Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯи барқи Тоҷикистон: Оянда дурахшон аст?


Абдулло Ёров, муовини вазири энержӣ мегӯяд, то ин замон ҷиҳати татбиқи ин нақшаҳо ҳудуди як миллиарду яксаду панҷоҳ миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ шудааст. Вазорати энержӣ ҳамчунин азм дорад, дар болооби рӯди Панҷ ва ҳавзаи рӯди Зарафшон чанд нирӯгоҳи хурди дигар бунёд ва сохтмони хатҳои содироти барқ ба хориҷи кишварро ба роҳ монад. Ба гуфтаи оқои Ёров, ҳисоб шудааст, ки то соли 2015-ум барои амалӣ кардани ин нақшаҳо шаш миллиарду 800 миллион доллари амрикоӣ сармоя лозим аст. Муовини вазири энержӣ инчунин гуфт, ки ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ахиран ба қонуни андози Тоҷикистон тағйирот ворид гардид, ки мутобиқи он, ширкатҳои дохилӣ ва хориҷие, ки дар сохтмони нирӯгоҳҳои барқи обӣ саҳм мегузоранд, аз намудҳои алоҳидаи андоз озод карда мешаванд.

Русия, Қазоқистон, Афғонистон, Ирон, Покистон, Ҳиндустон ва Чин ба ҳайси харидорони потенсиалии нирӯи барқи Тоҷикистон шинохта шудаанд ва аз ин лиҳоз, Тоҷикистон аз кишварҳои минтақа даъват мекунад, то дар бунёди нирӯгоҳҳо дар қаламрави ин кишвар ширкат варзанд. Дар ҳамин ҳол, Владимир Белов, муовини сарвари кулли нирӯгоҳи «Сангтӯда-1» мегӯяд, ҷониби Русия манфиатдор аст, ки дар сохтмони теъдоди ҳарчи бештари нирӯгоҳҳои хурду азим дар Тоҷикистон ширкат кунад, зеро Тоҷикистон дорои захираҳои бойи энержӣ аст:

«Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои энержӣ чорумин кишвари олам аст ва, аз ин рӯ, табиист, ки Русия бо сармоягузории лоиҳаи ниругоҳҳои «Сангтӯда-1» ва Роғун иктифо нахоҳад кард. Масалан, чор моҳе қабл Иттиҳоди ширкатҳои азими ҷаҳонӣ оид ба энержӣ, ки ширкати РАО ЕЭС-и Русия низ узви ин созмон аст, ба мо лоиҳаи сохтмони чанд ниругоҳи хурд дар Тоҷикистонро пешниҳод кард. Ин пешниҳоди ҷолиб аст ва мешавад онро баррасӣ кард. Ҳамчунин феълан пиромуни ҷалби сармояи хориҷӣ дар бунёди ниругоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон лоиҳаҳои дигаре мавриди муҳокима қарор доранд. Аз ин рӯ, мо ҳамкориҳои худро дар ин бахш бо Тоҷикистон мустаҳкам хоҳем кард.»

Ва аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то замоне ки нирӯгоҳҳои «Сангтӯда-1» ва Роғун пурра мавриди истифода қарор нагирад, эҳтиёҷи шадиди аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии ин кишвар ба нирӯи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон ҳамоно боқӣ мемонад. Масалан, як корхонаи алюминиуми Тоҷикистон дар фасли сармо ба ду миллиард киловатт соат нирӯи барқ ниёз дорад, вале захираи барқи Тоҷикистон дар мавсими тирамоҳу зимистон танҳо якуним миллиард киловатт соатро ташкил медиҳад, ки табиист, бо ин миқдори барқ мушкили корхонаи алюминиум ҳал намешавад. Ва аммо Абдулло Ёров, муовини вазири энержӣ гуфт, имрӯз мушкили барқ дар корхонаи алюминиуми Тоҷикистон комилан рафъ шудааст ва фаъолияти ин муассиса дар мавсими сармо низ қатъ нахоҳад шуд:

«Он қадаре, ки лозим буд, барқ пайдо кардем. Аз Ӯзбекистон дар як шабонарӯз зиёда аз ҳашт миллион киловатт соат нируи барқ мегирем. Тибқи ҳисобу китобҳои мо ва роҳбарияти корхонаи алюминиум ин барқ мерасад. Ба ғайр аз ин ширкати «Барқи тоҷик» бо энергетикҳои Қирғизистон ба мувофиқа расиданд, ки ин кишвар ба мо як миллиард киловатт соат барқ мефурӯшанд ва проблемаҳои мо ба ин тарз ҳал мешаванд.»

Дар ҳамин ҳол, Ҷӯра Бобоев, мушовири вазири энержӣ бар ин назар аст, ки агар корхонаи алюминиуми Тоҷикистон барқи лозимаро мустақилона дарёфт ва харидорӣ мекард, вазорати энержӣ метавонист, сокинони кишварро дар фасли сармо бо нирӯи барқ бештар таъмин кунад. Ба гуфтаи вай, ҳукумати кишвар супориш додааст, ки аҳолӣ бояд 8-10 соат дар як шабонарӯз бо нирӯи барқ таъмин гардад, аммо бинобар мушкили бо корхонаи алюминиум пешомада иҷрои ин қарор берун аз имкон шудааст:

«Супориши сардори давлат аст, ки мо бояд мардумро бо 10 соат барқ таъмин кунем, аммо ҳамин қадаре ки кӯшиш кардем, бо ин мушкилоти корхонаи алюминиум натавонистем, онро иҷро кунем. Ҳоло ҳамагӣ 3-4 соат ба аҳолӣ барқ интиқол меёбад.»

Ва аммо Абдулло Ёров, муовини вазири энержӣ дар ин робита андешаи дигар дорад:

«Имрӯз ин хел савол монем, ки ин корхона барқ мегираду мардум бебарқ мемонанд, ман фикр мекунам, ки нодуруст аст. Ин проблемаи ҳамаи мо тоҷикистониён аст. Бигузор мо як соат барқ кам гирем, лекин ин корхона кор кунад, як сокини ҷумҳурӣ ҷойи кор ёбад, музди меҳнат гирад ва ниҳоят ба буҷаи ҷумҳурӣ маблағ ворид шавад ва кишвар обод шавад.»

Воқиан, кормандони соҳаи энержии Тоҷикистону Русия 22-юми декабр иди касбияшонро таҷлил мекунанд. Дар ин робита дар шаҳри Душанбе баргузории силсилаи тадбирҳо таҳти шиори «Гармии дилҳо, нируи дӯстӣ» дар назар аст. Айни ҳол, Тоҷикистону Русия муштаракан дар сохтмони нирӯгоҳҳои азими «Сангтӯда-1» ва Роғун саҳм мегузоранд.
XS
SM
MD
LG