Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯлиён - шоираи хурдсол


Аз як сӯ адибони баркамоле дар шеъри кӯдак бар назаранд, ки байни абёт набояд тафриқа гузошт - яъне шеъри кӯдак ва шеър барои бузургсолон буда наметавонад. Наримон Бақозода, як шоири маҳбуби насли наврас бар ҳамин назар аст. Ва аммо устод Бақозода дар баробари ин иддаъои худ меафзояд: «Шеъри бачагона бояд дар дили бача як рӯҳи баланди болодор ҷорӣ кунад, ки вай аз хурдӣ худро аз дигарон кам ҳис накунад»

Афкори зидду нақиз перомуни шеъри кӯдак зиёд ба гӯш мерасанд. Сафар Айюбзодаи Маҳзун, шоири дигаре, ки замони ахир барои адабиёти кӯдак чанд дафтари шеър ба дасти чоп додаст, мегӯяд: «Тӯдаи шуаро адабиётро ба бачагонаву калонсолона тақсим карданд ва гуфтанд, ки ҳар кас шеър барои кӯдак гуфта наметавонад ва ба ин давраи адабӣ дигаронро роҳ намедоданд. Бархе бовар ҳам карданд, ки шеъри кӯдакона мушкил аст ва мо гуфта наметавонем. Аммо ҳар шоире, ки ҳаст, метавонад абёти бачагона ҳам нависад»

Ин сару садо, афкори зиду нақиз дар мавриде ба гӯш мерасанд, ки дона-дона кӯдакон худ по бар ҷодаи адаб бардошта, мехоҳанд, аламбардори шеъри кӯдак бошанд:
«Занги аввал садо деҳ,
Панди аввал ба мо деҳ.
Аъло хонем аз ҳозир,
То вақти занги охир!»


Ва ин ҳам Мӯлиёни Хайриддин буд, як муҳассили синфи 5 - и гимназияи Хайрандеши Хатлон, ки соли аввал аст, ки шеър мегӯяд. Мӯлиён 10 сол дорад. Аммо дар ин айём ҳамакнун дафтари нахустини комили ашъори ӯ омодаи чоп аст. Мӯлиён, ҷаҳони кӯчактар аз олами хаёлии шоирони баркамол дорад. Ва аммо ин ҷаҳон лабрез аз орзуву омоли кӯдаконаи ӯст. Мӯлиён байни чаҳорчӯбаи мактабу буҷулбозиву пар-паракҳои атфол ба камол мерасад, ва тамоми ашъори ӯ наздиктар ба олами атфол аст. Ӯ мегӯяд:
« Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме дугона,
Бояд намуна бошем, дар мактабу дар хона.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме азизон,
Бояд бошад синфи мо тоза аз бетамизон
Бӯи ҷӯи Мӯлиён бӯи Бухоро дорад,
Дар мактаб аъло хондан бӯи гуворо дорад!»


Падари Мӯлиён шоири шинохта Хайрандеш аст. Мӯлиён мегӯяд, дар нахуст падар зидди шеъргӯии ӯ буд, ва ҳатто дафтари нахустин ашъори Мӯлиёнро нест кардааст ва қатъан дархост кардааст, ки духтараш дигар шеър нагӯяд! Чаро. Ин суолест, ба Хайрандеш, садри Иттиҳоди нависандагони ТоҷикистонТ дар вилояти Хатлон:
«Ҳатто Низомии Ганҷавӣ дар маснавии маъруфи «он рӯз ки ҳафтсола будӣ» ба писар васият мекунад, ки шоир нашавад, ки зиёд ранҷ мебинад! Пас чаро ман духтарамро ба коми дарду ғам партоям? Ман намехостам, ки ӯ шоира шавад. Аммо табъи ӯ ғолиб омаду пофишории ман мағлуб шуд»

Ҷилавгирӣ аз илҳоми фитрии духтар ва он ҳам аз сӯи падаре, ки садорати ИНТ бар дӯш дорад, беҳтарин шарҳи ҳоли саъби гулдухтаронест, ки мехоҳанд по ба арсаи адабиёт бинииҳанд. Ва аммо МӮлиён мубориз аст. Ӯ ба хости падар тан надод ва ахириро маҷбур кард, ки ба ҳунари худодододи ӯ аҳсантофарини ӯ тан бидиҳад. Мӯлиён аз нахустин гирудор дар олами падарсолорӣ пирӯз ба дар омад:
«Ман ахиран дарк кардам, ки агар боз ҳам садди роҳи Мӯлиён шавам, ӯро илҳоми шеър мариз мекунад. Тарсидам ва гуфтам, ки бигзор шоири бачагон бошад ва ҳамин гимназияи худамро дар оянда ба ӯ васият кардам. Ӯ ҳамакнун ҳам шоираи кӯдакон ва ҳам соҳиби гимназия барои кӯдакон аст»

Ин гирудор дар мавриде ба назар мехӯрад, ки на танҳо адиби наврас дар кишвар ангуштшумор гаштааст, ки кутуб барои насли наврас камназир мегардад. Сайидали Маъмур-муовини раиси нашриёти «Адиб» мегӯяд, соли гузашта чанд асар барои насли наврас нашр шудааст ва аммо бо теъдоди то 1000 дона, ки хеле кам аст. Дар ҳамин маврид, «Адиб» аз ягон асари адиби наврас кор нагирифтааст. Устод Сафар Айюбзодаи Маҳзун мегӯяд, барои эҳёи адабиёти кӯдак бояд ҳатман ашъори худи атфолро нашр кард.

Ин дар мавридест, ки худи кӯдак то ҳанӯз ашъори баландмазмуну баландро мепазирад. Ба гунаи мисол ашъори Айниро аксарияти мусоҳибони ман аз бар кардаанд. Ва аммо маъруфтару маҳбубтарин шеър барои аксари кӯдакони кишвар ҳамон шеъри маъруфи Мирсаид Миршаккар «Ман калон мешавам, қаҳрамон мешавам!» будааст.
XS
SM
MD
LG