва шаффоф ҷорӣ шаванд. Намояндаи Қазоқистон дар ин нишаст низ эътироз баён намуд, ки САҲА интихоботи президентии кишварашро танқид кардааст. Воқеан раҳбари ҳайъати нозирони интихоботи Қазоқистон, Брюс Ҷорҷ дар поёни рӯзи овоздиҳӣ дар Остона гуфт, интихобот демократӣ набуд. Вале изҳороти Ҷорҷ таъсири ночизе дошт. Ба думболи эътирози сарони оппозисюни Қазоқистон аз ҳар сӯ ба унвони Назарбоев барқияҳои табрикӣ расид ва ҷаҳон пирӯзии президенти деринаи қазоқро пазируфт. Худи ҳамон рӯз духтари Назарбоев Дариға эълон кард, ки мумкин аст, курсии раёсатро аз падараш мерос бигирад.
Дар ҳоле ки кишварҳои муштаракулманофеъ аз нақши нозирони байнулмилал изҳори нороҳатӣ мекунанд, худи нозирон низ дар бораи нақши худ ба андеша рафтаанд. Дар солҳои гузашта баҳои онҳо ба интихобот, кам ё беш ба эътибори чунин интихобот ва эътибори он кишварҳо таъсир дошт.
Пеш аз интихоботи президентии Қазоқистон, интихоботи порлумонии Озарбойҷон баргузор гардид, ки онро низ нозирони ғарбӣ ҳанӯз аз маъракаи омодагияш зери танқид қарор доданд. Норозигии ҳизбҳои мухолифи Озарбойҷон аз натиҷаҳои эълоншудаи интихобот идома дорад, вале, ба назар мерасад, чизеро тағйир намедиҳад.
Таҳлилгари лаҳистонӣ Якуб Боратински аз Бунёди ба номи Стефан Баторӣ дар Варшава мегӯяд, Маскав ва дигарон барои он аз нозирони байнулмилал норозиянд, ки эъломияҳои онҳо вазъиятро дар Гурҷистон ва Украина тағйир дода, сабаби ҳаракати ин кишварҳо ба самти Ғарб гардид: "Ҳукми байнулмилалии Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо як манбаъи муҳими пуштибонӣ аз ин ҳаракат аст, ба андозае ки режимҳои худкома низ оқибат муносибатҳои худро бо Кремл таҳти савол қарор хоҳанд дод."Ба гуфтаи Боратински, Русия аз он хавф дорад, ки сенарияи Украина метавонад, дар оянда дар Беларус ё Туркманистон такрор шавад. Аммо Питер Друлак, коршинос аз Пажӯҳишгоҳи робитаҳои байнулмилали Ҷумҳурии Чех, бо муқоисаи рӯйдодҳои Украина ва Қазоқистон мегӯяд, нозирони ғарбӣ ба ҳар кишвар муносибати гуногун доранд. Бо сабаби он ки Украина бахше аз Аврупост, ба дили онҳо наздиктар аст, то ин Қазоқистон, бахше аз ҳавлии даруни Русия. Дар посух ба ӯ Боратински мегӯяд, нозирон ончиро эълон мекунанд, ки худ мебинанд ва шояд таъсири эъломияи онҳо ба рафтори минбаъда кишварҳои Ғарб аст, ки обуҳаворо дигар мекунад. Гуфтаҳои ӯро, ширкати нозирони САҲА дар интихоботи порлумонии 27-уми феврали Тоҷикистон низ тасдиқ мекунад. Як рӯз баъд аз овоздиҳӣ, дар 28-уми феврали соли 2005 Питер Айкар, раҳбари ҳафъати нозирони САҲА дар шаҳри Душанбе чунин гуфт, "интихобот ба ӯҳдадориҳои асосии САҲА ва дигар меъёрҳои байнулмилалии интихоботи демократӣ ҷавобгӯ набуд."
Вале дар муқобили ин изҳороти раҳбари ҳайъати нозирон аз Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд, Владимир Рушайло садо дода буд, ки мегуфт, интихоботи Тоҷикистон озод, одилона ва демократӣ ҷараён гирифт.
Мақомоти Русия вақте ба нозирони ғарбӣ эътироз баён мекунанд, мегӯянд, онҳо ба ҷараёни интихобот дар кишварҳое монанди Афғонистон ё Ироқ аз рӯйи меъёрҳои дигар баҳо медиҳанд. Вале тафовут дар ин ҷо, ба гуфтаи Боратински ин аст, ки дар Ироқу Афғонистон бо вуҷуди ҳамаи мушкилиҳо ошкоро гуфта мешавад, ки чи камбуду нуқсон ба амал омад. Дар кишварҳое монанди Қазоқистон ё Тоҷикистон на мақомоти интихоботӣ ва нозирони аз Русия ҷасорати инро нишон намедиҳанд, ки ҳақиқатро эътироф кунанд.
Коршиноси дигар, Майкл Эмерсон аз Маркази сиёсатшиносии Аврупо дар Бруссел мегӯяд, ҳамаи ин баҳс на дар бораи омилҳои бунёдӣ, балки падидаҳои зоҳирии воқеъа аст ва нозирони интихоботу эъломияи онҳо наметавонанд, ин ё он кишварро бишукуфонанд ва ё раҳбарони бакурсичаспидаи онҳоро барканор намоянд: "Нозирони интихобот фишанге нестанд, ки давлатҳои худкомаро ба демократия табдил диҳанд. Ин фақат як омилест, ки ба раванд кӯмак мекунад, махсусан дар ҷое ки ҷомеаи шаҳрвандӣ мехоҳад ба сӯйи ҷомеаи демократӣ пеш равад, дар ҷое ки раҳбарияти сиёсӣ ирода дорад, ки ташвиқи берунаро қабул кунад."
Майкл Эмерсон мегӯяд, бисёр чиз ба сатҳи рушд дар ҷомеа, омодагӣ ва иродаи мардум ба пешрафти таолӣ бастагӣ дорад.
XS
SM
MD
LG