Дар 13 соли истиқлол муносибатҳои дӯстонаи миёни Тоҷикистону Чин густариш ёфт. Аз ҷумла, ҳамкориҳои ин ду кишвар дар заминаҳои сиёсиву иқтисодӣ, тиҷоративу низомӣ беш аз пеш ба назар мерасад. Ин нуктаро сафири нави ҷумҳурии мардумии Чин Ли Ҳуе Лай дар мулоқоти худ бо донишҷӯёни фаъоли мактабҳои олии кишвар, ки бо ташабусси намояндагони Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон дар толори Кохи Ваҳдат доир шуд, зикр кард. Ҳамчунин таъкид шуд, ки бо мақсади рушди ҳамкориҳои тарафайн сарварони ин кишварҳо беш аз 30 қарордоди ҳамкорӣ имзо кардаанд. Танҳо дар соли гузашта роҳи мошингарди Душанбе Чин ва ба истифода дода шуд ва парвозҳои мустақим миёни Душанбе Урумчӣ шуруъ шуд.
Ба андешаи ман, гузаргоҳи заминӣ ва ҳавоӣ дурнамои хубро барои рушди муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии ин ду кишвар боз кард. Аз ҷумла, соли гузашта мизони тиҷорати соҳибкорони Тоҷикистону Чин 69 миллион долларро ташкил дод. Аммо имсол танҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ маблағи даромади тарафайн ба 118 миллион доллар расид. Ҳоло шумори афзуни ширкатҳо ва маблағгузорони чинӣ ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд.
Ба гуфтаи Ли Ҳуе Лай, ҳоло дар Тоҷикистон 14 ширкати чинӣ фаъолият мекунад. Дар ин ширкатҳо 500 ҷавони маҳаллӣ бо кор таъмин шудаанд. Кишвари Чин дар самти омӯзиш ва парвариш низ бо Тоҷикистон ҳамкории худро хуб ба роҳ мондааст. Ҳамасола 15 нафар ҷавони тоҷик барои таҳсил ва забономӯзӣ ба мактабҳои олии Чин фиристода мешаванд. Дар ҳамин ҳол, ҷаноби Ли Ҳуе Лай изҳор дошт,ки онҳо ният доранд аз соли оянда шумораи ҷойҳоро барои таҳсил дар Чин афзоиш диҳанд.
Мо хеле хушнудем, ки ҷавонони тоҷик нисбат ба омӯзиши забон, фарҳанг ва таърихи Чин мароқи зиёд доранд. Бояд гуфт, айни ҳол дар Донишгоҳи Славянӣ беш аз 100 нафар донишҷӯ ва дар Донишкадаи забонҳо ҳудуди 150 нафар аз рӯи ихтисоси забони чинӣ таҳсил мекунанд. Фикр мекунам онҳо дар интихоби худ иштибоҳ накардаанд. Зеро Чину Тоҷикистон кишварҳои ҳамсояанд ва ҳамкориҳои мо дурнамои хуб дорад. Мутобиқан, барои рушди ҳамаҷонибаи ин муносибатҳо мо ба мутахассисони зиёди гуногунсоҳа ниёз дорем.
Як нафар донишҷӯйи Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон аз ҷаноби Ли Ҳуе Лай чунин суол кард:
Сафорати Чин барои тарбияи мутахасисон барои Тоҷикитсон ва таҳсили онҳо дар донишгоҳҳои Чин чӣ чораҳо андешидааст?
Ҷаноби сафир чунин посух дод:
Сафорати Чин омодааст, барои тарбияи мутахассисон ба Тоҷикистон ёрӣ кунад. То ҳол ҳукумати ин ду кишвар дар бораи тарбияи 300 мутахассис дар 2 соли оянда бастааст. Аллакай 70 нафар ба Пекин фиристода шудаанд ва мо барои онҳо барномаҳои махсус таҳия кардаем.
Дар поёни нишаст Ли Ҳуе Лай изҳори умед кард, ки теъдоди ҳарчи бештари ҷавонони тоҷик барои беҳтар ва жарфтар омӯхтани забон, фарҳанг ва таърихи Чин имкони ба ин кишвар сафар карданро пайдо бикунанд.