Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон дар асри 9 булӯр мегудохтанд?


Ҳулбук Дар вайронаҳои кохи Ҳулбуки Хатлон воқеъ дар 170 километрии Душанбе - пойтахти Тоҷикистон ахиран коргоҳҳои истеҳсоли булӯр кашф гардид.

Юсуфшоҳ Ёқубов - бостоншиноси маъруфи тоҷик мегӯяд, дар ҳафриёти ахир, ки тӯли моҳи ноябр ва декабр идома дошт, дар Кохи шоҳони Ҳулбук, маъруф ба Шерони Хатлон, шаҳре, ки дар асрҳои 9-10 дар мавзеъи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъи имрӯза мавқеъ доштааст, хатҳои гармигузаронӣ, лӯлаҳои бадрав - «канализатсия», бухориҳои кулолӣ, коргоҳҳои зарфсозӣ ва истеҳсоли булӯр, ё хрустал ёфт шуданд:

«Он чизе, ки мо мегӯем, «паровое отопление» ва гӯё аз Русия мо онро қабул кардаем, маълум шуд, ки онро гузаштагони мо ҳазор сол пеш медонистаанд ва истифода мекардаанд. Ба воситаи буғи гарм, ки аз лӯлаҳо меомад, хонаҳо гарм мешудаанд. Ин як чизи аҷоиб аст! Дуввум аҷоиботе, ки мо дарёфтем, ин будани «канализатсия» дар шаҳр аст. Ҳамаи обҳои касифе, ки дар шаҳр ҷамъ мешуд, дар Ҳулбуки асри 9-10 тавассути лӯлаҳои бадрав баромада аз шаҳр берун мерафтаанд»

Шералӣ Хоҷаев, раиси осорхонаи Ҳулбук мегӯяд, то ҳанӯз ақоиде роиҷ буд, ки шиша дар хориҷ аз қаламрави Осиёи Марказӣ истеҳсол мешуд. Ва аммо харобаҳои коргоҳҳои Ҳулбук собит кардаанд, ки дар асрҳои 9-10 дар мавзеъи Тоҷикистони имрӯза, коргоҳҳои пешрави саноъӣ фаъол будаанд:

«Асоси ин иддаоро мо дар ҳамон печҳое дидем, ки дар онҳо шиша гудохта мешуд, сафол мерехтанд ва дар ин коргоҳҳо ҳамзамон булӯр, ба забони имрӯза гӯем, «хрусталл» мегудохтанд. Мо ин печҳоро бо ашёи нимхоми булӯрин ва шишагин кашф кардаем»

Дар ҳамин маврид, то ҳанӯз аз Ҳулбук беш аз 2000 нигораи нодир кашф шудааст, ки моҳи сентябри соли 2006, ҳини таҷлил аз 2700 солагии шаҳри Кӯлоб барои нахустин бор ба маърази тамошо гузошта мешаванд.
XS
SM
MD
LG