Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Курсии раиси порлумон насиби кӣ мешавад?


Кобул Муҳаммадюнус Қонунӣ ва Абдураб Расули Сайёф аз довталабони аслӣ ба раёсати парлумони Афғонистон маҳсуб мешаванд.

Рӯзи сешанбе Бурҳоннуддин Раббонӣ, сарвари Ҷамъияти исломии Афғонистон, ки дар миёни аҳзоби сиёсӣ аксарияти курсиҳоро дар парлумон ба даст овардааст, аз номзадии худ ба фоидаи Муҳаммадюнус Қонунӣ, собиқ узви Ҷамъияти исломӣ ва сарвари ҳизби Афғонистони навин даст кашидааст.
Гузашти Бурҳонуддини Раббонӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки баъди марги Аҳмадшоҳ Масъуд ва конфаронси Бонн дар соли 2001 миёни ин ду сарвари саршиноси тоҷики Эътилофи Шимол ва Шӯрои наззор мухолифати ҷиддӣ ба миён омада буд.
Шӯрои Наззор - ниҳоди сиёсии муҷоҳидини Афғонистон соли 1985 аз сӯи сарварони қумондонҳои ҷиҳодии ин кишвар алайҳи Ҳизби Демократии халқ ва неруҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон созмон ёфта буд.
Ба таъйиди оқои Қонунӣ, ҳизби Афғонистони навин ва Ҳизби наҳзати миллии Афғонистон таҳти сарварии Аҳмад Валӣ Масъуд дар парлумон бо Ҷамъияти исломии Афғонистон дар як фраксион муттаҳид мешаванд ва сарварии онро Бурҳонуддини Раббонӣ бар ӯҳда хоҳад дошт.
Аммо Абураб Расули Сайёф, аз чеҳраҳои шинохтаи Шӯрои наззор ва Эътилофи Шимол, ки сарварии ҳизби Иттиҳоди исломии Афғонистонро бар дӯш дорад, мегӯяд, қаблан миёни сарварони собиқи Эътилофи Шимол як тафоҳуме дар мавриди пешниҳоди як номзад ба раёсати парлумон вуҷуд дошт ва аммо акнун аз эътилоф ду нафар - Қонунӣ ва худи ӯ довталаби ин курсиянд. Зимнан, Ҳоҷӣ Муҳаммади Муҳаққиқ, сарвари сиёсии ҳазораҳо ва Ҳизби Ваҳдати мардумии Афғонистон номзадии худро аз раёсати парлумон ба фоидаи Абураб Расули Сайёф бозпас гирифт ва мегӯяд, ӯ тасмим дорад дар тими оқои Сайёф фаъолият кунад.
Ба иттилоъи расонаҳои Афғонистон, Сайид Исҳоқ Гелонӣ, аз хонадони машҳури сайидони Афғонистон ва сарвари ҳизби Иттиҳоди миллӣ, Нурулҳақ Улумӣ, собиқ коммунист, яке аз сарварони Ҳизби демократики халқ ва ҳоло сарвари Ҳизби Муттаҳиди миллии Афғонистон, Шукрия Борикзай, сардабири маҷаллаи "Оинаи Зан" низ хостори дарёфти курсии раиси парлумони кишвар шудаанд.
XS
SM
MD
LG