Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломияи ҳуқуқи башар


Созмонҳои байналмиллалии дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон вазъи ҳуқуқи инсон ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро ғайриқаноатбахш арзёбӣ мекунанд. Бо ин мазмун роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бархе аз созмонҳои байналмилалӣ дар пешорӯи таҷлили Рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар изҳори назар карданд.

Владимир Сотиров, раиси дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба эъмори сулҳу субот дар Тоҷикистон мегӯяд, боиси таассуф аст, ки дар ин кишвар шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ ҳанӯз бархурдор нестанд: "Дар ҳоли ҳозир намешавад гуфт, ки ҳуқуқи башар дар ҷомиаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон сад дар сад ҳимоя мешавад, ин имкон надорад. Хеле муҳим аст таваҷҷӯҳ кунем, ки ҷомиаи Тоҷикистон ба кадом самт роҳ мегирад, оё ба кӯшишҳо барои таҳкими қонунҳо ё таҳкими ҳуқуқи инсон ва ҷомиаи мардумсолорӣ. Агар чунин аст, мо аз ин кишвар пуштибонӣ мекунем, то ҳамаи шаҳрвандон аз ҳуқуқи хеш бархурдор шаванд ва аз он дифоъ карда тавонанд."

Далер Каримов, корманди созмони байналмилалии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» бар ин назар аст, ки намешавад гуфт, аҳолии ин кишвар аз ҳуқуқи хеш пурра огоҳ буда ва табиист, ҳимоя низ карда наметавонанд. Аз ин рӯ, мегӯяд, оқои Каримов, баъзан ҳуқуқи шаҳрвандон дар Тоҷикистон поймол мешаванд: "Дар Тоҷикистон кам касе дар бораи мафҳум ва моҳияти ҳуқуқи инсон маълумот дорад ва шумори хеле ками аҳолӣ аз ҳуқуқи хеш истифода мебаранд. Дар Тоҷикистон, ба фикри ман, дигар ҳуқуқҳо низ ба мисли ҳуқуқи истеъмолгарон нақз мешаванд ва ба ин пеш аз ҳама худи аҳолӣ гунаҳкор аст. Дар ҳоле ки шаҳрвандон риояи ҳуқуқи худро талаб намекунанд, табиист, ҳукумат низ ҳуқуқи онҳо, талаботи онҳоро иҷро намекунад."
Ва аммо Халифабобо Ҳомидов, вазири адлияи Тоҷикистон вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро қаноатбахш арзёбӣ мекунад ва мегӯяд, бо дарназардошти шароити феълии кишвар вазъи ҳуқуқи шаҳрвандон дар қиёс бо кишварҳои ҳамсуд хеле беҳтар аст. Аммо оқои Ҳомидов ин далелро, ки баъзан ҳуқуқи шаҳрвандон аз сӯйи ашхоси мансабдор поймол мешавад, инкор намекунад: "Шахси соҳибмақом медонад, ки қисми асосии аҳолӣ аз ҳуқуқи худ бархурдор нест ва табиист, ки вай аз мақомаш ва аз ин ҳолат сӯиистифода мекунад, ба шумо фишор меорад. Агар шумо ҳуқуқи худро хуб омӯзед, донед, ки ба куҷо ва чи гуна муроҷиат кардан лозим аст, ҳамон мансабдор ҳам дигар андеша мекунад, ки бояд барои ин кирдораш ҷавоб гӯяд."

Дар ҳамин ҳол, бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон мегӯянд, вазъи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар назар ба солҳои пешин беҳтар шудааст, аммо ҳанӯз намешавад гуфт, ки ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дигар поймол намегардад. Бархе аз шаҳрвандон мегӯянд, онҳо комилан аз ҳуқуқи хеш огоҳ нестанд ва намедонанд, ки дар ҳоли зарурат ба куҷо ва чи тавр бояд муроҷиат кард.

Дар ҳоле ки ҷавонон мегӯянд, аз ҳуқуқи худ комилан бархӯрдор нестанд, масъулини Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон иддао доранд, ки дар ин кишвар бештар ҳуқуқи занон поймол мешавад, зеро маърифати ҳуқуқии қисми аъзами занони тоҷик ба талабот ҷавобгӯ нест. Дилором Тешаева, корманди Кумитаи занон мегӯяд, ҳамарӯза ба ин кумита ҳудуди 15 зане, ки барои машварати ҳуқуқӣ ниёз доранд, муроҷиат мекунанд ва маълум мешавад, ки мутаассифона, қариб тамоми занони деҳот ҳатто аз оддитарин ҳуқуқи худ огоҳ нестанд ва ин боиси сар задани хушунатҳои оилавӣ ва нақзи ҳуқуқи занон мешавад: "Як иллати ноогоҳии занон аз ҳуқуқашон забони мушкили қонун аст. Бисёри занон мегӯянд, мардон бештар динро ба хурофот омехта, иродаи худро болои онҳо таҳмил мекунанд, ки зан бояд машғули тарбияи фарзандон бошад, зан маҳрам аст, бояд дар хона бишинад ва ба кӯча набарояд." Ба гуфтаи масъулини Кумитаи кор бо занон, имрӯз ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомиа ва таъмин кардани баробарҳуқуқии зану мард дар Тоҷикистон барномаҳои махсуси давлатӣ таҳия ва қабул шудааст. 24 дар сади мақомҳои роҳбариро дар ҳокимияти давлатӣ занон ба ӯҳда доранд. Ҳамзамон 17,5 фисади аъзои парлумони кишварро занон ташкил дода, шумори онҳо дар мақомоти додгоҳӣ ба 25 дар сад баробар аст.

Дар ҳамин ҳол, Ҳикматёр Ҳикматов, рӯзноманигори тоҷик ва таҳлилгари масоили ҳуқуқи инсон мегӯяд, дар кишваре, ки аксари аҳолӣ дар ҳоли нодорӣ ба сар мебарад, намешавад гуфт, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқи хеш огоҳ буда ва тавонанд аз он дифоъ кунанд: "Вақте, ки мардум аз хӯрока, аз макони зист, аз хадамоти тиббӣ ва аз ҳифзи иҷтимоӣ бебаҳра аст, сухан гуфтан аз ҳуқуқи башар дар ин кишвар беҳуда аст."

Вале аз ҳуқуқи инсон бояд сухан гуфт, то ҳамагон аз ҳуқуқи хеш огоҳ бошанд ва бидонанд, ки шаҳрвандон, яъне худи онҳо ҳуқуқ доранд. Ҳуқуқ доранд, ки фикру андешаи худро озодона баён кунанд, ҳуқуқ доранд, ки интихоб кунанд ва интихоб шаванд ва болотар аз ин, ҳуқуқ доранд, ки зиндагии осоишта дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG