Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сангтӯда кай ва ба кӣ нурпошӣ хоҳад кард?


Раиси кулли нирӯгоҳи барқӣ обии Сангтӯда гуфт, пас аз анҷоми бунёди нирӯгоҳи мазкур имкон дорад барқи тавлиднамударо ҷонибҳои саҳмгузор ба хориҷ аз Тоҷикистон бо арзиши мувофиқ ба талаботи худ содир кунад:

«Касе дар замони муосир миллионҳо долларро чун замони Шӯравӣ ба касе тақдим намекунад, ба хотири он ки гӯянд, ман бародари калонӣ хастам, ман нерӯмандам ва ман метавонам. Мо аз ин лоиҳа пеш аз ҳам манфиатҳои молиро интизорем. Ман саҳмгузорони ҳам ҷониби Русия ва ҳам ҷониби Тоҷикистонро дар назар дорам.»

Оқои Чернишенко гуфт, агар ҷониби Тоҷикистон эҳтиёҷоти худ ба нирӯи барқро дар дохил ҳал кардан хоҳад, тибқи саҳми гузоштаи худ дар ин лоиҳа метавонад ҳаққи худро дар дохили кишвар фурӯшад.

Ва аммо ҷониби Тоҷикистон аз ин лоиҳа инзироиҳои зиёд дорад. Ба гуфтаи Абдулло Ёров муовини вазири энержии Тоҷикистон пас аз анҷоми бунёди нирӯгоҳи мазкур эҳтиёҷоти энержии кишвар ҳудуди 1 миллиард киловатт соат коҳиш хоҳад ёфт:

«Ин нирӯгоҳ пас аз бунёд шудан иқтидори тавлиди 2,7 миллиард киловатт соат дар солро дорад ва ин эҳтиёҷоти кишвар дар фасли зимистонба баркро ки тақрибан ба 1 миллаирд киловатт соат баробар аст, метавонад хеле коҳиш диҳад. Ва ин талаботи сокинон ва иқтисоди кишвар ба нирӯи барқро то ҳадде ҳал хоҳад кард.»

Ин дар ҳолест, ки дар нишасти мазкур ширкаткунгандагон ва масъулини бунёди нирӯгоҳи Сангтӯда бештар дар мавриди манфиати бунёди он сӯҳбат карданд. Шодӣ Шабдолов, узви кумита оид ба масоили энержии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бунёди ин нерӯгоҳ пешоҳанги лоиҳаҳои бунёди дар соҳаи энержии кишвар хоҳад шуд.

Аммо оқои Шабдолов, дар мавриди он ки имкон дорад қисмати бештарин ва ҳатто кулли барқи тавлидотии нирӯгоҳи Сангтӯда ба хориҷи кишвар содир шавад некбин аст ва ӯ бовар дорад, ки қисмати аслии тавлидоти нирӯгоҳи барқӣ обии Сангтӯда 1 барои эҳтиёҷоти сокинони Тоҷикистон истифода хоҳад шуд.

Масъулони бунёди нирӯгоҳи барқӣ обии Сангтӯда -1 иттилоъ доданд, ки шурӯъ аз моҳи апрели соли ҷорӣ ҳудуди 10 дарсад корҳои бунёдӣ дар лоиҳаи мазкур анҷом шуда ва дар маҷмӯъ аз ибтидои сохтмон, яъне замони шӯравӣ 30 дарсади бунёди ин нирӯгоҳ анҷом гирифтааст. Тибқи лоиҳа бунёди нирӯгоҳи Сангтӯда 1- ро тасмим аст, то соли 2009 анҷом диҳанд, вале ба гуфтаи масъулон ҳануз ҳам баҳсҳо атрофи иқтидори ниҳоии лоиҳа миёни лоиҳакашон идома дорад ва ҷониби Русия талош бар он дорад, ки иқтидори тавлидотии нирӯгоҳи мазкур бештар бошад.
XS
SM
MD
LG