Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чеҳраи ҳафта: Олег Дерипаска


С. А. Ин ҳафта Олег Дерипаска дар Вашингтон барномаҳои Русия дар Тоҷикистонро шарҳ дод ва ҳамзамон аз нороҳатии Ӯзбакистон дар ин мавзӯъ ҳарф зад. Дар гуфтушунид бо мақомоти Тоҷикистон, Русия ва акнун Ӯзбакистону Амрико, Олег Дерипаска нишон дод, ки на танҳо соҳибкори қавӣ, балки дипломати зирак низ ҳаст.

Олег Дерипаска, ки акнун ба яке аз чеҳраҳои муҳими саҳнаи кору иқтисодиёти Тоҷикистон табдил меёбад, дар соли 1968 дар шаҳри Дзержински вилояти Горкийи Русия зода шудааст.
Ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Русия ба номи Ломоносов, дар соли 1992 ширкати Молию сармоягузории ҳарбиро таъсис дод, ки то ҳол касе воқиф нест, ин ширкат бо кадом навъи фаъолият машғул буд ва пулу риштаи ҳарбӣ дар он чи гуна васл мешуданд.
Баъдан Олег дар Биржаи молу маводи хоми Русия ба ҳайси миёнарав кор кард ва асосан бо хариду фурӯши саҳмияҳои корхонаҳои алюминиум машғул шуд. Ба навиштаҳои матбуоти Русия дар ҳамин давра буд, ки Дерипаска ба бародарон Чернийҳо мадад кард, то назоратро бар корхонаи алюминиуми Саён ба даст оранд. Барои ин хидматаш вай ба ҳайъати Шӯрои мудирони корхона ворид шуд ва дар соли 1994 назорати ин корхонаро пурра ба даст гирифт. Бархе аз расонаҳои Русия ба лаҳни кӯчагӣ навиштанд: "Дерипаска бародарон Чернийҳоро "кидат" кард." Ҳамчун раҳбари яккаи корхонаи Саён Дерипаска тавонист, вомҳои онро баргардонад ва даромади онро ба маротиб зиёд кунад ва дар ин маблағҳо чандин ширкату корхонаро бихарад. Тадриҷан моликияти ӯ ба даҳҳо ширкату корхона ва ё миллионҳо доллар баробар шуд. Дар соли 2000 Дерипаска раиси кумитаи миллии Палатаи тиҷорати хориҷии Русия интихоб шуд ва ҳамзамон раиси ширкати нави "Русский алюминий" таъин гашт. Дар ҳамин сол матбуоти Русия ӯро Беҳтарин мудири сол эълон намуд. Як сол баъд ӯ ширкати бузурги "Базовий элемент"-ро таъсис дод, ки шабакаи густардаи корхонаҳояшро, ки акнун ба ҳамаи риштаҳо дахл доштанд, идора ва такмил мекунад. Маҷаллаи "Forbes" дороии Дерипаскаро ба 1,5 миллиард доллар баробар медонад.
Бисёре аз расонаҳои Русия ӯро узви гурӯҳи соҳибкороне медонанд, ки бо "Оила" -- хонавода ва дӯстони президенти пешини Русия Борис Елтсин мешуморанд.
Дерипаска дар соли 2001 духтари собиқ раиси дастгоҳи президенти Русия Валентин Юмашевро ба занӣ гирифт ва як писар дорад.
XS
SM
MD
LG