Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хориҷиён дар Тоҷикистон


Номгӯи муҳимтарин созмонҳои байнулмилал дар Тоҷикистон:
UN organisations
·United Nations Children Fund (UNICEF)
·United Nations Development Fund for Women (UNIFEM)
·United Nations Development Programme (UNDP)
·United Nations Food and Agriculture Organisation (FAO)
·United Nations High Commissioner for Refugees (UNHCR)
·United Nations Office for Drugs and Crime (UNODC)
·United Nations Population Fund (UNFPA)
·United Nations Tajikistan Office of Peace-Building (UNTOP)
·United Nations World Food Programme (UNWFP)
·World Health Organization Office (WHO)
Donors
·Aga Khan Development Network (AKDN)
·Canadian International Development Agency (CIDA)
·Department For International Development (DFID)
·Eurasia Foundation
·European Commission
·European Commission Humanitarian Aid Office (ECHO)
·European Commission TACIS Programme
·German Technical Cooperation
·Japan International Cooperation Agency
·Open Society Institute - Assistance Foundation
·Swedish International Development Co-operation Agency
·Swiss Cooperation Office-Consular Agency (SCO)
·Turkish International Cooperation Agency (TICA)
·United States Agency for International Development (USAID)
International Financial Institutions
·Asian Development Bank (ADB)
·European Bank for Reconstruction and Development
·International Monetary Fund (IMF)
·Islamic Development Bank
·The World Bank Group
International Organisations
·Action Against Hunger UK
·Aga Khan Education Service (AKES)
·Aga Khan Foundation (AKF)
·Aga Khan Fund for Economic Development (AKFED)
·Aga Khan Health Service (AKHS)
·Aga Khan Humanities Project for Central Asia
·Agency for Technical Cooperation and Development (ACTED)
·American Council for International Education (ACIE/ACCELS)
·CARANA Corporation
·CARE Tajikistan
·CARITAS Switzerland
·Central Asian Development Agency
·Central Asian Mountain Partnership (CAMP)
·Cooperazione e Sviluppo (World aid from Italy)
·Counterpart Tajikistan
·Deutsche Welthungerhilfe/German Agro Action (DWHH/GAA)
·FOCUS Humanitarian Assistance
·German Agro Action Tajikistan
·German Technical Cooperation (GTZ)
·Global Partners (UK)
·International Committee of the Red Cross (ICRC)
·International Federation of Red Cross & Red Crescent Societies
·International Foundation for Election Systems (IFES)
·International Medical Corps (IMC)
·International Organization for Migration (IOM)
·International Research and Exchanges Board (IREX)
·Medecins Sans Frontieres - Holland (MSF)
·Mercy Corps
·MERLIN
·Mission East
·Norwegian Refugee Council
·Organization for Security and Co-operation in Europe (OSCE)
·Orphans, Refugees, and Aid (ORA)
·Oxfam Great Britain
·Pharmaciens Sans Frontieres Comite International (PSF CI)
·Pragma Corporation
·Save the Children Federation Inc. (USA)
·Save the Children Fund (UK)
·Shelter for Life International (SFL)
·Society in Tajikistan for Assistance and Research (STAR)
·University of Central Asia (UCA)

-----------------------------------------

Сардори раёсати сабтиноми ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои хориҷӣ дар вазорати адлияи Тоҷикистон, Сумангул Тағоева, мегӯяд, айни ҳол дар кишвар зиёда аз сад созмони байнулмилалӣ кор мекунад, ки як бахши онҳо ғайридавлатӣ ва ё муштарак мебошанд.
Барои ин кор дар ин ниҳодҳо шаҳрвандони кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба Тоҷикистон меоянд, муддате дар ин ҷо кору зиндагӣ мекунанд ва сипас ё ба ватаншон бармегарданд ва ё ба кишвари дигар мераванд.
Чун онҳо аз берун ва бо таҷрибаи беруна вориди кишвар мешаванд, метавонанд, чизҳоеро мушоҳида кунанд, ки барои мардуми кишвар беаҳамият ё камаҳамият бошанд.
Бархе аз онҳо мафтуни ин кишвар мешаванд ва ояндаи худро бо ояндаи ин мардум пайванд медиҳанд.
Монанди Игор Боск, ки дар Тоҷикистон издивоҷ кард ва ба фарзандони хеш номҳои тоҷикӣ гузошт.
Созмонҳои хориҷӣ ба як ҷузви зиндагии ҷомеъа дар Тоҷикистон табдил ёфтаанд. Созмони Милали Муттаҳид дар қатъи ҷанги Тоҷикистон ва дастёфт ба сулҳ хидмат кард, Банки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байнулмилалии пул дар ислоҳоти иқтисодӣ ва молиявӣ ва даҳҳо ниҳоди дигар имрӯз кӯшиш доранд, дар коҳиши фақр, эҳё ва рушди маъориф, беҳдошт, тафоҳум ва бунёди ҷомеаи озоду обод ба Тоҷикистон кӯмак кунанд.
Аз ширкаткунанда ва таърихнигори сулҳи Тоҷикистон, ноиби аввали вазири фарҳанг, профессор Иброҳими Усмон мепурсам, назараш ба фаъолияти созмонҳои байнулмилал дар кишвар чист? Вай назари мусбат медиҳад ва махсусан ба нақши СММ дар истиқрори сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон арҷ гузошта, ҳамчунин аз нақши чанд ниҳоди муҳим ёд мекунад. Аммо профессор Иброҳими Усмон як ҷиҳати манфиро дар фаъолияти бархе аз созмонҳои байнулмилал чунин шарҳ дод: "Ҳангоми эълони озмун ё тақсими грантҳо ба назар мерасад, манфиатҳои миллии Тоҷикистон танҳо як гӯшаи хурди манфиатҳои пулдиҳандаҳоро ташкил медиҳад ва грантгирандагон мегӯянд, онҳо наметавонанд, бо истифода аз маблағи ниҳодҳои хориҷӣ хости дили худро амалӣ намоянд."
Ва рӯзноманигори мустақил Мавлудаи Султонзода мегӯяд, ба фаъолияти ин созмонҳо назари манфӣ дорад, зеро аз дахолат ба корҳои муҳим меҳаросанд ва бо вуҷуди он ки дар садри онҳо афроди хориҷӣ қарор доранд, кормандони онҳо ба хешутаборбозӣ, маҳалгароӣ ва манфиатҷӯӣ машғуланд.
Маълум аст, ки кормандони созмонҳои байнулмилал дар сатҳҳои гуногун бо аҳолии кишвар сарикор мегиранд. Биноан ҳамкори мо Нилуфари Собир аз раҳгузарони оддӣ пурсид, ба ҳузур ва фаъолияти ин созмонҳо чӣ назар доранд ва оё боре бо намояндагони онҳо рӯбарӯ шудаанд? Аз 7 нафар танҳо 1 нафар назари манфӣ дод, бақия аз кори ин ниҳодҳо ва ҳамкории Тоҷикистон бо онҳо изҳори қаноатмандӣ карданд. Албатта, камукостӣ дар фаъолияти ин ё он созмону ниҳод ба манзараи умумӣ ва кори неки даҳҳо созмони дигар дар кишвар таъсири ҷиддӣ надорад ва замоне ки меҳру ростии ду ҷониб дар миёна асту шубҳаҳо дур, корҳои бузурге ба иҷро мерасанд, ҳам ба манфиати Тоҷикистон ва ҳам ба манфиати созмонҳои меҳмон.
XS
SM
MD
LG