Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътилофи пурсарусадо, вале ҳанӯз хаёлӣ


Изҳори назари раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматуллоҳ Зоиров дар мавриди он ки эҳтимол дорад, аҳзоби сиёсии дигари мавҷуд дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон, ба ҷуз Ҳизби сотсиал - демократ, бо Ҳизби халқӣ- демократии ҳоким (ҲХДТ) канор хоҳанд омад, боиси вокунишҳои мухталиф дар доираҳои сиёсӣ ба дунбол доштааст. Мақомоти ҲСДТ дар анҷумани ахири худ баён доштаанд, ки шояд дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли оянда аҳзоби сиёсӣ дар як эътилоф бо роҳбарии ҲХДТ гирдиҳам биоянд ва ҲСДТ танҳо хоҳад монд. Аз Олим Шерзамонов, узви раёсати ҲСДТ мепурсам, ки раёсати ҳизби мазкур бар асоси чӣ далоиле ба чунин хулоса расидааст. Ӯ гуфт: "Имкон дорад, ки аҳзоби дигар (бо пешниҳоди пешбарии номзади воҳид) розӣ нашаванд ва мон дар танҳоӣ монем. Ҳизби демократро хеле камқувват кардаанд ва ҳизбҳои дигар, ба монанди Ҳизби сотсиалист ва ҳизбҳои навтаъсис шояд бо ҳизби ҳукмрон дар эътилоф шаванд, чунки ҳизбҳои навтаъсис табиист ки ҳизбҳои фармоишӣ ҳастанд. Дар ин ҷо фақат Ҳизби коммунист мемонад, вале ин ҳизб одатан дар Тоҷикистон ҳама вақат бо онҳоест, ки дар сари қудрат қарор доранд. Ҳизби наҳзати ислом ҳам даъфаи гузашта нафари асосии худро ба интихоботи раёсатҷумҳурӣ пешбарӣ накард ва гумон аст, ки ин бор ҳам одами асосӣ, нафареро, ки раҳбари онҳо бошад, пешбарӣ кунад. Ин ҳизб ягон нафари сатҳи пойинтарашро пешбарӣ хоҳад кард, ки ӯ дар интихобот танҳо ба номаш ширкат мекунад."

Вале Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, раиси дастгоҳи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) чунин хулосаро қабл аз вақт медонад: "Чунин фикр, ки ба ғайр аз ҲСД бақияи аҳзоб дар канори ҳизби ҳоким хоҳанд рафт, як фикри хом ва бепоя аст. Чунки ҲНИТ қаблан ҳам эълон дошта буд, ки дар интихобот фаъолона ширкат хоҳад кард, вале мушаххас нашудааст то ба ҳол, ки механизми ширкаташ чӣ гуна хоҳад буд."

Дар ҳамин ҳол, Раҳматуллоҳ Валиев, муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) мегӯяд, имкон дорад ин ҳизб дар интихоботи соли оянда умуман ширкат наварзад ва интихоботро таҳрим кунад: "Раиси ҳизб Муҳаммадрӯзӣ Искандаров танҳо ба хотири дур кардани ӯ аз ширкат дар ин маъракаи сиёсӣ зиндонӣ шуд ва тавре ҳам ки раҳбарияти ҳизб изҳор дошт, қонуни феълан амалкунанда шаффофият ва демократияро дар интихоботи соли оянда таъмин карда наметавонад. Ва мо шояд интихоботро таҳрим кунем."

Аммо Рашиди Ғанӣ, коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон ба ин назар аст, ки дар сафороии нирӯҳои сиёсӣ ҳар амреро метавон интизор дошт. То интихоботи раёсатиҷумҳурӣ қариб як соли дигар боқист ва оқои Ғанӣ ҳатто тағйири ҷави сиёсиро то ҳадде, ки имкони эътилофи ҲХД бо ҲСДТ-ро низ фароҳам кунад, мумкин медонад: "Ҳар чӣ имконпазир аст ва ҳеҷ изро намешавад истисно кард, ҳатто мутаффиқи ҳизби ҳоким шудани ҳизби сотсиал-демократро. Ҳама гуна тасмимро вазъи сиёсии онӣ ҳамон лаҳза, ҳамон ҳолате, ки ташаккул меёбад, муайян мекунад. Ва агар ин ё он қадам барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии ин ё он ҳизб мувофиқ бошад, ҳамон қадамро мебардорад. Шояд дар кадоме аз ин мароҳил ҷустани иттиҳод бо ҳизби ҳоким дурусттар бошад. Ҳама чиз аз ҳисобу китоб, муқоиса ва тарозукашӣ вобаста аст."

Ақидаи ширкат додани номзади ягонаи аҳзоби мухолиф аз ҷониби ҲСДТ баён шуда буд. Вале дар ин замина миёни ин аҳзоб музокираи расмие сурат нагирифтааст. Ва то кунун танҳо ду ҳизби сиёсӣ - ҲНИТ ва ҲСДТ изҳор кардаанд, ки дар ҳар сурат, дар интихоботи соли ояндаи раёсати ҷумҳурӣ номзади худро хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG