Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзгори атфоли тоҷик


Духтараке, ки аз тирезаи кӯҳнаи хонаашон бо умед ба берун менигарад. Зани лоғари заъфарончеҳра бо тифлаш дар як гӯшаи бозор нишаста, талбандагӣ мекунад ва кӯдаки гуруснааш ба дастони холии модар менигарад, наврасони 12 -13 солаи пахтачину подабон, духтарони ҳунарманд ва даҳҳо дигар тасвирҳои рӯзгори сангин ва хуши атфоли тоҷик дар намоишгоҳи аксҳои ҳуқуқи кӯдак ба маърази тамошо гузошта шуда буданд.
Намоишгоҳи аксҳои кӯдакони тоҷик дар Душанбе бо ташаббуси бунёди атфоли созмони милали муттаҳид Юнисеф бахшида ба рӯзи қабули эъломияи ҳуқуқи башар созмон дода дар он 55 акс пешниҳоди тамошобинон гардидааст. Дар маросими ифтитоҳи он намояндагони созмонҳои ҷамъиятиву байналмилалии кӯдакон ширкат доштанд.
Юкие Мокуо раҳбари дафтари Юнисеф дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳадафи таъсиси намоишгоҳ баланд бардоштани маърифати мардум ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеъа нисбат ба ҳуқуқи кӯдак аст:

Дар Тоҷикистон нафароне ҳастанд, ки шояд надонанд, ки кӯдакон дорои кадом ҳуқуқанд. Ва мо мехоҳем ба воситаи аксҳои онҳо аз хона интернату деҳоти дурдаст дар бораи ҳуқуқи кӯдакон маълумот бидиҳем. Имрӯз дар Тоҷикистон кӯдакон то андозае ҳифз мешаванд. Вале то ҳанӯз ҳам маргу мири кӯдакони то 7 сола зиёд ба назар мерасад ва теъдоди аъзами онҳо мактаби миёнаро то синфи 9 намехонанд. Имрӯз Юнисеф бо ҳукумати Тоҷикистон ба вижа бо бахши иҷтимоӣ ва вазорати корҳои дохилаи кишвар ҷиҳати пешгирии нақзи ҳуқуқи кӯдак кор мекунад.

Грен Лотен сафири Бритониё мустақар дар Тоҷикистон мегӯяд, зиндагии ба вижа кӯдакони деҳоти кишвар ва онҳое, ки ба мактаб рафта наметавонанд душвортар аст.

Мо лоиҳаҳои гуногуне, ки ба рушди ҳаёти кӯдакон равона шудаанд, дастгирӣ мекунем. Мо созмони Мунисро, ки бо кӯдакони маъюб кор мекунанд, маблағгузорӣ мекунем ва дар ин соли нав мехоҳем наврасони оилаҳои камбизоати деҳоти атрофи пойтахтро, ки бе қувваи барқ, бе оби нӯшокӣ ба сар мебаранд, ба меҳмонӣ даъват намоем.
Ба назари ман вақте ки иқтисоди кишвар рушд мекунад, зиндагии кӯдакон низ беҳбуд хоҳад ёфт. Муҳиммаш он аст, ки ҳамаи онҳо ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Соҳаи маориф дар Тоҷикистон ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ аст, ки онро мо бояд якҷо ҳал кунем. Барои мисол таъмири мактабҳо, маоши омӯзгорон ва ғайра


Бо маблағгузории созмонҳои байналмилалӣ ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон барои омӯзонидани ҳуқуқи атфол барномаҳои мухталифро роҳандозӣ мекунанд. Хонаи Ҷавонон созмони ҷамъятии шаҳри Душанбе бо сарпарастии шӯрои Аврупо дарсҳои омӯзиши Шаҳрвандиро таъсис додааст.
Матлуба Додобоева раҳбари Хонаи Ҷавонон мегӯяд:

Ҷавонони аз 13 то 18 сола дар дарсҳои мо аз ҳуқуқ, тарзи дурусти баҳс, ҳалли низоъ ва ҳамаи он чи ки ба як ҷавон дар замони муосир ва дар ҷомеъаи демократӣ зарур аст омӯхтанд.

Рустам як тамошобини аксҳои намоишгоҳ мегӯяд ҳуқуқи инсон аз ҳуқуқи атфол шурӯъ мешавад ва вақте ҳуқуқи кӯдак риоя намешавад, дар бораи ҳуқуқи инсон ҷои ҳарф ҳам намемонад.

Агар росташро гӯям дили шахс ба ин кӯдакон месӯзад, зеро дар аксҳо дида мешавад, ки онҳо дар шароити сангин зиндагӣ мекунанд. Ҳастанд кӯдаконе, ки онҳоро волидон маҷбур мекунанд, ки дар бозор кор кунанд. Ин бисёр бад аст ва набояд чунин бошад.

Рустам ту чанд сола ҳастӣ?
- 18 сола
- Хуб, Рустам бар тибқи аҳдномаи ҳуқуқи атфол ту ҳоло кудакӣ ва дар ҷомеъаи имрӯз нақзи кадом ҳуқуқатро эҳсос мекунӣ?

Ман оянда ҳуқуқшинос ҳастам ва аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳоям бохабарам, аз ин рӯ душвор аст, ки ҳуқуқи маро поймол кунанд. Аммо агар дар маҷмӯъ гирем, сари ҳар қадам нақзи ҳуқуқи ҳамсолонамро мебинам. Барои мисол онҳо ҳуқуқи аз нақлиёт бепул истифода карданро доранд, аммо онҳоро бепул касе намегузорад, ки вориди автобусҳо шаванд. Давлат ӯҳдадор аст, ки шаҳрвандони худро бо ҷои кор таъмин кунад, имрӯз наврасон дар ҷустуҷӯи кор ба ҳар роҳ мераванд ҳатто ба ҷиноят даст мезананд. Инҷо ҳамкории ҳукумат лозим аст, зеро созмонҳои ҷамъиятию байналмилалӣ дар танҳоӣ кореро анҷом дода наметавонанд

Тамошои аксҳоро навоҳои Ноҳидаи ғижжакнавоз хеле таъсирбахш мекард. Намоишгоҳи аксҳои атфоли тоҷик дар бинои театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айни идома дорад.
XS
SM
MD
LG