Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши созмонҳои ғайридавлатӣ дар ҳалли мушкилоти ҷавонон


Ҳадафи аслии ин нишаст таҳкими ҳамкориҳои сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи беҳтарин намунаҳо аз таҷрибаи чунин ҳамкорӣ дар Лаҳистон будааст. Бо ин мақсад коршиносон аз Лаҳистон ҳам даъват шудаанд, ки ба намояндагони созмонҳои ҷамъияти Тоҷикистон аз таҷрибаи кишвари худ иттилоъ медиҳанд.

Аммо барои омӯзиши таҷрибаҳои ин кишвар ташабускорон аксаран иттиҳодияҳои махсуси кор бо ҷавононро ҷалб ва даъват намудаанд. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳудуди 1,5 ҳазор созмони ғайридавлати фаъолият мебарад ва бо назардошти он, ки ҳудуди 70 фисади аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, фаъолияти аксари ин ташкилот низ ба ҷавонон равона шудааст мегӯяд, Фарзона Тилавова ҳамоҳангсози барномавии иттиҳодияи миллии марказҳои дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Худи ин иттиҳодия ҳам дар ҳамкори бо кумитаи кор бо ҷавонон як барномаеро оид ба масоили ҷавонон роҳандозӣ намудааст: «Дар доираи барномаи дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ барномаи муштарак таҳия карда истодаем, мехоҳем, ҳамаи масъалаҳое, ки оид ба ватанпарастӣ, оид ба тарбияи дурусти ҷавонон равона шудааст, дида бароем.»

Раҷаб Раҳимов роҳбари иттиҳодияи ҷамъиятии "Хонаи Ҷавонон"- и шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, дар коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ пеш аз ҳама таваҷҷӯҳ ба ҷавонон ва боло бурдани дониши онҳо зарур аст:

«Ман пешниҳод дорам, ки дар ин конфронс бисёртар ба таълиму тарбия ва омӯзонидани ҷавонон пешниҳодҳо кунанд.»

Ҷаноби Раҳимов меафзояд, имрӯз дар Қурғонтеппа беш аз 18 ҳазор ҷавон ба сар мебаранд ва зиёда аз 100 наврасу ҷавон қариб ҳар рӯзи худро дар бозорҳо аз пайи дарёфти рӯзғор мегузаронанд, ки ин мушкили онҳоро аз таҳсил дур намудааст. Бинобар ин ҳадафи аслии иттиҳодияи ҷамъиятии хонаи ҷавонони Қурғонтеппа ҷалби ҷавонону наврасони куча ба маҳфилҳои ройгони омӯзишӣ будааст.

Бо Собир, намояндаи Маркази рушди ҷавонони шаҳри Панҷакент ҳам сӯҳбат доштам. Собир мегӯяд, имрӯз ҳудуди 70 фоизи ҷавонони ин шаҳр мардикорӣ рафтаанд ва боқӣ 30 фоизи дигар донишҷӯ ва ҷавонони бекоранд. Собир меафзояд, бо ширкат дар ин конфронс мехоҳад, аз таҷрибаи пешрафти ҳаёти ҷавонони Лаҳистон ҳарчӣ бештар огоҳ шуда дар фаъолияти минбаъдаи марказашон истифода барад:

«Мо мехостем, ки омӯзем, чӣ тавр ҷавонони Лаҳистон тараққӣ карда ва сатҳи зиндагии худро баланд бардоштаанд.»
XS
SM
MD
LG