Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмад Зоҳир--султони қалбҳо


«Аҳмад Зоҳир--султони қалбҳо»- бо ҳамин унвон аввали ҳафтаи ҷорӣ нашриёти «Деваштич» китоби рӯзноманигор Султони Ҳамадро ба табъ расонд. Ин китоб аз 6 фасл иборат буда, дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Аҳмад Зоҳир-- сарояндаи шинохта ҳикоят мекунад. Султони Ҳамад--муаллифи китоб дар ин бора мегӯяд:


Дар Тоҷикистон соли 1992 як китоб нашр шуда буд, ки маҷмуъаи мақолот дар бораи Аҳмад Зоҳир буд ва китоби дигаре, ки дар Покистон нашр шудааст, 193 таронаи ӯро фарогир аст. Дар Афғонистон аслан чизе чоп накардаанд.

Дар китоб ғайр аз шарҳи ҳоли Аҳмади Зоҳир феҳристи комили сурудаҳои ӯ ва муаллифини ашъор ва оҳангҳои сароянда низ гирдоварӣ шудаанд:

Дар бораи теъдоди таронаҳои Аҳмад Зоҳир фикрҳои зидду нақиз зиёданд. Дар Афғонистон таронаҳои ӯро аз 200 то 800 адад тахмин мезананд. Аммо бино ба пажӯҳиши беш аз сесолаи ман шумораи таронаҳои Аҳмад Зоҳир аз 360 зиёд нест, ки мо 351 номгӯи онро гирдоварӣ кардаем. Ва муаллифони ғазалу шеъру таронаҳои Аҳмад Зоҳир ҳам дар ин китоб ҳастанд.

Аҳмади Зоҳир, ки 26 сол муқаддам кушта шуд, аз зумраи сарояндагони ангуштшумор аст, ки дар борааш рӯзноманигорону адибони тоҷик мақолаҳо ва шеърҳо навиштаанд. Дар Тоҷикистону Покистон се китоб роҷеъ ба эҷодиёти ин нобиғаи шарқ нашр шудааст. Аммо ба иттилоъи коршиносон, бори нахуст аст, ки як китоб бо маълумоти бештаре роҷеъ ба зиндагинома, фаъолияти эҷодӣ ва ҳаводорони ҳунари нотакрори Аҳмади Зоҳир чоп шудааст. Китоби «Аҳмад Зоҳир--султони қалбҳо» бо сифати баланд, ба теъдоди 1000 нусха дар Душанбе нашр шудааст.
XS
SM
MD
LG