Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи рушди варзиш дар Тоҷикистон


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо судури як қарор Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ин кишварро барои солҳои 2006-2010 тасдиқ кард. Профессор Анвар Бобоҷонов, олими варзидаи соҳаи варзиш ва яке аз таҳиягарони ин барнома дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар барномаи мазкур вазъи соҳа тайи солҳои истиқлоли Тоҷикистон таҳқиқ гардида, самтҳои асосии рушди варзиш дар мамлакат муайян шудааст. Вай афзуд: « Ҳадафи ин барномаи муҳим рушду нумӯи минбаъдаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҷумҳурӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва бад-ин васила баланд бардоштани обрую нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Бо ин мақсад ташкили пойгоҳҳои зарурии таълимию машқӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ширкати бомуваффақияти варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ ва оммавӣ гардондани варзиш миёни табақаҳои гуногуни аҳолии ҷумҳурӣ дар назар аст. Бинобар ин барои татбиқи барномаи мазкур ба мақомоти роҳбарии Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар вазорату идораҳои марбута, аз ҷумла ба Вазорати маорифи кишвар супоришҳо дода шудааст. »
Ҷаноби Бобоҷонов дар идома иброз дошт, ки дар ин барнома ба тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи варзиш ва дар ин замина таъмини дастаҳои мунтахаби кишвар бо мураббиёни соҳибихтисос таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир шудааст. Ва аммо Анвар Бобоҷонов меафзояд, барои амалӣ гардидани барномаи мазкур, қабл аз ҳама, дар ҷумҳурӣ барои рушди соҳаи варзиш фароҳам овардани заминаҳои моддию техникӣ зарур аст. Ва ба андешаи ӯ рушди варзиш ва ширкати комгори варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти минтақавию ҷаҳонӣ ва Бозиҳои олимпӣ танҳо дар сурати сармоягузории кофии давлат ва соҳибкорон имконпазир мебошад.
XS
SM
MD
LG