Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфт


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон барои ширкат дар сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё - 2006 оид ба футбол миёни бозигарони синни то 20-сола роҳ ёфт. Ин даста дувумин бозиашро бо тими мунтахаби ҷавонони Узбакистон, ки шоми якшанбеи 27 ноябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ба поён расид, бо натиҷаи мусовии сифр бар сифр анҷом дод.

Ба ин тартиб дастаи Тоҷикистон бо чаҳор имтиёз дар гурӯҳи «Е» мақоми аввалро касб кард ва нахустин бор соҳиби роҳхат ба сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё гардид. Дастаи Узбакистон низ чаҳор имтиёз ба даст овард, вале дар ҷои дуввум қарор гирифт, зеро таносӯби тӯбҳои тими мизбон хеле беҳтар аст.

Ёдовар мешавам, ки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар тими Покистон бо натиҷаи 8 бар 0 пирӯз шуд. Ва аммо дастаи Узбакистон тими Покистонро бо натиҷаи 3 бар 0 мағлуб кардааст. Тими Покистон бидуни имтиёз дар зинаи охирини ҷадвали гурӯҳи «Е» қарор гирифт. Дар ҳамон ҳол дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дувумин дастаест, ки пас аз тими мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ ба сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфтааст.

Дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2006 байни ҷавонони то 20-сола ҳамагӣ 39 дастаи мунтахаб дар 14 гурӯҳ рақобат мекунад. Дар айни ҳол бозиҳо дар 11 гурӯҳ сурат гирифтааст. Сабқати гурӯҳҳои D, G ва I дертар баргузор хоҳад шуд. Тибқи низомномаи мусобиқот, ғолиби ҳар як гурӯҳ ба давраи ниҳоии Ҷоми Осиё, ки соли оянда дар Ҳиндустон доир мешавад, роҳ меёбад. Тими Ҳиндустон ҳамчун мизбон бидуни рақобат дар бозиҳои интихобӣ дар давраи ниҳоӣ ширкат хоҳад кард. Ва соҳиби роҳхати охирин дар бозии интихобӣ миёни намояндагони манотиқи Осиёи Шарқӣ ва Уқёнусия муайян мешавад.
XS
SM
MD
LG