Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Забони мо чӣ ном дорад?


Ҳафтаномаи «Зиндагӣ» дар як матлаби бузург аз Бозор Собир, шоири шаҳири тоҷик дифоъ намуда ва ҳамзамон аз президент Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, ки барои бозгашти шоир ба Ватан иқдом намояд. Профессор Карим Абдулов, муаллифи ин матлаб навиштааст, бузургии заковати Бозор Собир дар он аст, ки дар замони Шӯравӣ серу пур буд, вале шеъре дар васфи Ленин ва коммунизм нагуфт ва акнун, танҳо шоирест, ки беғараз ба коммунизм ва доҳии коммунистон мадҳ мегӯяд. Сабаби тағйири ақидаи шоирро, муаллифи матлаб дар он мебинад, ки шоир зиндагии мардумро дар низомҳои сотсиалистиву капиталистӣ дид ва муқоиса намуд.

Дар як матлаби «Миллат» навишта шудааст, ки мувофиқи меъёрҳои забоншиносӣ ҳеҷ баҳонаи илмӣ барои ҷудо кардани забони тоҷикӣ аз форсӣ вуҷуд надорад ва ин як забон ҳасту сиёсатмадороне талошҳо доранд, ки забони форсиро пора сохта ва нақшашро коҳиш бидиҳанд. Дар матлаб интиқоди шадид аз мақоми қонунии забони русӣ дар Тоҷикистон шудааст, ки ҳоло русӣ дар ин кишвар мақоми забони муоширати байналмилалиро дорад ва ҳол он ки ин мақомро бояд забони форсӣ дошта бошад.

«Миллате, ки то кунун дар сари номи забонаш баҳс мекунад ва ба натиҷа нарасидааст, ки забонаш кадом аст, ормони ягонаи миллӣ надорад.» Ин иқтибос аз навиштаи дигари ҳафтаномаи «Миллат» аст, ки баҳси вуҷуд ё набуди ормони миллии тоҷиконро идома додааст. Дар матлаб навишта шудааст, ҷомеаи Тоҷикистон тафаккури воҳиди миллӣ надорад. Созандаи ин тафаккур забон аст ва дар Тоҷикистон, муаллиф лаби таассуф газидааст, ҳеҷ як шаҳрванд ниёзе барои донистани забони давлатӣ эҳсос намекунад.

Дар як акс аз ҳафтаномаи «Миллат» шиореро мебинем, ки навишта шудааст! «Ваҳдат дастовари бузург ва муқадаси милат». Дар ин ҷумла ду ҳарфи Д ва як Л афтидааст. Зери шиор ду кӯдаки соил ҳайрону музтар ва бар ҳар тараф нигарон...
XS
SM
MD
LG