Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи гуштии ҷопонӣ дар Тоҷикистон дар соли 2005


Носир Бозоров, сармураббии дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон:

-- Гуштигирони машҳури мо - Расул Боқиев дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило, Рауф Ҳикматов дар вазни то 81 кило ва Парвиз Собиров дар вазни то 90 кило дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо, ки моҳи апрел дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд. Ҳамчунин соли равон Парвиз Собиров барандаи медали биринҷии мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон шуд.

-- Соли оянда ширкати дзюдочиёни тоҷик дар кадом мусобиқоти байналмилалӣ дар назар аст?

-- Соли 2006 варзишгарони мо ба мубориза барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2008 дар Пекин шурӯъ хоҳанд кард. Бинобар ин онҳо дар мусобиқоти интихобии олимпӣ, аз ҷумла Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё ширкат меварзанд. Ва мо умедворем, ки ду-се нафар соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Пекин хоҳанд шуд.

-- Барои рушди ин риштаи варзиш дар Тоҷикистон, ба андешаи Шумо, бояд чӣ тадбирҳо андешида шавад?

-- Мо як барномаи рушди минбаъдаи дзюдоро дар кишвар таҳия кардаем, ки аз ҷониби Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мамлакат дастгирӣ ёфт. Дар сурати амалӣ шудани ин барнома, бешак, дзюдо дар кишвар боз ҳам инкишоф меёбад. Зеро дар барномаи мазкур фароыам овардани шароитҳои зарурӣ барои тамрини гуштигирон, сармоягузории кофӣ ҷиҳати ширкати дастаи мунтахаби кишвар дар мусобиқоти байналмилалӣ, ташкили курсҳои омӯзишӣ барои мураббиён ва ғайра дар назар аст.

-- Оё дар Тоҷикистон дастаи занонаи дзюдо вуҷуд дорад?

-- Мутаассифона, чунин даста ҳоло вуҷуд надорад. Вале мо ташкили дастаи занонаро ба нақша гирифтаем. Зеро ҳар як мусобиқаи байналмилалӣ бо ширкати дастаҳои мардонаю занона сурат мегирад. Ва бовар дорам, ки дар ояндаи наздик бонувони гуштигири тоҷик шарафи кишварро дар арсаи ҷаҳон ҳимоя хоҳанд кард.



Давлат Азимов, раҳбари мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба навъҳои гуштӣ: (Ин сӯҳбат чанд рӯз қабл аз марги фоҷиабори Давлат Азимов сабт шуда буд.)

-- Дар мактаби мо дар айни ҳол беш аз 100 варзишгари наврасу ҷавон ва бузургсол дар риштаи дзюдо машқ мекунанд. Ва аммо барои онҳо мо имкони муҳайё сохтани шароитҳои заруриро надорем. Бахусус дастаи мунтахаби кишвар аз шароитҳои зарурӣ бархӯрдор нест. Мувофиқи дастуруламали мактаб ин даста бояд дар як сол 250 рӯз мувофиқи нақшаи ҷамъомади таълимию машқӣ амал карда, бо ғизо таъмин бошад ва камаш ҳар рӯз се бор тамрин кунад.

-- Гуштии дзюдо ба гуштии миллии тоҷикӣ чӣ монандӣ дорад?

-- Бисёр усулҳои дзюдоро дар гуштии тоҷикӣ метавон мушоҳида кард. Либоси гуштигирони ин ду навъи варзиш низ монанд аст. Танҳо ду усул - хафакунии гулӯи ҳариф ва лат додани даст, ки хоси дзюдост, дар гуштии миллии мо истифода намешавад. Воқиан, мо мақсад дорем, ки ин ду навъи гуштиро ба ҳам хеле наздик карда, миёни ҷавонон ривоҷ диҳем ва аз байни онҳо зӯртаринҳоро ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дохил созем.



Саидқул Абдусамадов, мураббии варзидаи тоҷик:

-- Дзюдо ба ҷуз шаҳри Душанбе дар навоҳии Рӯдакӣ, Ваҳдат, Ҳисор ва Варзоб ривоҷ ёфтааст. Дар ин ҷо ҷавонони истеъдоднок зиёданд, ки дар мусобиқоти ҷумҳуриявӣ ширкат карда, натиҷаҳои хуб ба даст меоранд. Вале дар дигар манотиқи кишвар ба ин намуд таваҷҷуҳи хоса зоҳир намешавад.





Гуштигири машҳури тоҷик Рауф Ҳикматов, қаҳрамони Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ ва барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар соли 2005:

-- Агар узви дастаи мунтахаби кишвар шароити хуб надошта бошад, дар мусобиқаи байналмилалӣ пирӯзӣ ба даст оварданаш ғайриимкон мебошад. Барои ширкати бомуваффақияти мо дар мусобиқоти байналмилалӣ маблағи кофӣ зарур аст, то ин ки мо аввалан дар ҷамъомади таълимию машқӣ ширкат карда, маҳорати худро сайқал бидиҳем. Ба иллати набуди маблағ ман имсол танҳо дар як мусобиқаи байналмилалӣ ширкат варзидам ва ,албатта, бе таҷрибаи кофӣ ба даст овардани натоиҷи назаррас барои ҳар як варзишгар мушкил аст.
XS
SM
MD
LG