Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майдон аз далер аст!


Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии миллӣ рӯзи сешанбе, 6 декабр дар шаҳри Душанбе бо ширкати беш аз дусад паҳлавон аз манотиқи мухталифи ин кишвар оғоз шуд.
Маҳмуди Абдуллоҳ-саркотиби ин мусобиқа ба радиои Озодӣ гуфт, гуштигирон мувофиқи вазнашон ду рӯз рақобат мекунанд.

Як хабар аз натоиҷи мусобиқаи анъанавии ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии дзюдо миёни наврасон барои дарёфти ҷоизаи хотираи Мутеулло Муллобоев-гуштигири маъруфи тоҷик. Ин мусобиқа низ дар толори мактаби маҳорати олии варзишии шаҳри Душанбе баргузор шуда, бо пирӯзии гуштигирони мактаб-интернати тамоюли варзишии пойтахти кишвар ва ноҳияи Рӯдакӣ ба анҷом расид. Дар рақобатҳои инфиродӣ мувофиқи вазни худ паҳлавонони наврас Файзалӣ Ҷебов, Дилшод Мӯъминов, Наҷибуллоҳ Ҷабборов, Абубакр Зоиров ва Абубакр Раҳмонов мақоми аввалро касб карданд.

Хабари дигар ин аст, ки аз 7 то 17 декабр дар Деҳлӣ-пойтахти Ҳиндустон- мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба шоҳмот миёни шатранҷбозони то чаҳордаҳсола баргузор мешавад. Дар ин бора Ёқуб Раҳимов-муовини аввали раиси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон ба радиои Озодӣ хабар дод. Вай гуфт, дастаи Тоҷикистон аз варзишгарони наврас-Шаҳноза Умарова, Икром Илҳомзода, Умедҷон Саидов (ҳарсе аз Душанбе) ва Амал Олимов (аз шаҳри Исфараи вилояти Суғд) иборат аст.
Ёқуб Раҳимов, ҳамчунин иттилоъ дод, ки Фаррух Амонатов- шатранҷбози машҳури тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон-- 2005 дар шаҳри Ханти -Мансийски Русия ширкат карда, байни 128 нафар дар мақоми 64-ум қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG