Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломҳои беэътибори макотиби олии Тоҷикистон дар Русия


Александр Дорофеев, масъули бахши равобити иҷтимоии сафорати Русия дар шаҳри Душанбе зимни як нишасти хабарӣ гуфт, то он замоне, ки Тоҷикистон бо Русия як созишномаи вижа ба имзо нарасонад, дипломи мактабҳои олии Тоҷикистон дар ин кишвар эътироф нахоҳад шуд. Ва аммо нафароне, ки дорои дипломи донишгоҳҳои Русия ҳастанд, бидуни мушкил дар қаламрави Тоҷикистон метавонанд, фаъолият кунанд.

Ба гуфтаи оқои Дорофеев, дар қаламрави Русия танҳо хатмкардагони Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон иҷозаи фаъолият доранд, зеро ин донишгоҳ дар вазорати маорифи Русия сабтином шудааст. Аммо мушкил чист, ки Русия мутахассисонеро, ки мактабҳои олии Тоҷикистонро хатм кардаанд, эътироф намекунад?

Александр Дорофеев мегӯяд: "Бояд қоил шавем, ки сатҳи таълиму тадрис дар ин кишвар ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ нест. Ҳанӯз мушоҳида мешавад, ки толибилмону донишҷӯёни тоҷик дониши қавӣ надоранд. Вақте ҷавонони тоҷик довталаби унвони донишҷӯӣ дар мактабҳои олии Русия мешаванд, маълум мегардад, ки онҳо ҳатто забони русиро ба андозаи кофӣ намедонанд. Мо маҷбур мешавем, ки ба ҷавонони тоҷик дар қатори довталабони дигар аз кишварҳои хориҷи дур аввал забон омӯзем ва пасон илмҳои дигарро. Аммо баъзан чунин ҳам мешавад, ки бар тибқи квотаҳое, ки вазорати маорифи Русия ба вазорати маорифи Тоҷикистон ихтисос медиҳад, ҷавонони дар асл босавод барои таҳсил дар Русия сафарбар намешаванд ва ё ин квотаҳо фурӯхта мешаванд, ин масъаларо бояд вазорати маорифи Тоҷикистон ҷиддан зери назорат гирад."

Ва аммо Исмоил Сафаров, як масъули вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, дар нишасти Шӯрои ҳамоҳангсозии санадҳои таҳсил дар кишварҳои узви Созмони ҳамкории Авруосиё дар соли 2002 миёни Русия, Тоҷикистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон мувофиқа шудааст, ки аз шаҳодатнома дар бораи хатми мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ то дипломи магистр, ки донишгоҳҳои Тоҷикистон ба донишомӯзон медиҳад, дар қаламрави ин кишварҳо бояд эътироф гардад. Аммо шаҳодатномаи маълумоти олии Тоҷикистон дар аснои ҳимояи рисолаи илмӣ дар қаламрави Русия беэътибор дониста мешавад.

Айни ҳол дар риштаҳои гуногуни мактабҳои олии Русия беш аз 700 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мекунанд ва ҳамасола ҳудуди 150 квотаи махсус барои идомаи таҳсил дар Русия ба Тоҷикистон дода мешавад. Ва аммо ба гуфтаи Александр Дорофеев, масъули бахши равобити иҷтимоии сафорати Русия, ҳамасола 50 квотае, ки барои такмили тахассус ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ ба олимон ва унвонҷӯёни тоҷик дода мешавад, мавриди истифода қарор намегирад. Вай афзуд, ҳар сол то 8 корманди мақомоти давлатии Тоҷикистон бо кӯмаки молии Русия дар академияи дипломосии ин кишвар таҳсил мекунанд.

Танҳо дар соли равон Русия дар доираи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ба мактабҳои русии Тоҷикистон ҳудуди 200 ҳазор нусха китобҳои таълимӣ тақдим кардааст ва барои рушди маорифи Тоҷикистон зиёда аз шаш миллион доллари амрикоӣ ихтисос додааст. Миёни Тоҷикистону Русия дар бахши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф беш аз 15 санади байниҳукуматӣ имзо шудааст.
XS
SM
MD
LG