Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чеҳраи ҳафта: Ҷумъабой Толибов - аз боздошт то раҳоӣ


Рӯзноманигорони тоҷик аз озодии ҳамкасбашон Ҷумъабой Толибов, ки тайи қариб 8 моҳи ахир дар паси панҷараҳои боздоштгоҳи шаҳри Истаравшан дар боздошт ба сар мебурд, истиқбол карда ва ин ҳодисарояк пирӯзии рӯзноманигорон ба қалам медиҳанд. Ҷумъабой Толибов қабл аз ба ҳабс гирифта шуданаш, дар мақоми сардори шӯъбаи таъминоти ҳуқуқии ҳукумати ноҳияи Айнии вилояти Суғд ифои вазифа мекард, вале ба қавли худи ӯ, сабаби ба ду соли зиндон маҳкум шуданаш нашри матолиби интиқодӣ оид ба фаъолияти додситони ноҳияи Айнӣ Собит Аъзамов будааст. Ва аммо мақомоти давлатӣ мегуфтанд, ки ба муҷозот кашида шудани Ҷумъабой Толибов ба фаъолияти хабарнигории ӯ ягон рабт надошта, ӯ танҳо барои сӯъииистифода аз мақоми хидматӣ ва авбошияш ҳабс шудааст. Додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов доир ба қазияи оқои Толибов чунин иддао дошт: "Хоҳиш мекунам, дуруст фаҳмед. Якумаш ин ки Толибов журналист нест. Толибов буду шудаш сардори шӯъбаи ҳуқуқи ҳукумати ноҳияи Айнӣ аст, лекин узви Иттиҳодияи журналистон ҳам будааст. Ба диққати шумо расонданиам, ки Толибов пеш як бори дигар ҳам суд шудааст. Ин дафъа даст ба авбошӣ задааст. Гуноҳи Толибов пурра дар бораи содир кардани авбошӣ исботи худро ёфт."

11-уми октбяри соли равон Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми додгоҳи минтақавиро нодуруст ҳисобида, парвандаи ҷиноии Ҷумъабой Толибовро бознигарӣ ва амри раҳоияшро содир кард. Аммо Додситонии кулли Тоҷикистон аз ин амри додгоҳ шикоят бурда, раҳоии Ҷумъабой Толибовро ғайримумкин донист. 28-уми ноябр раёсати Додгоҳи Олӣ шикояти додситониро бепоя хонда, амри раҳоии Толибовро бетағйир гузошт. Баъди 19 рӯзи судури ин амр, яъне дар таърихи 16 декабр мақомоти Истаравшан дар ниҳоят Ҷумъабой Толибовро аз боздоштгоҳ раҳо карданд.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва созмонҳои хориҷию дохилии хабарнигорӣ чандин дафъа аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буданд, ки Ҷумъабой Толибовро аз зиндон раҳо кунад ва ба хабарнигорони тоҷик имкон бидиҳад, то озодона фаъолият кунанд. Алекс Лупис, мудири барномаҳои марбут ба Аврупо ва Осиёи Марказии Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ), марказаш дар Ню Йорк, нахустин намояндаи созмони байналмилалӣ аст, ки аз озодии Ҷумъабой Толибов изҳори қаноатмандӣ кардааст ва аз мақомоти Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки аз ин ба баъд аз ҳабси журналистон худдорӣ кунанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ки дар роҳи озодии рӯзноманигор Ҷумъабой Толибов аз маҳбас талошҳои зиёд кардааст, гуфт, раҳоии оқои Толибов дар натиҷаи ҳамраъйии хабарнигорон дар ҷабҳаи ҳифзи озодии сухан сурат гирифтааст.

Ҳамзамон Мухтори Боқизода, сардабири нашрияи мустақили «Нерӯи сухан», ки бо ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе барои ду сол ба корҳои ислоҳӣ бо ситонидани миқдори маош ба суди давлат маҳкум шудааст, раҳоии ҳамкасбаш Ҷумъабой Толибовро ягона комёбии назарраси рӯзноманигории тоҷик дар соли равон меҳисобад. Мухтори Боқизода бар ин назар аст, ки мақомоти қудратӣ акнун имкон нахоҳанд дод, ки Ҷумъабой Толибов дубора дар мақоми давлатӣ фаъолият кунад.

Марат Мамадшоев, рӯзноманигори мустақил низ бар ин ақида мувофиқ аст ва мегӯяд, худи оқои Толибов низ эҳтимол дигар хоҳиши ба мақоми пештарааш баргаштанро надорад. Оқои Мамадшоев инчунин гуфт: " Ҷумъабой Толибов бояд бо ин қаноат накарда, муборизаро давом диҳад." Дар ҳамин ҳол, Фаррухшоҳ Ҷунайдов, ҳуқуқшиноси мустақил, ки бо қазияи Ҷумъабой Толибов аз наздик шинос аст, мегӯяд, мақомоти интизомӣ дар қазияи Ҷумъабой Толибов ғайримунсифона расидагӣ карданд ва ҳеҷ як аз се иттиҳоме, ки ба ӯ нисбат дода мешуд, собит нагардид. Ҳамзамон ба гуфтаи оқои Ҷунайдов, баъди қарори Додгоҳи олӣ дар бораи озод кардани Ҷумъабой Толибов, 11-уми октябри соли равон, ӯ дар боздоштгоҳи Истаравшан беш аз 1 моҳи дигар нигаҳдорӣ шуд. Аз ин рӯ, ба иддаои оқои Ҷунайдов, Ҷумъабой Толибов метавонад ба додгоҳ муроҷиат кунад ва барои ғайриқонунӣ дар зиндон буданаш ҷарима ситонад ва афродеро, ки дар ин қазия ба иштибоҳ роҳ доданд, ба муҷозот кашад.

Ҷумъабой Толибов 16 декабри соли ҷорӣ аз маҳбас раҳоӣ ёфт ва худи ҳамон рӯз дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки озод шудани вай аз зиндон гувоҳи бегуноҳиаш мебошад ва аз ҳамаи хабарнигорон барои ҳамраъйиашон дар ҳифзи ҳуқуқи ӯ изҳори сипос кард. Ҷумъабой Толибов баъди 8 моҳи зиндон, феълан дар назди пайвандонаш дар ноҳияи Айнӣ қарор дорад ва мехоҳад барои хабарнигорони расонаҳои дохилу хориҷи кишвар як нишасти вижаи матбуотӣ доир кунад. Ҳамзамон Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон азм дорад ояндаи наздик доир ба қазияи рӯзноманигор Ҷумъабой Толибов, сабабҳо ва ҷанбаҳои ба маҳбас кашида шудани ӯ, китоберо ба табъ расонад.
XS
SM
MD
LG