Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳ куҷост?


«Азия - Плюс» дар як матлабе яке аз монеъаҳои аслии рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар ришвахорӣ дидааст. Бо гузорише аз сафари коршиносони созмони рушд ва ҳамкориҳои иқтисодӣ ба Тоҷикистон навишта шудааст, дар як соли ахир кишвар дар роҳи мубориза зидди фасод комёбиҳое ба даст овардааст, вале бо ин вуҷуд, ҳукуматдорони Тоҷикистонро лозим аст, ки корҳои зиёди дигареро анҷом бидиҳанд, таъкид кардаанд коршиносон. Набуди шаффофӣ дар кори мақомот ва дастрасии маҳдуд ба иттилоот аз мушкилоти аслӣ унвон шудааст.

Абдурасул Холмуродов, раҳбари ниҳоди зидди фасоди додситонии кулл дар сӯҳбат бо «Азия - Плюс» гуфтааст, мушкили аслӣ дар тафаккури худи ҷомеа аст, ки ришваро танҳо илоҷи пешбурди кори худ медонад ва барои ҳимоя аз ҳуқуқи худ ангушт ба ҳам намезанад. Ҷаноби Холмуродов бо такя ба омор гуфтааст, соҳоти беҳдошт ва маориф аз фосидтарин дар кишвар мебошад.

«Ҷумҳурият» - нашрияи расмии Тоҷикистон як силсилаи наверо бо номи истиқлоли иқтисодӣ оғоз кардааст. Дар нашри аввали он коршиносон ва масъулони ниҳодҳои иқтисодӣ гуфтаанд, захоири энержӣ, манобеъи об, туризм ва пахта метавонанд, Тоҷикистонро аз бунбасти иқтисодӣ ба рӯшноӣ боло бибаранд.

Ҷӯрабек Нурмаҳмадов, вазири энержии кишвар дар сӯҳбати вижа бо ҳафтаномаи «Тоҷикистон» гуфтааст, ҳоло Тоҷикистон танҳо 5 % аз захоири обиву энержии худро истифода наменамояд ва ҳол он ки захоири барқии кишвар имкон медиҳад, ки дар сурати фаъолияти комил 4 % барқи дунёро истеҳсол намояд. Ҷаноби вазир дар мавриди тақсими саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун, ки 70 % аз Русия асту 30 % аз Тоҷикистон мақоли русиро мисол овардааст, ки касе пул медиҳад, мусиқиро ӯ мефармояд ва афзудааст, ки ба ҳар ҳол, нерӯгоҳ дар Тоҷикистон бунёд мешавад ва ҳеҷ гоҳ, Дерипаска онро бардошта намебарад.

«Миллат» дар матлабе ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон бо ҷаҳони исломро ба риштаи таҳлил кашида таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷи Форс, бо Туркияву Ирону Покистон ва Афғонистон ва бо Индонезиву Молойзиро василаи рушд ва манбаъи омӯзиши таҷриба номидааст. Муаллиф қаробатҳои ҷуғрофиву қавмӣ ва мазҳабиро бо ин кишварҳо аз авомили аслии густариши бештари равобити Тоҷикистон бо онон хондааст.
XS
SM
MD
LG