Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Монреал: Барномаи коҳиши бухорҳои саноатӣ


Рӯзи чоршанбе дар шаҳри Монтреали Канада мансабдорони баландпояи ҳифзи муҳити зист аз 120 кишвари олам роҳҳои коҳиши бухорҳои саноатӣ баъди соли 2012-умро баҳс намуданд. Сарпарастии Конфронси Байналмилалии тағйири иқлимро СММ бар ӯҳда гирифтааст.
Аксари донишмандон ба ин ақидаанд, ки афзоиши бухорҳои саноатӣ яке аз сабабҳои гаршавии иқлими олам мебошад.
Бо ҳадафи коҳиши бухорҳои саноатӣ ё худ гази карбондиоксид кишварҳои саноатӣ дар соли 1997 протоколи Киоторо ба имзо расондаанд. Мӯҳлати иҷрои протоколи Киото дар соли 2012-ум хотима меёбад. Рӯзи чоршанбе дар паёме ба иштирокчиёни конфронс сарвазири Канада Пол Мартин гуфт, ҳар кишвар бояд ба барномаи дарозмуддати коҳиши бухорҳои саноатӣ садоқат нишон диҳад.
Сарвазири Канада кишварҳоеро, ки аз имзои протоколи Киото саркашӣ кардаанд, мавриди маломат қарор дод.
ИМА: кишвари масъули чоряки бухорҳои саноатии олам^ имзояшро аз протоколи Киото бозхондааст.
Конфронси байналсилалии тағйири иқлими олам рӯзи 28-уми ноябр оғоз ёфта, 9-уми декабр ба анҷом мерасад.
XS
SM
MD
LG